Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№112 (3906) 15.09.2018

29676580457_c160a7666d_o(Идома аз шумораи гузашта)

 Нимаи дуюми 11-уми сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.

Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистон ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд.

Баъди маросими истиқбол дар маркази ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогирии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф, ки ба муносибати ифтитоҳи иншооти нав ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳа, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ҷомеа ва дастгирии аҳли зиё андешаронӣ карда, аз омӯзгорон беҳбуд бахшидани сифати таълиму тарбияро талаб намуданд.

 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, ки моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардид, рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Он сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншоот бо барқ дар он трансформатори иқтидораш 250кВ, дизел — генератори иқтидораш 30кВт насб карда шудааст.

Дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст.

Баъди ифтитоҳи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.

 Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ифтитоҳ бахшиданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчами давлатӣ ҷой гирифтааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.

Дар гирду атрофи маҷмааи мазкур гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, атрофи он чароғон ва ободу зебо карда шудааст.

Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.

Пас аз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.

12 — уми сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон, ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳиро дар ноҳияи Рошт­қалъа ба истифода супориданд.

Пешвои миллат бо шароити ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи наву замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.

Бинои Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат мебошад. Он аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои тамоми шароити сатҳи баланди хизмат­расонӣ мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона хизмат мерасонад. Ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона, ҳамчунин, дорои ҳаммом, ҳуҷраи либосшӯйӣ ва чор ошхона мебошад.

 Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи ­Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5 – ошёна, ҳар кадом иборат аз 25 ҳуҷра, барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳар кадом аз биноҳо дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд.

Дар ошёнаи якуми биноҳо 5 хона, аз ҷумла 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, 1 якҳуҷрадор, ҳуҷраи посбон ва лифт ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои болоӣ ҳар қабат аз 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, 1 якҳуҷрадор ва ҷой барои либосовезӣ сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа дар ҳавлии биноҳо, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин, зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки биноҳо бояд замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шуда, солҳои зиёд хизмат намоянд.

12 — уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳр меҳмони олиқадрро сокинони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷӯён бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти мазкур иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад шуд.

Дар ошёнаҳои аз 1 то 7 — уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешавад. Дар маҷмӯъ, иншоот дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад.

Дар таҳхона сохтмони ҳуҷраҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудааст. Инчунин, ба ғайр аз иншооти асосӣ дегхона бо анбор барои захираи ангишт, зеристгоҳи трансформаторӣ, таваққуфгоҳи мошин барои 20 ҷой ва дигар биноҳои зарурӣ сохта хоҳад шуд.

Барои боз ҳам зебо гардонидани атрофи иншоот дар саҳни он бунёди фаввораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохт­мончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо ҳидоят карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ маркази маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза гирифтанд.

 12 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат мебошад.

Дар қисми ҳарбӣ, инчунин, тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду азнавсозӣ гардидааст.

Ҳуҷраҳо ва толорҳои иншоот бо таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёи барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи Ватан пурра карда мешавад. Бо бунёди иншооти нави таъиноти ҳарбӣ шароити иҷтимоии афсарону сарбозон беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёгардида баҳои баланд доданд.

Баъди шиносоӣ бо иншооти нав дар саҳни ҳавлии қисми ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилиро ба ифтихори 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои навбунёди замонавӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат бо қаноатмандиву ифтихор иброз доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкилёбии қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқу шуҷоъ минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбиро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандӣ дар назди халқу Ватан истифода мебаранд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки торафт густариш пайдо карда, аз мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷалб намуданд. Пешвои миллат дар назди роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар вазифа гузоштанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошу ғамхориҳои роҳбарияти давлат барои беҳдошти шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани ҷузъу томҳои онҳо ва беҳсозии шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ эътибори хоса зоҳир менамояд.

Субҳи 13 — уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногуни ноҳия Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд, ки нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дорои иқтидори 1500 кВт буда, ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳия аз неруи барқ танқисӣ дош­танд. Акнун, бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ, мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.

Баландии сарбанди неругоҳ 64 ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад ва дар ҷумҳурӣ ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ва боис мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об (ба андозаи 2 млн. метри мукааб) ҷамъ шавад, ки ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо, қулай мебошад.

Толори мошинҳои неругоҳ масоҳати 468 метри мураббаъро дар бар гирифта, бо истифода аз конструксияи металлӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва сардинигоҳдориро аз берун дорад, ки ба шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад.

Дар дохили толори мошинҳо ду агрегат васл шудааст, ки ҳар яки он иқтидори истеҳсоли 750 кВт неруи барқро доро мебошад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи «СКАДА» назорат ва идора карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки аз ин пас истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ дар ноҳияи Мурғоб таъмин карда шавад.

Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии 15 кВт дар Непал дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки дар мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии кишвар дар Тоҷикистон баробари бунёду таҷдиди калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмони даҳҳо неругоҳи хурд пеш гирифта шуд, ки имрӯз онҳо талаботи аҳолиро қонеъ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мурғоб, ҳамчунин, бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳия аз соли 1932 таъсис ёфта бошад ҳам, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии он бино надоштанд. Аз ин рӯ, иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро сокинони ноҳияи Мурғоб туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳамчунин, дорои таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мебошад. Ошёнаи якум бойгонӣ, ошхона бо 30 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 240 ҷой ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад. Ошёнаи 2-юм аз ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Сохтмони он моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд.

Масоҳати умумии иншоот 2239,12 метри мураббаъро ташкил дода, бо тарҳи муосир бунёд гардида, намои берунаи он бо истифода аз нақшунигори миллӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Дохил ва беруни бино бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ, бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дорои шароити мукаммали корӣ мебошад.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист низ оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурдааст ва қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураб­баъро ташкил медиҳад. Он 3 — ошёна буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якум Осорхонаи гӯсфанди «Марко Поло» ташкил карда шудааст. Ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Дар қабати сеюми бино меҳмонхона бо шароити муосири хизмат­расонӣ мавҷуд мебошад. Тавре таъкид гардид, Осорхонаи гӯсфанди «Марко Поло» дар вилоят назир надорад. Ҳадаф аз ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодири Тоҷикистон мебошад.

Дар саҳни иншоот ва атрофи бино дарахтони мувофиқ ба иқлими минтақа шинонида шудааст. Иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфтааст, ҳусни маркази ноҳияро дучанд месозад.

 14 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз чор ошёна, 42 ҳуҷра, ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар иборат мебошад. Ҳамчунин, дар он синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, ҳуҷраҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ ҷойгир шудааст.

Барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят низ ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якум Муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синф­хонаи компютерӣ ва ошхона ҷойгиранд.

Айни замон шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳои вилоят 2700, принтерҳо 810 ададро ташкил медиҳад. Дар вилоят зиёда аз 15000 хонандаи синфҳои 7 — 11 аз компютер истифода мебаранд. Ба таълими фанни асоси технологияи информатсионӣ 243 нафар омӯзгор машғул мебошанд.

Сарвари давлат бо шароити иншооти нав шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, дар бино «Маркази рушди истеъдодҳо» мавҷуд аст, ки бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфтааст.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Инчунин, масъулин ба Роҳбари давлат барои дастгирии пайваста ва бунёди иншооти наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

14 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.

Он дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва сеошёна иборат мебошад.

Тибқи нақшаи кулл, бинои донишгоҳ, дар маҷмӯъ, дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон биноҳои қисмати якуми он дар масоҳати наздик ба 15 гектар бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ қомат афрохтаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо ба сифати корҳо ва шароити таълимии фароҳам­сохта баҳои баланд доданд.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ асосан ду ихтисос — илм дар бораи замин, муҳити зист ва иқтисодиёт таълим дода мешавад. Ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.

Айни замон шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 150 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо аз 7 давлат — Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра мебошанд.

Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шудааст. Донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан, технологияи компютерӣ, ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо омӯзгорон ва донишҷӯён изҳор доштанд, ки дар шароити фароҳамгардида, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баробар аст, ба корҳои илмию тадқиқотӣ бештар машғул шаванд ва донишу малакаи худро мукаммал намуда, оянда ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба воя расанд.

Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён ба тариқи шартномавӣ қабул мегарданд. Барои ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар шудааст.

Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад.

Ҳамчунин, барои ба варзиш ва обутоби бадан машғул шудани донишҷӯён дар дохили бино маркази фитнес, тенниси рӯимизӣ ва ғайра амал мекунанд.Дар баробари ин, назди бинои донишгоҳ майдони варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва басткетбол, инчунин толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Ҳуҷраҳои истиқоматии бинои хобгоҳи донишҷӯён, ки бо тарҳ ва намои муосир бунёд шудаанд, дорои ҳама шароити будубош мебошанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, барои дар оянда омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам меорад.

www.president.tj