Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи Нақша-чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 18 сентябри соли равон сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба минтақаи Рашт сурат гирифт.
Дар ҷараёни сафар Раиси Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони минтақа, аз ҷумла бо вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол, аҳли ҷамоатчигӣ ва мардуми меҳнатқарину заҳматпеша суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.
Зимни вохӯриҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахшу Нуробод ва Сангвор нахуст, Раиси Маҷлиси намояндагон салому пайғоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони минтақа расониданд. Ҳамчунин, дар ҳар дидору мулоқот, қабл аз ҳама, аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, онро дар замони буҳрони сиёсию молиявии ҷаҳон «пайки раҳнамунсоз» унвон намуда, аз натиҷаи бобарори Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба ҳозирин маълумот доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар баробари масоили қонунгузорӣ доир ба вазъи кунунии минтақаю ҷаҳон, равандҳои сиёсию иқтисодии олам, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, вусъати афкори радикалӣ дар миёни ҷавонон, бартарихоҳии кишварҳои дорои неруи бузурги иқтисодию низомӣ, таҳоҷумҳои фарҳангию ахлоқӣ ва фикрию зеҳнӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд суханронӣ намуданд. Дар баробари ин, доир ба арзишҳои миллию давлатӣ, сулҳу субот, даврони мудҳиши ҷангҳои таҳмилӣ ба сари миллати тоҷик, роҳҳои расидан ба ваҳдати миллӣ, ободию шукуфоии кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдории миллӣ андешаронӣ карданд.
Вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат низ дар суханронии Раиси Маҷлиси намояндагон як бахши муҳимро ташкил дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки соли 2018 дар қиёс ба солҳои қаблӣ маблағгузорӣ ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, тандурустӣ, варзиш, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, саноат, сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия афзоиш ёфта, фазои ором ва сулҳу суботи комил ба вусъат гирифтани раванди рушди иқтисодӣ дар минтақа ва кишвар мусоидат намуда, шароити мусоиди сармоягузориро ҷиҳати пешрафти минбаъдаи истеҳсолот ба вуҷуд меорад.
Натиҷаи сулҳу субот буд, ки маблағгузорӣ ба навоҳии минтақа, ба ғайр аз даромадҳои дохилии ноҳияҳо, аз ҳисоби маблағҳои марказӣ сол то сол афзоиш ёфт. Агар соли 2010 аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба навоҳии минтақаи Рашт 42 миллиону 670 ҳазор сомонӣ равона шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2018 ба 134 миллиону 350 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ба зиёда аз 210 фоиз баробар аст. Яъне, барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳар сол 25 фоиз ва зиёда аз он маблағҳои ҳукуматӣ равона мешаванд.
Раванди афзоиши маблағгузорӣ ба навоҳии минтақаро сокинони шарафманди он низ хуб эҳсос намудаанд. Аз ин ҷост, ки дар суҳбату мулоқотҳо аз ҷониби пирони барнодилу собиқадорони меҳнат ва ҷавонони закиирода ин масъала махсусан ёдрас мегардид. Аз ҷумла, Ривоҷиддин Тоҷиддинов, Нодир Маҳмадов аз ноҳияи Рашт, Ҷумабек Салоҳиддинов, Муҳаммадҷон Ҷабборов аз ноҳияи Лахш, Қиёмиддин Маҳмадҷонов, Абдураҳмон Комилов аз ноҳияи Тоҷикобод, Амриддин Хонов, Шаҳнозаи Шукрихудо аз ноҳияи Нуробод, Назокат Усмонова, Нуриддин Таваккалов ва Абдубасир Саидов аз ноҳияи Сангвор дар ин робита андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Раиси Маҷлиси намояндагон батакрор таъкид менамуданд, ки 10 сол қабл дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳатто як толори барҳавову муосир мавҷуд набуд. Ҳоло ба ғайр аз иншооту муассисаҳои давлатӣ, сектори хусусӣ низ дар минтақа рушд намуда, шумораи марказҳои савдои муосир, меҳмонхонаҳо, ошхонаву марказҳои хизматрасонӣ афзоиш ёфтааст.
Ин ҳама ободӣ аз неъмати истиқлолият ва сулҳу салоҳи комил аст, ки тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Пас ин ду неъмати бебаҳоро бо баҳои ҷон ҳифз бояд кард. Фаромӯш накунем, ки неруҳои аҳримании хориҷу дохил ҳамеша дар фикри тахриби зиндагии шоистаи миллатанд ва ҷавонони ноогоҳи тоҷикро ба сафи худ кашида истодаанд. Аз ҷумла, баъзе аз сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт низ ба сафи гурӯҳҳои террористии «ДИИШ», «Ансоруллоҳ», ТТЭ «ҲНИ» ва дигар ташкилоту иттиҳодияҳои экстремистӣ шомил шудаанд. Ҳарчанд теъдоди ашхоси ҳувиятгумкарда ва мағзшуста ангуштшумор бошад ҳам, барои ҷомеа нигаронкунанда мебошад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи қувват гирифтани гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки вазъи пешомада водор месозад, ки бо тамоми неру талош намоем то ҷавононро аз доми найранги ифротиён эмин дорем. Зеро, бо истифода аз техникаву технологияи муосир, ифротгароён имкон доранд, ки тафаккури фарзандонро тағйир дода, ба манфиатҳои нопок равона кунанд. Аз ин рӯ, зиракии сиёсӣ, рушди зеҳнии насли наврас ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ягона роҳи эмин мондани ҷавонон аз таъсири манфии гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, бояд ҳар як фарди ҷомеа — падару модар, хоҳару бародар, мураббияву омӯзгор ва ходимони дин ба дониш, ҷаҳонбинӣ хулқу атвор ва гаштугузори фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пайи ислоҳу тарбияи онҳо кӯшанд, зеро «душман азизтарин неъмат – фарзандони моро бо бадтарин усул ба муқобили саодат ва оромии хонадонамон равона карда, номи Ватан ва миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати ваҳшӣ ва хунхор муаррифӣ кардан мехоҳад».
Махсусан, ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи «Сафобахш»-и ноҳияи Данғара, ки 29 июли соли равон ба вуқӯъ пайваст ва ба марги 4 нафар боис гардид, дар ҳар дидору мулоқот бо тамоми ҷузъиёт барои сокинон шарҳу тафсир дода шуд. Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуданд, ки «ин ҷавонон нав аз курсии мактаб ҷудо шуда бошанд ҳам, дар як муддати кӯтоҳ ба мағзу тафаккури онҳо амалҳое ҷой карда шудааст, ки на танҳо зидди қонун, балки зидди аҳкоми дину шариат мебошанд. Пас устодону омӯзгоронро лозим аст, ки сари масъалаи тарбияи шогирдон ҷиддан андеша намоянд. Чӣ гуна фарзанди мову шумо баъд аз 11 соли таълиму тарбия дар мактаб, дар як лаҳзаи кӯтоҳ, зеҳниятро аз даст дода, ба сафи хоинону душманони миллат ҳамроҳ мешаванд?»
Дарвоқеъ, вазъи мураккаби ҷаҳон ва ташаккули гурӯҳҳои террористию ифротгаро нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зуҳуроти номатлуби давр дур буда наметавонад. Душманони миллату давлати Тоҷикистон бо истифода аз ҳар роҳу восита ҳамеша дар пайи таъсир расонидан ба тафаккури насли ҷавон мебошанд. Аммо бояд дар ёд дошт, ки равандҳои пуртазоди ҷаҳонӣ, авҷи низоъҳои динию мазҳабӣ, қавмию маҳаллӣ, ба вуҷуд омадани буҳронҳои сиёсию молиявӣ, рушди афкори экстремистӣ дар миёни ҷавонони камогоҳ зуҳуроти табиӣ набуда, натиҷаи бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсими сарватҳои табиии олам аст.
Ин «бозӣ»-ҳои печида ҳушдор медиҳанд, ки сайёра ба як носуботии нав наздик шудааст. Махсусан, баъд аз буҳрони Сурияву Ироқ ва авҷи дигарбораи низоъҳо дар Афғонистон ин андеша, ки сиёсатҳои духӯра, бозиҳои геополитикӣ дар бештари маврид ба нафъи як гурӯҳи хурд ва бар зидди миллатҳову давлатҳо мебошанд, тақвият меёбад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар ин замина таъкид намуданд, ки: «ташкили инқилобҳои «ранга»-и сунъӣ дар як қатор кишварҳои олам ба вуруди ифротгароён ба кишварҳои рӯ ба рушд боис гардида, мардумро ба хун оғушта карда, ба истиқлолияту озодиашон хатари воқеӣ эҷод намудааст».
Ин раванд ҳақиқати талх аст, ки бояд эътироф кард. Таҷрибаи ҷангҳои доманадори замон нишон медиҳад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои манофеъ сиёсатҳои тахрибкоронаро ба кишварҳо аз тариқи ҳизбу ҳаракатҳои кисагӣ равона намуда, шаҳру деҳотро ба оташ мекашанд. Танҳо ба хотири манофеи як гурӯҳ миллатҳову давлатҳоро ба андуҳу мусибат мувоҷеҳ менамоянд. Сарнавишти фоҷиабори Сурияву Ироқ, Либияву Лубнон, Яману Афғонистон ва даҳҳо кишвари дигар далели ин гуфтаҳост. Агар даҳ сол қабл пойтахти Сурия — шаҳри Димишқро барои оромию субот ва зинату ороиш «арӯси шаҳрҳои Ховари Миёна» мегуфтанд, пас имрӯз он ба харобазори абарқудратҳо мубаддал шудаву миллионҳо шаҳрванди он зери тамғаи «гуреза» дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, кишварҳои сарватманду босуботи Ироқу Либия ва Яман низ ба ҷойи давлатҳои содиркунандаи неруи энергетикӣ имрӯз ба нишемангоҳи гурӯҳҳои ифротӣ мубаддал гаштаанд. Танҳо дар Яман айни замон аз носуботию ҷанг зиёда аз 5 миллион нафар, бахусус, кӯдакон, аз норасоии ғизо азият мекашанд ва ҳазорҳои дигар ҷон аз даст додаанд.
Албатта, барои мардуми кишвар ҷанг ва оқибатҳои он маълум аст, зеро дар гузаштаи на чандон дур фоҷиаву таҷрибаи талхро аз сар гузаронидааст. Он замон бо тавтеаи чанд хоини миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ печид. Харобаҳои ҷангу гурезаҳои иҷборӣ магар фаромӯш мешаванд?
Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар хитоб ба сокинони Рашт таъкид ба таъкид мегуфтанд, ки вазъи ҷаҳони муосирро хуб омӯзанд ва сарнавишти талхи миллатро ҳеҷ гоҳ аз хотир набароранд, зеро оромию суботи ҳар як миллат дар иттиҳоду ягонагии он аст.
Атозода Муҳаммадиқбол, Душанбе — Рашт — Душанбе, махсус барои «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ