Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт

№120 (3105) 27.09.2013

25 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносойӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ба истифода супоридани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави хобгоҳи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятимро бо буридани лентаи рамзӣ расман ба истифода супурд.

Бинои хобгоҳ барои 200 нафар пешбинӣ ва бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бунёд карда шудааст. Сарвари давлат зимни шиносойӣ ба шароити хобгоҳи мактаб -интернат баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоят дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 250 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки 145 нафари онҳо падар ё модар надоранд ва 6 нафарашон ятими кул мебошанд.

Президенти мамлакат ба сарпарасти ин мактаб – интернат дастуру ҳидоят дод, ки то моҳи ноябри соли равон ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимиро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба 6 нафар ятими кул дар бонк суратҳисоб кушоянд.

Сарвари давлат мураббиёну омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки бо тарбиятгирандагон мисли фарзанди хеш муносибат намуда, ба таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намоянд.

Президенти мамлакат ба масъулин дастур дод, ки роҳи маҳаллии шаҳраки Навободро мумфарш намоянд.

 

Шуъбаи корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт соҳиби бинои нав шуд

25 сентябри соли 2013 дар шаҳраки Навобод ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи корҳои дохилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор гирифт.

рашт

 

Бинои шуъбаи корҳои дохилӣ дуошёна буда, дорои утоқҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, толори хурди варзишӣ, ошхона ва утоқҳои махсус мебошад. Минбаъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шароити арзанда фаъолияти босамар хоҳанд намуд.

Сипас, Президенти мамлакат дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Навобод ҷойгир мебошад, бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардид. Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самимӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ҳидоят намуд.

Маврид ба таъкид аст, ки қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин карда шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар муддати як сол бо кӯмаку дастгирии Сарвари давлат бинои асосии қисми ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, хобгоҳу ошхонаи сарбозон ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур сохта, мавриди истифода қарор дода шуд

 

Маркази истеҳсолӣ-таълимӣ дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода

25 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳоти Боқӣ Раҳимзода ташриф оварда, бинои навбунёди маркази истеҳсолӣ – таълимӣ ва лагери истироҳатиро барои 180 нафар хонанда расман ифтитоҳ намуд.

Маркази истеҳсолӣ-таълимӣ дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода

Тавре аён гардид, ин муассисаи истеҳсолии таълимӣ барои дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолияташро ба роҳ монда, дорои 22 утоқи кориву омӯзишӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Хамчунин дар ин марказ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст. То имрӯз дар ин ҷо курси семоҳаи дӯзандагиро 90 нафар духтар хатм ва 100 нафар ҷавон забони англисиро аз худ намудаанд.

Барои бо усули замонавии оддӣ ва мутобиқу камхарҷ парвариш намудан ва омӯзонидани аҳолӣ бо ин технология дар ин маркази истеҳсолӣ – таълимӣ панҷ мурғхона ташкил карда шудааст, ки дар онҳо ду ҳазору 500 сар мурғ парвариш карда мешавад.

Ҳамчунин се ҳавзи моҳипарварӣ ташкил гардидааст, ки мутахассисон дар ин ҳавзҳо парвариши гулмоҳиро ба роҳ мондаанд..

 

Пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ба истифода додани бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия

25 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Рашт парда аз болои муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи он расман оғоз бахшид.

1292852_535915009812023_235500350_o (1)

Дар саҳни бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар атрофи он фаввораҳо низ бунёд гардидааст.

Бинои мақомот аз чор ошёна иборат буда, бо маблағи ҳафт миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои 75 утоқи корӣ ва ду толори маҷлисгоҳ мебошад.

Ба истифода додани иншооти мазкур имконият медиҳад, ки ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки қаблан дар биноҳо ба шакли иҷора нишаста, фаъолият мекарданд, бо утоқҳои кории дорои шароити мусоид ва замонавӣ таъмин гарданд.

Тамоми утоқҳои бинои нави мақомоти иҷроия бо лавозимоти зарурӣ ва техникаи компютерӣ ҷиҳозонида шудааст. Акнун кормандон дар шароити арзанда фаъолият хоҳанд намуд.

 

Филиали нави Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷпромбонк» дар маркази ноҳия

25 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷпромбонк» ба истифода дода шуд.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи як миллиону 162 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва дорои 22 утоқи корӣ мебошад. Бояд гуфт, ки филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷпромбонк» дар ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол низ ифтитоҳ ёфтаанд ва имрӯз фаъолияти босамар доранд.

Сарвари давлат бо шароити утоқҳои кории филиали бонки мазкур шинос гардида, таъкид намуд, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Масъулини бонк бо ҳидояти Президенти мамлакат уҳдадорӣ гирифтанд, ки се километр роҳи маҳаллиро пурра мумфарш намоянд.

 

Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва шиносойӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар деҳоти «Қалъанак»

25 сентябри соли 2013 дар деҳаи Белгии деҳоти «Қалъанак»-и ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва меҳнати дастии бошандагони ноҳия ширкат варзид.

1237293_535943439809180_1491937124_o

Дар ин намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон навъу намудҳои гуногуни неъматҳои моддӣ, аз ҷумла себу нок, олуву шафтолу, чормағз ва дигар анвои маҳсулоти маҳаллиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон, занбуриасалпарварон ва боғдорони ноҳия бобати васеъ намудани майдони кишти картошкаву боғҳои нав, истифодаи тухмиҳои хушсифат, эҳёи навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти маҳаллӣ, аз қабили себу нок дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат дар хоҷагии деҳқонии «Аҳмадовҳо», ки роҳбарии онро собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ба уҳда дорад, бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Аҳмадовҳо» дорои се гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда аз 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд.

 

Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Ҳоит»

Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи хушманзараи Ҳоит ташриф овард.

Пиру барно, сокинони деҳа ташрифи Сарвари давлатро бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Баъди вохӯрӣ бо сокинону меҳмонон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Ҳоит»-ро расман мавриди истифода қарор дод.

Зимни боздид аз иншооти мазкур Президенти мамлакат иброз намуд, ки тайи солҳои охир 121 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо, неругоҳҳои хурди барқи обӣ, роҳу кӯпрукҳо ва дигар иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд, ки сокинони ин минтақаи кӯҳистон аз он истифода бурда истодаанд.

Сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» соли гузашта оғоз гардида буд. Бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бинои мазкур як миллиону 970 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда, бинокорон давоми як сол корҳои сохтмону васлгариро бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Бояд зикр намуд, ки деҳаи Ҳоит бар асари заминларзаи соли 1949 пурра хароб гардида, бештари аҳолии ин минтақаи кӯҳистон ба водии Вахш муҳоҷир шуданд. Танҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва дастгириҳои Президенти мамлакат ин гӯшаи кӯҳистон аз нав эҳё гардид ва дар ин ҷо баробари сохтмони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ соҳаи кишоварзӣ низ рӯ ба пешравӣ дорад.

Ҳамчунин дар ҳудуди деҳоти «Ҳоит» кони ангишти «Назарайлоқ» фаъолият дорад, ки он метавонад дар пешрафти иқтисодиёт саҳми босазо гузорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сокинону меҳмонони деҳоти «Ҳоит» таъкид намуд, ки ноҳияи Рашт, махсусан ин деҳаи зебоманзар, дар саргаҳи об қарор дорад, бояд аз ин неъмати табиат самаранок истифода бурда, кишти зироатҳои кишоварзиро бештару беҳтар намоянд. Ҳамчунин иброз намуд: хоҷагиҳои алоҳидаеро метавон пайдо кард, ки имсол дар ноҳияи Рашт аз ҳар як гектар 61- тоннагӣ картошка истеҳсол намудаанд, ки ин нишондоди назаррас аст.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз бинои зершуъбаи милисаи ноҳияи Рашт дар деҳоти «Ҳоит» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бинои мазкур дар як ҷойи хушбоду ҳаво ҷойгир гардидааст ва ба кормандони соҳа таъкид намуданд, ки гирду атрофи биноро бо гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда оро дода, дар таъмини амнияти мардум хизмати шоиста кунанд.

 

Иштирок дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳия

Бегоҳии рӯзи 25 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ин ноҳия дидан кард.

Дар ин намоишгоҳ сокинони касбу кори гуногун намунаҳои ҳунарҳои кандакорию чӯбтарошӣ, табақтарошию кашидадӯзӣ, сабадбофию зардӯзӣ, оҳангарию кулолгариашонро ба намоиш гузошта буданд, ки ҳар кадом таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб менамуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар тӯйи хонадоршавии 28 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ ширкат варзида, ба оилаҳои навбунёд туҳфаҳои арзишманд тақдим кард. Ҳамзамон аснои баргузории ин маҳфили хурсандӣ тӯйи дастаҷамъонаи 110 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд, ки бошандагони деҳоти ҳамин ноҳия мебошанд, баргузор карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин кӯдакон низ дучархаҳо ва дигар туҳфаҳои қиматнок ҳадя кард. Ба 30 нафар ятиму бепарастор Сарвари давлат дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо 1100 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар ҳузури қариб ҳафт  ҳазор нафар сокини ноҳияи Рашт суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфт ва дастовардҳои ин марҳилаи таърихиро назаррас маънидод кард.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт дар баробари дигар манотиқи кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат тадриҷан инкишоф ёфта, сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.

Аз соли 1995 то ба имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳия беш аз 427 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 320,5 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки асосан барои сохтмони иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, пардохти маошу нафақа ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ хароҷот гардидааст.

Бо ин мақсад танҳо аз ҳисоби хазинаи Президенти мамлакат беш аз 16 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ субвенсия ё кумак ба буҷети ноҳия 93,4 миллион сомониро ташкил додааст».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ тамоми ҷанбаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, зикр намуд, ки «рӯзҳои наздик лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рашт- Навобод оғоз мегардад, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар давоми ду сол 18 километр роҳи Рашт –Навобод ва пули дарёи Сорбоғ таъмиру азнавсозӣ шуда, панҷ деҳоти ноҳия бо мақсади амалисозии чорабиниҳои вобаста ба солимгардонии модару кӯдак бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд».

Тазаккур дода шуд, ки тайи ду соли оянда бо ҷалби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби намояндагии бонкҳои ноҳия ва соҳибкорони саховатпеша дар маҷмуъ 45 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраку деҳот таҷдиду навсозӣ карда мешавад.

Дар охир барномаи мукаммали консертии аҳли ҳунар пешкаши ҳозирин карда шуд.

www.president.tj