Ва миёни 37 кишваре, ки соҳиби медал гардиданд, дар мақоми 30-юм қарор гирифт
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни Бозиҳои ХVIII тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён гирифт, беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвар иштирок ва барои 465 маҷмӯи медал оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.
Дар натиҷа, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Мардумии Хитой аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ бо дарёфти 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввалро ишғол кард. Ҷопон бо 205 нишон (75, 56, 74) ва Кореяи Ҷанубӣ бо 177 медал (49, 58, 70) мақомҳои ифтихории баъдиро сазовор гардиданд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Индонезия бо 98 медал (31, 24, 43), Ӯзбекистон — 70 (21, 24, 25), Эрон — 62 (20, 20, 22), Тайпейи Чин – 67 (17, 19, 31), Ҳиндустон — 69 (15-24-30), Қазоқистон бо 76 медал (15-17-44) ва Кореяи Шимолӣ бо 37 медал (12-12-13) шомил шуданд.
Дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ 81 варзишгари мамлакат аз рӯи 16 намуд – бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, кураш, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, таэквондо (WTF), тирандозӣ, ушу, футбол, дзюдо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ маҳорат нишон дода, ба гирифтани чор медали нуқра ва се нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд. Медалҳои нуқраро Дилшод Назаров (гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр), Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш, вазни то 81 кило), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4:05.950), Умед Ҳасанбеков (самбо, вазни беш аз 100 кило), биринҷиро дутоашро Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо, вазни то 90 кило) ва Шакармамад Мирмамадов (дзюдо, вазни беш аз 100 кило) ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини варзишгарони мамлакат аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ дар Бозиҳои Осиё, ки аз соли 1994 ширкат меварзанд, ҷойи 23-юм зимни Бозиҳои ХIV Осиё дар Инчхон мебошад. Маҷмӯан, дар ин мусобиқаи бузургтарини қора дастаи мунтахаби кишвар 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) ба даст овардааст.
«Садои мардум»