Тасдиқи рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№106 (3900) 30.08.2018

logo2728 августи соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, тасдиқ карда шуд.

Он ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Бинобар ин, барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

www.president.tj