Ҳамовозӣ

Агар маҳсулоти ватаниро тарғиб кунем, ба навиштаҷоти «Made in Tajikistan» бештар дучор меоем

№114 (3908) 20.09.2018

MadeИмрӯзҳо аксар масъалаҳоеро, ки рӯзномаи «Садои мардум» мебардорад, актуалӣ буда, ба нафъи Ватану миллат нигаронида шудаанд. Чунончӣ, дар шумораи №104 (3898), аз 25 августи соли равон мақолае зери унвони «Made in Tajikistan». Кай бо ин навиштаҷот бештар дучор мешавем?» ба табъ расид.

 Муаллифи мақола Н. Ҷумъаев аз миллиардер Алишер Усмонов мисол оварда, дар бораи корхонаи «Таҷҳизот» маълумот пешниҳод кардааст. Ман ҳам гуфтаҳои муаллифро ҷонибдорӣ намуда, илова карданиам, ки барои дар бозори байналмилалӣ ба рақобат тоб овардан бояд аввал ба корхонаҳои ватанӣ каме имтиёз дод. Масалан, баъди додани имтиёзи андозӣ ба Корхонаи сементбарории ноҳияи Ёвон истеҳсоли он дар мамлакат якбора зиёд шуд ва алҳол на танҳо аз хориҷа семент намехарем, балки онро ба Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон содир мекунем.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикис­тонӣ дар хориҷа дидани маҳсулот бо тамғаи «Made in Tajikistan» мояи ифтихор бояд бошад. Ман зиёда аз 12 сол аст, ки баъди зиёрати Хонаи Каъба сайри ҷаҳон мекунам. Аз ин рӯ, наздикон маро «Ҳоҷӣ — пиёда» ном мебаранд. Дар мамолики хориҷӣ аз ман мепурсанд: «Шумо бо вуҷуди 70-сола будан солиму ҷавон менамоед. Мабодо дар сафар бемор шавед, аз кадом доруҳо истифода мебаред?». Ман ба онҳо мегӯям, ки аз доруҳои гиёҳии истеҳсоли Тоҷикистон.

Бале, ман воқеан ҳам дар сафарҳои дурудароз аз нӯшдоруи «Авитсенна», равғани сиёҳдона, чойи шифобахш — «Чилдухтарон» ва ғайра, ки дорусози тоҷик Сайид­валӣ Ҳикматов ихтироъ намудааст, истифода мебарам. Дар қуттии давоҳои гиёҳии номбурда «Made in Tajikistan» навишта шудааст. Аҳсан мегӯям ба ҷавонмардони тоҷик — духтури ҷарроҳ, номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов ва тоҷир Фирдавс Қаландаров, ки аз ҳисси ватандӯстӣ давоҳои «Авитсенна» — ро дар шаҳрҳои Санкт- Петербург ва Қазони Федератсияи Россия муаррифӣ кардаанд. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ берун аз кишвар маҳсулоти ватаниро бо худ армуғон бурда, муаррифӣ кунад, ба ҳадаф мерасем.

Худамон низ ҳангоми харидорӣ намудан маҳсулоти ватаниро бояд интихоб кунем. Дар ин самт аз таҷрибаи Хитой, Япония ва Олмон истифода бурдан мумкин аст. Аҳолии Японияю Олмон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотири дастгирии корхонаҳои ватанӣ маҳсулоти худиро мехариданд. Хитой дар замони буҳрони молиявии солҳои 1998 — 2008 маҳсулоташро ҳам ба бозори худӣ ва ҳам хориҷӣ дароварда, аз буҳрон безарар берун омад.

Абдулазиз РАҶАБОВ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ