Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин неъмати давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз ба даст омад. Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз эҳдо намуд.
Дар паҳнои таърих миллати мо аз шебу фароз ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирро нигоҳ дошт. Ниёкон бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, чунин тамаддуни пешрафта, суннату оини дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонӣ буд, ки ниёкон ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ аз Зардушту Монӣ то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Синову Носири Хусрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаи илму адабу фарҳангро тарбия кардаанд.
Даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвар мебошад.
Сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳода, соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум моро водор намуданд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, зеро он ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатӣ маҳсуб мешуданд.
Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди баруманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардид ва пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани як қатор комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Душвортарин муаммо дар зарфи бисту ҳафт сол истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат пайваста бо он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаи хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, нахустин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби «Анзоб» буд. Сарвари давлат ибтидои дигар бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсия ва даричаи наҷотро дар он дарёфта буданд. Бартар дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ҳама самт вусъати тоза пайдо кард. Дар доираи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» даҳҳо неругоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шуд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба охир расид. Хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор — Хатлон, Лолазор — Сангтӯда 1-2 мавриди истифода қарор гирифтанд. Хусусан, ба кор даромадани хати 500 — киловолтаи Ҷануб – Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардум, балки тамоми инсоният, мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад, зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист. Бояд аз ин биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани миллату давлат кӯшишу ғайрат намоем. Поянда бод Истиқлолияти давлатӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Бахтовар САИДМУРОДЗОДА, муовини прокурори ҳарбии Гарнизони Рашт