Ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ

№114 (3908) 20.09.2018

Ҷиҳати иҷрои банди 7-и Нақша — чорабиниҳо оид ба Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 18 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи  сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ доир гардид.

Дар он, ки таҳти раёсати раиси Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ- вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод баргузор шуд, вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Ба ҳайси намоянда, инчунин, вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзнома вазирони адлия масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ» 26 августи соли 2005 таъсис шудааст. Қарор дар бораи таъсиси Шӯро аз ҷониби панҷ давлат — Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.

Ваколатҳои асосии Шӯро аз таҳия ва таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти вазоратҳои адлия марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дигар масъалаҳои ба соҳа марбут иборат мебошад.

Аз рӯзи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа гузаронида шудааст. Ҷаласаи нахустин дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (12 апрели соли 2006) баргузор гардидааст.

Тибқи нақша ҷаласаи 14-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Ҷумҳурии Беларус доир мегардад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»