Номаҳои шодбошӣ

№111 (3905) 13.09.2018

Дар арафаи фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд. Миёни кишварҳоямон муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мутмаинам, ки мо дар оянда низ иттифоқӣ ва шарикии стратегии миёни Россияву Тоҷикистонро ба манфиати халқҳоямон ва ба хотири суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшем.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таҳти дил саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон-сулҳу некуаҳволӣ таманно дорам».

 Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва инчунин, мардуми дӯсти тоҷик, ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро изҳор намоям.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро муваффақона интихоб намуд, ки ин мутобиқ ба махсусиятҳои миллии кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некуаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз, ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, ба назар мерасад. Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин самимона хушҳол аст.

Дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Хитой баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронида, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем. Ман ба рушди муносиботи Хитою Тоҷикистон аҳамияти калон дода, мехоҳам кӯшишҳои муттасили муштаракамонро якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани комёбиҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати давлатҳо ва мардумонамон равона намоям.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву қудрат ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ таманно дорам».

 Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп дар номаи табрикотиаш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият, ки чун 27 — умин солгарди озодию соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷлил мегардад, табрик менамоям.

Тӯли ин муддат, Иёлоти Муттаҳида дар паҳлуи Тоҷикистон ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният қарор дошт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ уҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад.

Дар ин рӯзи барои мардуми Тоҷикистон муборак мо барои солҳои сипаришудаи шарикиамон ба Шумо изҳори сипос менамоем. Аз номи мардуми Амрико орзуҳои самимиро ҷиҳати идомаи ҳамкориамон ба хотири Тоҷикистони босубот, гулгулшукуфон ва демократӣ иброз менамоям».

 Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ман ва тамоми мардуми сермиллати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷашни миллии кишваратон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед!

Мо дар Ӯзбекистон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон — ҳамсояи наздиктаринамон дар ҳама соҳаҳо, ки бо шарофати сиёсати дурбинона, ҳикмати давлатдорӣ, меҳнати фидокорона ва маҳорати одамонро муттаҳид намудани Шумо имконпазир гаштаанд, самимона хушҳолем.

Таҳти роҳбарии Шумо дар фазои сулҳу осоишта рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.

Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва ҳамкории зичи миёни давлатҳо ва мардумонамон махсус зикр намоям.

Вохӯриҳои мунтазам, эътимоднок ва ташрифҳои мутақобилаи таърихиамон дар сатҳи олӣ, ки соли равон анҷом дода шуданд, инчунин сафари давлатии аввалини Шумо ба кишвари мо моҳи гузашта муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд.

Тавофуқҳои бадастомада ва санадҳои рамзии баимзорасида ба тавсеаи ҷиддии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва санъат, робитаҳои байниминтақавӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидаанд. Онҳо, бешубҳа, барои рушди дарозмуддати ҳамгироии созанда ва пурсамар аҳамияти бузург доранд.

Консертҳои бошукӯҳи ходимони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин табодули фаъолонаи гуманитарӣ бори дигар умумияти таърихӣ ва фарҳангии моро баръало тасдиқ намуданд.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо дар Ӯзбекистон қатъиян ҳавасманди тақвияти минбаъдаи муколамаи ошкоро ва боэътимод буда, омодаем ҳамаи имконотро барои ҳамкории фарохтар истифода барем.

Дӯстӣ миёни мардуми ӯзбек ва тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо побарҷост ва имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ба насли оянда намуна гардидани муносибатҳои ҳақиқии дӯстонаамон тамоми имконотро истифода намоем.

Мутмаинам, ки мо бо талошҳои муштарак татбиқи самарабахши иқтидорҳои шарикии стратегиро ба манфиати кишварҳо, мардумони бародарамон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин хоҳем намуд.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Раҳмони арҷманд, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

 Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, ки ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, аз номи мардум ва Хукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимонатарин табрикот ва таманниёти холисонаи худро изҳор намуда, ба Ҳукумат ва мардуми дӯст пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам.

Салому паёмҳои гарми моро Ҷаноби Олӣ бипазиред».

 Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳтаргардонии некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид. Дар робита ба ин, мехоҳам ба кишвари Шумо рушди устувор ва расидан ба ҳадафҳои баландро таҳти роҳбарии Шумо таманно намоям.

Мутмаинам, ки муносибатҳои бар дӯстии анъанавӣ ва ҳамраъй­ии Қазоқистону Тоҷикистон асосёфта минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, саломативу неруи бардавом ва муваффақиятҳои бузург дар фаъолияти пурмасъулатон, инчунин ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Мехоҳам аз номи худ ва мардуми Франсия Шумо ва мардуми тоҷикро ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саодат ва шукуфоӣ таманно намоям.

Умед дорам, ки муносибатҳои неки сиёсии миёни кишварҳоямон беш аз пеш таҳким меёбанд. Машваратҳои сиёсии дуҷонибаи дувум, ки миёни вазоратҳои корҳои хориҷиамон моҳи ноябри соли 2017 баргузор шуданд, дастоварде гардиданд ва мехоҳам, ки мо ин раванди некро идома диҳем. Ҳамчунин, ба татбиқи дурнамои умедбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон итминон дорам.

Иҷозат фармоед, бори дигар ба пайвандони қурбониёни ҳамлаи террористии 29 июл изҳори тасаллият намуда, таманно кунам, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот минбаъд низ рушд намояд.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

 Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб – Халифа бин Зойид Оли Наҳён, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

 «Боиси сарфарозӣ ва хушнудии ман аст, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти тоҷик аз самими қалб табрик мегӯям. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш менамоям, ки ба мардуми Тоҷикистон бирасонанд, ки дар ин рӯзи хурсандӣ мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб бо онҳо шарик мебошанд.

Ба Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, комёбиҳои доимӣ ва ба мардуми дӯсти тоҷик некуӣ ва хушрӯзиро орзу менамоям.

Табрикоти самимӣ ва миннатдории маро бипазиред».

 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шумо ва мардуми тоҷикро бо Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.

Бо қаноатмандӣ раванди мусбати таҳкими дӯстӣ ва шарикии бисёрҷонибаи кишварҳоямонро зикр менамоям.

Мутмаинам, ки мо бо нигоҳ доштани ҳадафмандии густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ метавонем иқтидори муносибатҳои дуҷонибаро пурра татбиқ намоем.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодат ва дар маснади олӣ муваффақиятҳои нав, инчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистони бародар сулҳ, субот ва шукуфоӣ таманно дорам».

 Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк — Валтер Штайнмайер дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик аз номи худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.

Соли гузашта мо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Германия ва Тоҷикистонро таҷлил намудем. Германия аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки соли 1993 сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Хушҳолам, аз он замон то ба имрӯз муяссар гардид, ки муносиботи Германия ва Тоҷикистонро тақвият бахшем.

Мушовараи сиёсии чанде қабл дар Берлин доиршуда ва сафари Гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба равобит бо Осиёи Марказии Бундестаги Германия ба Душанбе соли гузашта ба ҳамкории мо такони нав бахшиданд. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии Ҷумҳурии Федералии Германия дар таҳкими сохторҳои демократӣ, иқтисоди бозорӣ ва давлати ҳуқуқбунёд эътимод дошта бошад.

Ба муносибати ҷашни миллӣ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон тамоми хушиҳо, сулҳ ва некуаҳволиро таманно дорам».

Рам Натҳ Ковинд — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби муҳтарам!

Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҷумҳурии Ҳиндустон ва аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба муносибати Рӯзи истиқлолият табрику таҳният мегӯям.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон бо таърих, забон, анъана, санъат ва фарҳанги муштарак бо якдигар пайванданд. Ин робитаҳо тӯли солҳо муносибатҳои наздик ва дӯстонаро густариш дода, моро ба шарикии стратегӣ оварда расониданд. Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар минбаъд низ густариш ва таҳким хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин, хоҳиш дорам, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар кунам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тамоми хушиҳо ва саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно менамоям.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».

 Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ собиткорона пеш меравад. Нуфузи байналмилалӣ ва нақши кишвари Шумо дар масоили минтақавӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Робитаҳои Озарбойҷону Тоҷикистон анъанаи бой доранд. Сафари расмии Шумо ба Озарбойҷон моҳи гузашта далели ин анъанаҳост. Мутмаинам, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандамон минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатии бардавом, дар коратон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва некуаҳволӣ таманно дорам».

 Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Полша ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот ва таманниёти самимиро изҳор медорам.

Полша ба амалҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои ҳамкорӣ ба манфиати рушди давлат иброз медорад.

Ба Ҷаноби Президент ва ҳамаи шаҳрвандон некуаҳволӣ ва дар кори бунёди давлати муосир комёбиҳо таманно дорам».

 Дар табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Ман самимона бовар дорам, ки муносибатҳои зичи дӯстона ва ҳамкорӣ, ки дар самтҳои гуногун миёни давлатҳои мо ба роҳ монда шудаанд, минбаъд дар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар, ки ба оянда нигаронида шудаанд, боз ҳам тақвият меёбанд. Умед дорам, ки ин ба баланд шудани некуаҳволӣ ва хушбахтии шаҳрвандони ду кишвар, инчунин таҳкими якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ миёни мардумонамон мусоидат менамояд.

Ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии бепоён таманно дорам».

 Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов чунин зикр шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи Ҳукумати Туркманистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва таманниёти некро ирсол медорам.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, боло бурдани некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Мутмаинам, муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва боварӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумони мо рушду таҳким меёбанд.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некуӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

 Сооронбой Жээнбеков — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо ҷашни миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрик менамоям.

Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дӯстона ва эътимодомезро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад ва мутмаин бар он аст, ки ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати таҳкими муносибот миёни халқҳои бародари Қирғизистону Тоҷикистон рушд хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳо дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

 Дар табрикоти Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.

Итминони комил дорам, ки равобити дӯстона ва бародаронаи байни ду миллат, ки пайванди куҳани таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, дар марҳилаи оянда бо ташаббуси муштарак боз ҳам густаришу таҳким хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».

 Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар барқияаш навиштааст:

«Иҷозат фармоед дар Рӯзи ҷашни миллӣ аз номи худ ва мардуми Ҷумҳурии Италия самимитарин таманниётро ирсол дорам.

Умед бар он дорам, ки риштаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки Душанбе ва Римро бо ҳам мепайванданд, минбаъд низ тақвият ёфта, ба мамлакатҳои мо имкониятҳои навро барои рушд ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меоранд.

Дар ин рӯҳия, барои суханони самимии дастгирона дар робита ба харобшавии пул дар Генуя бори дигар изҳори сипос намуда, ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

 Дар барқияи табрикии Президенти Покистон Ориф Алвӣ омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо аз номи худ ва аз номи мардум, ҳамчунин Ҳукумати Покистон табрикоти гарму бениҳоят самимонаро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мерасонам.

Муносибатҳо байни Покистон ва Тоҷикистон бо таърихи муштарак ва мероси умумӣ алоқаманд гардидааст. Боиси қаноатмандии бузург аст, ки дар давоми бисту ҳафт соли охир робитаҳои Покистону Тоҷикистон майл ба афзоиш доранд.

Ман барои ҳамкорӣ бо Ҷаноби Олӣ ба хотири рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаамон умеди бузург дорам.

Бо истифода аз ин фурсат, таманниёти беҳтарини худро барои умри дароз, тандурустӣ ва хушнудии Шумо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рушду рифоҳи ҳамешагиро иброз менамоям.

Ҷаноби Олӣ, таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми маро бипазиред».

 Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикот ва таманниёти худро иброз намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештарро зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо таманно менамоям.

Бо дарназардошти муносибатҳои бародарона ва мутақобилан судманд миёни мардумони ду кишвар, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, омодагии амиқи хешро барои идомаи муносибот баҳри густариши бештари ҳамкорӣ, ки бар нафъи ҳар ду кишвари дӯст хоҳад буд, иброз медорам».

 Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон нигоштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед аз номи давлат ва мардуми Ветнам Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ менамояд ва бо хушнудӣ мушоҳида карда истодааст, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо чӣ тавр дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Ветнам ба рушди муносиботи анъанавӣ ва дӯстона бо Тоҷикистон ҳамеша аҳамияти калон медиҳад ва умед дорад, ки ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкорӣ ба манфиати мардуми ду кишвар, барои сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва тамоми сайёра кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳанд».

 Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Шарафмандам, ки аз номи Шӯрои Федералии Швейтсария ва шахсан аз номи худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, самимитарин таб­рикотро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям. Ман, ҳамчунин, ба кишвари Шумо сидқан некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Шумо метавонед аз таваҷҷуҳи Швейтсария ба таҳкими эътимоди тарафайн ва дӯстӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин бошед. Мо хоҳони густариши робитаҳоямон дар солҳои оянда ҳастем.

Ҷаноби Олӣ, лутфан ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хоҳишмандам табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо омодагӣ ва хоҳиши ҷониби Булғорияро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳоямон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор медорам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.

Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Президент, эҳтиромоти бағояти маро нисбат ба Шумо бипазиред».

 Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ чунин зикр менамояд:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред!

Мутмаинам, ки ҷоннокгардии муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ, татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ба дурнамои дарозмуддат равонагардида ба сатҳи баланди шарикӣ баровардани муносибатҳои Арманистону Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ин, бешубҳа, ба манфиати мардумонамон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷуҳи самимӣ пайванданд, мебошад.

Ба муколамаи созандаи Арманистону Тоҷикистон дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, умед дорам.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

 Генерал-губернатори Канада Ҷули Пейетт дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ман аз номи ҳамаи канадагиҳо Шумо ва мардуми Тоҷикис­тонро ба муносибати Рӯзи истиқлолият табрику таҳният мегӯям.

Тайи зиёда аз 26 соли муносибатҳои дипломатӣ Канада ва Тоҷикистон дар доираи форумҳои мухталиф, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории бомуваффақияти бисёрҷониба доранд. Миёни кишварҳои мо ҳамёрии зич дар соҳаҳои рушд ва амният ба роҳ монда шудааст ва ҷониби Канада талошҳои байналмилаливу минтақавии Тоҷикистонро дар ин ҷода дастгирӣ менамояд.

Чанде аз ташаббусҳои соли равон робитаҳои моро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Дар ин росто, Конфронси бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии обро, ки моҳи июн баргузор гардид, зикр карданӣ ҳастам. Мавзӯъҳое, ки зимни он баррасӣ гардиданд, барои Канада хеле муҳим мебошанд ва муҳокимаи онҳо ба рушди муколамаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим саҳми шоён гузошт.

Канада хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар солҳои оянда мебошад.

Хоҳишмандам, таманниёти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни миллӣ қабул намоед».

 Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-о-ча, дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Мехоҳам аз номи Ҳукумат ва мардуми Шоҳигарии Таиланд ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек изҳор намоям.

Бо хушҳолӣ муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр менамоям. Итминон дорам, ки дӯстии мо ва ҳамкории кишварҳову мардумонамон минбаъд низ таҳким меёбанд.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

 Генерал-губернатори Австралия Петер Косгров дар номаи табрикотии худ навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба Шумо самимонатарин табрикотро аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Австралия ирсол намоям.

Австралия муносибатҳояшро бо Тоҷикистон, ки бар манофеи муштарак дар самтҳои муҳим, аз ҷумла, амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор, асос ёфтаанд, қадр менамояд. Бо умеди ҳамкории минбаъдаи кишварҳоямон дар самтҳои мусоидат ба Афғонистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва истифодаи устувори захираҳои об мебошам.

Боиси ифтихори Австралия аст, ки ба соҳаи рушди Тоҷикис­тон аз тариқи лоиҳаҳои амалӣ дар ҷамоатҳои деҳот мусоидат менамояд. Лоиҳаҳои ахир ба масъалаҳои афзоиши даромади аҳолӣ дар Кӯҳистони Бадахшон ва беҳбуди ҳаёти мардумони дорои имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тамаркуз ёфтаанд.

Мутмаинам, ки равобити дӯстонаи миёни кишварҳои мо дар соли оянда низ равнақ хоҳанд ёфт».

 Ҳасан Рӯҳонӣ — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Фаро расидани бистуҳафтумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Бовар дорам, ки дар партави кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати таъмини манфиатҳои ду кишвар ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ тавсеа ва тақвият хоҳанд ёфт.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он ҷониб ва некуаҳволиву беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорам».

 Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати солгарди рӯзи Истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният намоям. Аз фурсат истифода бурда, бовариамро ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва халқҳоямон изҳор медорам.

Ба Ҷаноби Олӣ саодатмандиву саломатии бардавом ва ба давлату мардуми шарифи кишвари Шумо пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям.

Лутфан, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз Подшоҳи Белгия – Филипп, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Руминия – Клаус Вернер Йоҳаннис, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – Ҳалима Якуб, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ – Матамела Сирил Рамафоза, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Юрий Хачатуров, Подшоҳи Испания – Фелипе, Подшоҳи Таиланд – Маха Ваҷиралонгкорн, Президенти Ҷумҳурии Филиппин – Родриго Роа Дутерте, Раиси Президиуми Босния ва Гертсеговина – Бокир Изатбекович, Попи Рум – Франсиск, Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими Дубай – Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, Котиби Генералии Созмони Ҳамкории Шанхай – Рашид Олимов, Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн – Ҳамад ибни Исо оли Халифа, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Хорватия – Колинда Грабар-Китарович, Президенти Ҷумҳурии Украина – Петро Порошенко, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Ребело дэ Соуза, Ноиби Амири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Ҳамад Оли Сонӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб-Валиаҳди Абу-Забӣ – Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

www.president.tj