20 сентябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори Ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барору комёбӣ орзу карданд.
Президенти мамлакат прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳи давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ ва изҳори умед намуданд, ки мулоқотҳои самимии корӣ дар ин ҷода барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меоранд.
Масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва ташкилёфта, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, ифротгаройӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз мавзӯъҳои дигари ҳамоиш буданд.
Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоишта изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ барои таъмини амният дар давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.
Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок махсус таъкид карда шуд.
www.president.tj