Чаро катибаҳо ғалат навишта мешаванд?

№106 (3900) 30.08.2018

0-02-06-9971909b2d8e42df53d96f824632273a4d793c94a6613abbc1c3fd8b1c24e3a2_1bb81249Аз қадимулайём тавассути мақбара ва катибаҳо намунаҳои гуногуни санъату ҳунар ба ёдгор мондааст, ки аз фаҳму фаросат ва фарҳанги гузаштагон дарак медиҳад. Ин анъана то ба имрӯз идома дорад ва оромгоҳҳо ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ табдил ёфтаанд.

Оромгоҳи Лучоб ҳамчун мавзеи фарҳангӣ ва таърихӣ зиёратҷойи на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки меҳмонони хориҷ аз кишвар низ гардидааст. Хушбахтона, ин мавзеъ дар ҳифзи давлат қарор дорад ва пайкараву мақбараҳои он пайваста таъмиру тармим мешаванд. Дар он ҷо шоирону нависандагон, ҳунармандон ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳо нафари дигар манзили охират ёфтаанд. Сари қабри дафншудагон санг ва нимпайкараҳои  бо катибаҳо ороёфта гузошта шудааст. Мутаассифона, мушоҳида шуд, ки дар баъзе катиба ва навиштаҳои  оромгоҳ ғалатҳо ҷой доранд. Масалан, дар санги мазори Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев чунин ҳаккокӣ шудааст: «Хабибуллаев Зухур Нурджанович (санаи таваллуд ва вафот), Рассоми халқи Тоҷикистон». Дар баробари ба забони русӣ навиштани ному насаби марҳум, бояд унвонаш низ ба забони русӣ ё баръакс, ҳар ду ба забони тоҷикӣ ҳаккокӣ мешуд. Он гоҳ, шояд ба ҷойи «Рассоми халқии Тоҷикистон» иштибоҳан «Рассоми халқи Тоҷикистон» наменавиштанд.

0-02-06-04dc2eca5b2c1d4723bac83579fa41bed3ab460f03e60ab93cb6c2195fb003d4_af17f6f6Дар санги мазори режиссёри маъруф Хушназар Майбалиев навишта шудааст:

«Ту кассе ҳасти, к-андар ҳунару фазлу камол,

Як нафар чун ту дар ин дунё пайдо нашавад».

Тавре мушоҳида мегардад, ин ҷо низ хатоҳо роҳ ёфтаанд. Дар мисраи якуми байт калимаи «касе» – ро бо ду «с» ва калимаи «ҳасти»- ро бе ишораи заданок навиштаанд.

Дар санги мазори Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ маҳбубияти хоса дорад, чаҳор мисраъ ба шакли зер ҳаккокӣ шудааст:

«Агарчи  борҳо  афтодам  аз  ёру диёрам  дур,

Ба саёҳи маро карданд гарчи дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур. 

Турсунзода».

Диққат кунед, дар мисраи дуюми байти аввал дар як калима ду хато- ба ҷойи «сайёҳӣ»  «саёҳи» рафтааст.

Сардори Раёсати оромгоҳҳои пойтахт Раҳматулло Маҷидов гуфт, ки сангҳоро асосан фарзандон ё хешу ақрабои фавтидагон мегузоранд. Вазифаи раёсат танҳо барои гузоштани санг ё панҷара гирифтани атрофи гӯр иҷозат додан аст. Чӣ гуна будани санг ва матни катибаҳо ба ихтиёри касонест, ки онро мегузоранд.

Назоратчии оромгоҳи Лучоб Ҷамолиддин Сафаров мегӯяд, ки мақбараи Мирзо Турсунзода борҳо тармим шудааст, вале матни катиба ҳамон аст, ки аввал буд. Маълум мешавад, ки дурустӣ ё нодурустии матни катибаҳоро касе назорат намекунад.

Ҳол он ки гузоштани санги мазор ва ҳаккокӣ кардани катибаҳо дар онҳо танҳо ба хотири нишонаи мазори шахси фавтида набуда, вазифаи тарбияи маънавии зиёраткунандагонро низ адо мекунад. Бинобар ин, диққат додан ба мазмуну муҳтаво ва дурустии матни катибаҳо аз манфиат холӣ нест, зеро он нишондиҳандаи сатҳи фарҳангу маънавиёт низ ҳаст. Аз тарафи дигар, айб аст, ки меҳмонони аз хориҷи кишвар омада мутаваҷҷеҳ ба иштибоҳҳо шаванду моро ба беаҳамиятиву беэҳтиромӣ нисбат ба гузаштагон муттаҳам кунанд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»