Беҳтарин неъмате, ки инсониятро барои расидан ба ҳадафҳои арзишманд раҳнамун сохта, ҷавҳари ҳастии ӯро рушду такомул бахшида, дар шинохти воқеӣ пирӯз мегардонад, истиқлолият аст. Маҳз бо ҳамин сабаб миллатҳо дар тӯли таърих доимо талош мекарданд, ки ба ин неъмати бебаҳо ноил гашта, тақдири минбаъдаи давлатдориро мустақилона муайян намоянд.
Истиқлолияти давлатӣ нишонаи худшиносии мардум, таконбахши рушди имрӯзу ояндаи пурсаодати кишвар мебошад, ки имконияти рушди минбаъдаро муҳайё намудааст. Бо истифода аз ин имконияти таърихӣ заҳматкашони вилояти Хатлон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ заҳматкашони Хатлонро ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ раҳнамун сохтааст. Айни замон дар вилоят беш аз 3 миллион нафар аҳолӣ рӯзгори ободу осуда дошта аз самараи шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманданд.
Киштзорони сабзу хуррам, боғу роғҳо, шаҳру ноҳияҳои гулбасар, маҳаллаҳои аҳолинишини хуштарҳу зебо, корхонаҳои истеҳсолӣ, заводу фабрикаҳо, иморатҳои зебои замонавӣ ва ғайра самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ мебошанд.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, ба одамони азияткашида, гурезаҳо, фирориёни макони зисти доимиро тарккарда нигариста мегуфтем: «Ба ҳар кӣ бингарем, олудаи дард аст». Имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонони зиндадилро, ки бо чеҳраи хандон ба кору дабистонҳо мешитобанд, дида, кас шод мешавад. Хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат дар ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон пеши рӯ меоянд. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон ва давлатдориву арҷгузориашон ба Истиқлолияти давлатӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён гаштааст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ дар ҳолати камолоту рушд қарор дорад. Эҳсоси ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ водор месозад, ки ба қадри он бирасем. Зеро соҳибихтиёрӣ ифтихори ҳар фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад. Дарки худшиносии миллӣ ҷойгоҳи ҳар фарди худогоҳро дар ҷомеа муайян карда, мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.
Рушду такомул дар ҳама соҳа, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва ғайра мушоҳида мешавад. Шинохти Тоҷикистон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ, боло рафтани нуфузи давлат дар сатҳи байналмилалӣ, таъсири он ба муносибатҳои байнидавлатӣ бозгӯйи фатҳи зинаҳои камолотанд.
Соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят низ дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду нумӯъ карданд.
Ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ заҳматкашони вилоят, аз ҷумла соҳибкоронро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуданд. Бунёди даҳҳо корхонаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳо имкон фароҳам оварданд, ки шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гарданду некуаҳволии ҷомеа сол аз сол беҳтар шавад, музди миёнаи меҳнат дар ҳама соҳа баланд гардад.
Истиқлолият барои кишоварзон низ мустақилиятро таъмин намуд. Имрӯз бо иқдоми неки Роҳбари давлат замин пурра ба ихтиёри деҳқон супорида шудааст.
Деҳқонон маҳсулоти истеҳсолнамударо на танҳо ба бозори дохилӣ мебароранд, балки ба берун аз кишвар низ содирот мекунанд. Ба ин раванд кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳи оҳани Амузанг – Хатлон таъсири мусбат расонид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф низ навгонии зиёд ба амал омад. Теъдоди муассисаҳои таълимӣ ба 1338 адад расид. Фаъолияти 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ташаккули фазои фарҳангӣ ва илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Вазъи маишии кормандони соҳаи тиб беш аз пеш беҳтар шуда истодааст. Табибон дар 1572 муассисаи тиббӣ бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ ва шароити мусоиди корӣ таъмин мебошанд.
Соҳибистиқлолӣ рӯҳияи худшиносии ҷомеаро боло бурда, ба афкори омма таъсири мусбат бахшидааст. Ба илова, Хатлон сарзамини созандагон, бунёдкорон, мардони фидоӣ аст, ки ҳанӯз солҳои сиюми садаи гузашта сокинонаш диёрро бо ҷасорату диловарӣ, шуҷоату мардонагӣ, корнамоиҳои пай дар пай ободу зебо карда, аз як мавзеи нообод ба водии зархез табдил додаанд. Анъанаи пуршарафи нахустфотеҳони водии Вахш — «Вахшстрой»-чиёни номдорро имрӯзиён идома дода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Мақсади ҳама ободкорӣ, фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнат, бошарафона иҷро намудани дурнамо дар тамоми соҳа ва ба ин васила беҳтар намудани дараҷаи зиндагӣ ва саҳмгузории бевосита дар рушди устувори кишвар мебошад.
Истиқлолият барои мардум туҳфаи муқаддас, арзанда ва сазовори тақдир буда, ҳар як ҷавонмарди ватандорро барои дастовардҳои беҳтарин ва шарафмандонаи меҳнатӣ даъват мекунад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ имкон фароҳам меорад, ки Хатлон дар ояндаи наздик боз ҳам рушду нумӯ кунад ва дар ҳама соҳа пешрафта гардад.
Хатлон манбаи тавлиди нур дар кишвар аст. Бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ, аз қабили НБО-ҳои «Норак», «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Бойғозӣ» дар он бунёд ёфтаанд, ки имрӯз фаъолияти пурсамар доранд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои нотакрор, обҳои нуқрафом, чашмаҳои ҷӯшон, олами набототу вуҳуш имконияти воқеии ба минтақаи пешрафтаи туризм табдил додани вилоятро таъмин намудаанд. Рушди соҳаҳои мазкур имкон медиҳад, ки боз садҳо ҷойи нави корӣ ва иншооти хизматрасонӣ таъсис ёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ барҳақ фармудаанд: «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Дар ин роҳ ба ҳама ворисони сарзамину Ватани маҳбуб, ки номи муқаддасаш Тоҷикистон мебошад, зарур аст, ки рисолати худро содиқона иҷро намоем.