30 сентябри соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрӣ баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайатҳои мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти гумрук тасдиқ карда шуд.
Сипас, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6 фоиз, таваррум 7,5 фоиз ва индекси дефлятор 5,9 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7фоиз ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013-ум 15,3 фоиз ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2014 низ чун солҳои дигар бештар хислати иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро қариб нисфи он ба ин соҳаҳо нигаронда шудааст.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки новобаста ба таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои манфии беруна ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки сохторҳои дахлдори давлатӣ барои минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёт ва таъмини нишондодҳои Буҷети давлатӣ бояд бо масъулияти дучанд заҳмат кашанд.
Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.
Сипас, ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба рафти иҷрои Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, тибқи нақшаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шодобсозии 1347 гектар замини нав ва ҷудо намудани 12 миллиону 704 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Тайи солҳои 2008-2012 дар ҳафт ноҳияи вилоят бо харҷи 5,6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ 917 гектар замини нав шодоб гардида, ба истифодаи кишоварзӣ супурда шуд ва ҳолати мелиоративии 402 гектар замини корам беҳтар гардид. Ба 39 гектари дигар дар ҳамин муҳлат бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ об бароварда шуд. Соли равон 100 га замин дар ноҳияи Ванҷ аз худ карда мешавад. Ғайр аз ин, соли 2013-ум 98 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ дубора ворид гардида, дар майдони 12219 гектар зироатҳои гуногун кишт карда шудааст.
Тибқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шодоб намудани боз 800 гектар замини дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.
Тавре зикр гардид, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони аз худ кардани боз 4800 гектар заминҳои нав вуҷуд дорад. Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки минбаъд, ҳар сол то 200 гектар замин дар ин вилоят шодоб карда шавад.
Як зумра лоиҳаи қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумат доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи ислоҳоти замин» пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор» маъқул дониста шуд.
Шартномаи консессионӣ доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Шӯроб тасдиқ карда шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, ин марказ бо иқтидори истеҳсолии 300 мегават неруи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад супоришҳои мушаххас дод. Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар арафаи иди мубораки Қурбон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти кӯмак дароз намоянд.
www.president.tj