9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии идона теъдоде аз сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо дар як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравӣ бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвар ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, аз дастовардҳои солҳои охири шаҳри Душанбе ёдовар шуданд.
Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, хушу хотирмон хотима ёфт.
www.president.tj