Бузургтарину арзишмандтарин падидаи иҷтимоию маънавӣ, ҳидоят ба бедорӣ ва пиндори созанда аст, истиқлолият. Даъватест ба бунёди ояндаи дурахшон барои пасояндагон. Иди фархундаи он шарафу номуси миллат, рамзи саодат, пойдорию бақои давлат аст. Ин атои Эзид, самараи азму талошу муборизаҳои ҳазорсолаи ниёкон мебошад, ки пояҳои он бо муҳаббату садоқат ба ҳамдигар, ба Ватан-Модар, аз маърифату ҳунару ғайрату ҳиммат ба хотири пешрафт устувор гардидааст.
Ҳарчанд бархе аз андешаварон истиқлолиятро ҳадяи тасодуфӣ медонанд, аммо таърих гувоҳ аст, ки он ормони милливу орзуи наслҳо буд. Ниёкон чун дигар халқҳои куҳанбунёд бо ҷасорату матонат ҳамеша баҳри озодӣ талош варзидаанд. Аз таърих бароямон муқовимат бар зидди лашкари юнониён маълум аст. Ҳазорон ватанпараст бо сарварии Спитамен зидди Искандари Мақдунӣ размиданд. Баъди Искандар духтари Вахшуварт-Рухшона бо писари хурдсолаш Искандари 4 ашрофони бохтариро ба ҳам оварда, империяи Римро идора кард. Дертар дар олами эллинӣ ба арсаи сиёсат духтари диловари Спитамен – Алама омад, ки ҳамсари қайсари нави мақдуниҳо-Селевк буд. Набераи Спитамен-Антиоҳи 1 сарварии Осиёи Миёнаро бар дӯш дошт ва худро вориси Ориёншаҳр медонист. Тоҷикон якуним аср забону фарҳангро миёни римиҳою юнониён ҳифз карда тавонистанд. Римиҳову юнониён ба рӯҳи бешикасти озодипарастӣ тоб наоварда, бисёр дастовардҳои тамаддуни ориёиро пазируфтанд. Масалан, муаррихон мегӯянд, ки Искандар дар дарбор ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми форсро ҷорӣ кард…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд, ки: «фарзандони фидоиву баномуси мо дар ҳама давронҳо, бавежа, ҳангоми истилои муғулон, дар ҷое бо силоҳ, дар ҷое бо зиракию ҳусни тадбир, дар ҷое бо фаросату хиради воло, дар ҷое бо панду ҳидоят ва дар ҷое бо муросою мадоро барои истиқлолият ҷонбозиҳо кардаанд ва ин омилҳо бо ифтихори миллӣ, эҳсоси муқаддаси меҳандорӣ пайванде ногусастанӣ доранд. Ҳатто талоши сисолаи ҳакими бузург Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии истиқлолхоҳиву ватандӯстист, ки бо нигориши таърихи пурифтихори силсилаи шоҳони Пешдодӣ, Каёнӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ шукӯҳу шаҳомати фарҳанги ҷаҳонтасхири бостон ва оини давлатдории моро афзуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва истилогаронро бо тамаддуни куҳанбунёдамон ошно намуда, миллати моро аз парокандагӣ раҳонид».
Хидмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки Истиқлолияти бадастомадаро бо роҳи муттаҳид намудани мардум, нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат пойдор намуданд. Барои таҳкими бемайлони ин неъмати бузург шароити мусоид фароҳам оварда тавонистанд. Хизматҳои таърихиву беназири ин фарзонафарзанди миллат буд, ки Тоҷикистонро давлатҳои мутамаддини олам ҳамчун кишвари мустақили рӯ ба рушди демокративу ҳуқуқбунёд шинохтанду эътироф карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳамватанон муваззафанд бо тадбиру фаъолияти мушаххаси бунёдкорона Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшанд. Аз ин рӯ, мо — омӯзгорон вазифадорем, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия ва дар ниҳоди онҳо нисбат ба душманони миллат, ки боз мехоҳанд бо дасисаю иғвои хоҷагону сарпарастони хориҷӣ диёри ободу осудаи моро ноором созанд, нафрат бедор намоем ва зиракии сиёсии насли наврасу ҷавонро тақвият бахшем.
Бояд ҳар лаҳза шукрона аз Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ кунем, ки дар таҳкими онҳо Пешвои миллат хизмати бузурги таърихӣ анҷом доданд.
Бигзор рӯҳи бешикасти ниёкони муборизу озодипараст барои ҳар як ватандор дар ҳифзи истиқлолияти навини тоҷикон, ки муваззафем онро бо амалу меҳнати созанда ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан дар ҳама самти зиндагӣ беш аз пеш таҳким бахшем, мададгор бошад!
Убайдулло Раҳматов, Хуршед Бариев, устодони ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур