Мо барои рушду таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегӣ дар доираи СААД ҳамеша ба таври ҷиддӣ кӯшиш менамудем ва кӯшиш менамоем

№120 (3105) 27.09.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кушодаи иҷлосияи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД

23 сентябри соли 2013, Федератсияи Россия

Одкб2

Ҳамтоёни муҳтарам!

Аъзои муҳтарами ҳайатҳо!

Боиси сарфарозист, ки ба мизбонони меҳмоннавозамон ва ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин барои фароҳам овардани шароити беҳтарин ҷиҳати гузаронидани мулоқотамон изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мулоқоти имрӯзаи мо, бо дарназардошти манфиати умумиамон дар амри бо истифода аз неруи СААД мустаҳкам намудани қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон барои мубодилаи афкор аз рӯйи тамоми маҷмуи масоили бароямон ҷолиб имконияти хубу саривақтиро фароҳам меорад.

Тавре ки шумо медонед, мо барои рушду таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегӣ дар доираи СААД ҳамеша ба таври ҷиддӣ кӯшиш менамудем ва кӯшиш менамоем.

Чанде пеш ба кишвари мо омадани гурӯҳи коршиносони СААД имкон дод, ки масъалаи муҳими расонидани кӯмаки ҳарбию техникӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳифзи қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон ва ба сатҳи фаъолияти амалӣ гузаронидани он баррасӣ намоем.

Намояндагони СААД тайи моҳи августи соли ҷорӣ, ҳини дар кишвари мо буданашон, имконият пайдо намуданд, ки бо фаъолияти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу татбиқи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мустақиман шинос шаванд. Ба гурӯҳи СААД имкон дода шуд, ки аз баъзе қитъаҳои сарҳад дидор намуда, бо вазъи ҳифзу ҷиҳозонидани сарҳадбонони Тоҷикистон шинос шаванд ва ба фикри мо, мушорикони созмонамон ин вазъиятро ба таври муайян арзёбӣ намуда, хулосаю пешниҳодҳо ироа кардаанд.

Ҳамтоёни муҳтарам!

Имрӯз аҳамияти таҳким бахшидани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки дар ҳошияи аз қаламрави Афғонистон баровардани қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ ба маротиб меафзояд, комилан равшан аст. Раванди ҷараёни вазъияти ин кишвари ҳамсояи мо баъди соли 2014 шаклҳои бисёрҷониба дорад, бинобар ин, мо бояд ба ҳамаи онҳо омода бошем.

Воқеияти имрӯзаи минтақа на фақат масъалаи бо намудҳои муосири аслиҳаю техника аз нав таҷҳизонидани артиши мо, балки масъалаи ҳамкории фаъолу судманд дар доираи СААД ба манзури зуд ва таври ҷиддӣ таҳким бахшидани ҳифзи моддию техникии қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳадро низ бароямон басо муҳим мегардонад.

Ба шумо маълум аст, ки вазъияти фаврии ин қитъаи сарҳад чун пештара мураккаб аст. Бар хилофи қонун ба қаламрави Тоҷикистон гузаронидани гурӯҳҳои террористӣ ва маводи нашъаовар мунтазам кӯшиш карда мешавад.

Дар ин шароит Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти дахлдори он бояд дар ояндаи наздиктарин барои таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як силсила вазифаҳои тағйирнопазирро ҳал намояд.

Сохтмони биноҳои нави бунгоҳу комендатураҳои сарҳадӣ, аз нав барқарор намудани воситаҳои мавҷудаи хабардиҳӣ, таъмини қӯшунҳо бо воситаҳои посбонии ҳавойӣ, мушоҳида ва бунгоҳҳои радиолокатсионӣ аз ҷумлаи ҳамин вазифаҳоянд.

Табиист, ки мо барои ҳалли ин мушкилот фаъолона чора мебинем. Вақтҳои охир беш аз чил иншооти нави инфрасохтори сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода, 90 иншоот таъмири асосӣ шудааст. Қӯшунҳо бо техникаи иловагӣ ва лавозимоти гуногун ҷиҳозонида мешаванд. Вале масоҳати калони сарҳади мо, ки 60 фоизи собиқ сарҳади Иттиҳоди Шӯравию Афғонистонро ташкил медиҳад, саъю кӯшиш ва маблағҳои боз ҳам зиёдтарро талаб мекунад.

Мо маҳз дар ҳамин кор ба кӯмаки дӯстонамон ва, пеш аз ҳама, ба мадади моддию техникии СААД умед мебандем.

Мехоҳам ба ҳамтоёнамон барои муҳокимаи муфассали масоили марбут ба таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҷаласаи пӯшида изҳори миннатдорӣ намуда, умедвор бошам, ки он оғози ҳамкории воқеию зичи кишварҳоямон ҷиҳати муқовимат ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, намунаи ҳамкории иттиҳодамон дар самтҳои асосӣ мегардад.

www.president.tj