Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нақби «Чормағзак»
Якуми октябри соли 2013
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Анҷом ёфтани сохтмони боз як иншооти муҳиму стратегӣ, яъне кушодани роҳи мошингард дар қалби ағбаи душворгузари «Чормағзак» дар қатори нақбҳои бузурги «Истиқлол»-у «Озодӣ» ва «Шаҳристон» аз ҷумлаи дастовардҳои таърихии мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва самараи неки бунёдкориву созандагии даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.
Яъне, дар натиҷаи азму талошҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати ватандӯстонаи мардуми кишвар орзуву омоли деринаи халқи тоҷик яке аз паси дигар ба воқеият табдил ёфта, ағбаву роҳҳои душворгузари кӯҳие, ки асрҳои аср ба рӯйи одамон баста буданд, фатҳу осонгузар мегарданд.
Ба ифтихори ин рӯйдоди таърихӣ, яъне ифтитоҳи нақби «Чормағзак», ки якҷо бо нақби «Озодӣ» дар кӯтоҳ гардидани масофаи Шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ – Кулма ва муҳимтар аз ҳама, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти мусофирон нақши муҳим дорад, кулли мардуми Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва ҳамаи шумо — ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегӯям.
Корҳои сохтмонии нақби «Чормағзак» ва роҳҳои ба он пайвастшаванда дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Кулма, қитъаи Душанбе -Данғара 15-уми марти соли 2010 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида ба анҷом расонида шуданд.
Дарозии нақби мазкур 4450 метр ва арзиши лоиҳавии он бо дарназардошти роҳҳои ба нақб пайвастшаванда беш аз 300 миллион сомониро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ бо сифати ниҳоят баланд иҷро гардидаанд.
Ифтитоҳи нақби «Чормағзак» дар баробари хеле кӯтоҳ намудани фосилаи роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракати мусофирон, инчунин ба сарфаи вақт ва сӯзишворӣ мусоидат намуда, имконияти рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол фароҳам меорад.
Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара масофаи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб нисбат ба роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа — Кӯлоб дар маҷмуъ қариб 100 километр кӯтоҳ гардид.
Бузургтарин аҳамияти амалӣ гардидани лоиҳаи зикршуда — раҳойӣ ёфтани мусофирон аз азоби тай кардани ду ағбаи хавфнок, яъне ағбаҳои душворгузари «Шаршар»-у «Чормағзак» дар фасли зимистон, инчунин пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва талафоти ҷонӣ мебошад.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар давоми солҳои 2008 – 2012 ва 8 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди Ваҳдат — Норак – Данғара, яъне минтақаи ағбаҳои «Чормағзак» ва «Шаршар» 222 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 68 нафар ба ҳалокат расида, 500 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.
Аз ҷумла дар роҳи ағбаи «Чормағзак» тайи ин муддат 130 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 38 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 325 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бинобар ин, рӯйдоди имрӯза дар баробари аҳамияти таърихӣ доштанаш, инчунин ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва муомилоти тиҷоратии кишварамон бо мамолики дигар такони ҷиддӣ мебахшад.
Зеро осон гардидани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар, пеш аз ҳама омили муҳими афзоиши воридоту содироти молу маҳсулот, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани зиндагии мардум мебошад.
Барои азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара ва сохтмони нақби «Чормағзак» беш аз 630 миллион сомонӣ маблағҳои сармоягузории давлатӣ сарф карда шудаанд.
Роҳи мазкур дар баробари он ки пойтахти мамлакатро бо яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат, яъне Хатлон мепайвандад, инчунин василаи муҳими рафтуомади аҳолии мамлакат ва вусъат пайдо кардани робитаи байниҳамдигарии мардуми манотиқи гуногуни кишвар мегардад. Зеро, тавре ки тоҷикон мегӯянд: «меҳр дар чашм аст».
Дар бунёди нақби мазкур сохтмончиёну коргарони маҳаллӣ ва мутахассисони Ширкати роҳу пулсозии «Чайна Роуд»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ғайрати бузурги созанда заҳмат кашида, иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуданд.
Бинобар ин, ба ҳамаи лоиҳакашону кормандони муҳандисиву техникӣ, сохтмончиёни ватаниву хитойӣ барои анҷоми саривақтии лоиҳа ва заҳмати шабонарӯзиву бунёдкоронаашон миннатдории Ҳукумати Тоҷикистонро изҳор менамоям.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ бахшидани Тоҷикистонро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ қарор дода, ҷиҳати бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, ки шарти муҳимтарини тараққиёти мамлакат мебошанд, пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Дар ин раванд солҳои охир дар самти инкишоф додани инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус бунёду азнавсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ хеле корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Чанд сол пеш дар масири шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат — Данғара нақби «Озодӣ» бунёд ёфта, ба истифода дода шуд, ки ба хеле кӯтоҳ шудани роҳ ва ҳаракати доимиву бехавфи воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои душворгузари ағбаи «Шаршар» мусоидат намуда, боиси хурсандии зиёди мардуми кишварамон гардида буд.
Илова бар ин, дар ҷараёни бунёди роҳу нақбҳо таҷрибаи мутахассисону коргарони мо такмил ёфт ва тибқи таҳлилҳо қариб 70 фоизи нақбканҳои иншооти имрӯзаро мутахассисону коргарони ватанӣ, яъне собиқ кормандони нақбҳои «Шаҳристон» ва «Озодӣ» ташкил медиҳанд.
Яъне, минбаъд мо метавонем дар сохтмони чунин иншооти муҳим ба таҷриба ва неруи созандаи мутахассисони ватанӣ такя намоем.
Бояд гуфт, ки аз соли 2000-ум то имрӯз дар соҳаи бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди мамлакат зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии чоруним миллиард сомонӣ бо иштироки беш аз шаш ҳазор нафар мутахассисон, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, татбиқ гардидааст.
Дар натиҷа, то имрӯз беш аз 1700 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиву маҳаллӣ бо 200 адад пулҳои хурду бузург, инчунин зиёда аз 31 километр нақбҳои мошингард, долонҳои зиддитармавӣ ва дигар иншооти роҳдорӣ бунёд гардида, ба истифода супорида шуданд. Тоҷикистони мо имрӯз тавассути роҳҳои мошингарди Мурғоб-Кулма, Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Душанбе — Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Душанбе — сарҳади Қирғизистон, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, Дӯстӣ — Панҷи Поён ва Душанбе –Хуҷанд — Чанак, инчунин нақбҳои «Истиқлол»-у «Озодӣ», «Шаҳристон» ва пулҳои байналмилалӣ аз болои дарёи Панҷ дар Панҷи Поён ва Шӯроободу Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз чор самт ба кишварҳои олам роҳи баромад дорад.
Илова бар ин, ҳоло барои таҷдиду барқарорсозии роҳу пулҳо нуҳ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар натиҷа иловатан 450 километр роҳҳои асосии мамлакат таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла ҳоло сохтмони марҳалаи сеюми роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар, роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент ва корҳои иловагӣ дар нақби «Истиқлол» босуръат идома доранд.
Ду рӯз пеш мо татбиқи лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Восеъ -Ховалингро ба маблағи умумии 425 миллион сомонӣ оғоз кардем ва ният дорем, ки дар муҳлатҳои наздиктарин корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Рашт — Навободро шуруъ намоем.
Ғайр аз ин, ҳоло корҳои асосноксозии техникиву иқтисодии таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Лабиҷар — Тавилдара — Қалъаи Хумб идома доранд.
Дар иртибот ба ин, ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои тибқи лоиҳаҳои мазкур пешбинигардида мунтазам чораҷӯйӣ намояд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати нигоҳубини роҳу пулҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои доимӣ андешида шаванд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки ба шарофати бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард Тоҷикистон ба қаламрави воҳид табдил гардид, ки ин яке аз бузургтарин дастовардҳои миллиамон дар солҳои охир мебошад.
Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро бори дигар таъкид менамоям, ки роҳу пулҳо ва нақбҳои то имрӯз бунёдкардаамон ғайр аз ин, ки аҳамияти бузурги дохилӣ доранд, инчунин имкониятҳои транзитии Тоҷикистонро тавсеа мебахшанд ва ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздик мусоидат менамоянд.
Бо дарназардошти ин, мо минбаъд низ ба хотири рушду ободии Ватани азизамон раванди созандагиву бунёдкориҳо, аз ҷумла таҷдиду азнавсозии роҳҳоро вусъат мебахшем.
Мо дар оянда низ ба масъалаи рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ ва пеш аз ҳама, бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ҳамчун шоҳрагҳои таъминкунандаи тараққиёти мамлакат муносибат карда, ҳамаи захираву имкониятҳоямонро барои амалӣ гардидани нақшаҳои муайянкардаамон сафарбар месозем.
Бо дарназардошти ин, ки нақби имрӯза қисмате аз шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад ва ҳаракати сайёҳону меҳмонони хориҷӣ тавассути он рӯз аз рӯз меафзояд, зарур аст, ки аз ташкилоту муассисаҳои роҳдорӣ сар карда, то ҳар як фарди ҷомеа барои ободии роҳҳо, ташкили инфрасохтори муосир, ба роҳ мондани сатҳи баланди хизматрасонӣ ва риояи маданияти баланди истифодабарии роҳ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон мебошад, саъю кӯшиш намоянд.
Ҳангоми суханронии худ рӯзи оғози корҳои сохтмонии нақби «Чормағзак» ҷиҳати идома бахшидан ба суннатҳои бостонии миллиамон, аз ҷумла боғдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити зист ба кооперативи истеҳсолии «Ёқут» дастур дода будам, ки дар баробари таъмиру барқарор намудани 120 гектар боғу токзори ин мавзеъ иловатан 10 гектар боғи нави дарахтони мевадиҳанда бунёд намояд.
Тибқи ин супориш то имрӯз 450 гектар боғу токзори куҳна барқарор ва 84 гектар боғи нав бунёд шуд. Ин иқдоми нек боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии дастурхони мардум ва бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ гардидааст.
Ҳоло зарур аст, ки нигоҳубини боғҳои зикршуда боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шуда, доир ба ободонии ҳудуди роҳҳо мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба шинонидани ниҳолҳо дар шафати роҳҳои тамоми қаламрави кишвар, нигоҳубину сабзонидани ниҳолҳои шинонидашуда ва умуман обод гардонидани ҳудуди роҳҳо мунтазам чораҷӯйӣ кунанд.
Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик мову шумо ҳамчун ворисони сазовори аҷдоди шарафманди худ бо сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву ободкоронаамон Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро дар қатори кишварҳои пешрафтаи олам қарор медиҳем.
Ҳамчунин итминон дорам, ки мардуми шарафманди тоҷик барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Давлату Ҳукумати кишвар бо нангу номуси баланди миллӣ саъю талош карда, дар раванди ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ифтитоҳи иншооти бузурги имрӯзаро ба ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик хушбахтиву хушҳолӣ ва рӯзгори ободу осуда мехоҳам ва пешниҳод менамоям, ки нақби «Чормағзак» ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон «Хатлон» номгузорӣ шавад.
Доимо сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!