Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№117 (3911) 27.09.2018

44211134454_6dd5840bf7_o26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фуруд­гоҳи байналмилалии Душанбе»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Он бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накуи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, дар рафти он наздик ба 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар он барои қабулу меҳмоннавозии мусофирон даҳҳо адад ҳуҷраи хуштарҳ ва барҳаво, аз ҷумла, бахши қабули аъзои ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бунёд шудааст.

Барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохтани хизматрасонии толори фурудгоҳ 2 лифт, 47 камераи мушоҳидавӣ, 1 таҷҳизоти муоинаи рентгении бору бағоҷ, системаи ҳозиразамони аз сӯхтор огоҳкунанда ва дастгоҳҳои тозакунии ҳаво насб гардидааст.

Дар ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 мошини сабукрав сохта, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ шудааст. Дар саҳни ҳавлӣ, инчунин, як айвони бо нақшунигори миллӣ кандакоришуда бо 10 ҷойи нишаст барои истироҳати меҳмонони олиқадр бунёд гардидааст. Ҳудуди Толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 адад сутунпоя ва чароғҳо равшан карда мешавад. Роҳраву гулгашти атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишии гуногун оро ёфтааст.

Роҳҳои мошингарди даромади фурудгоҳ, аз буриши кӯчаи Мастонгулов то бинои асосӣ, пурра азнавсозӣ гардидаанд.

Фурудгоҳ даромадгоҳ ба ҳисоб меравад ва таҷассумкунандаи фарҳанги пазироии меҳмонон аз тарафи кишвари мизбон аст.

Бо бунёди Толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшунигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён фарҳанги баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо тарҳи хеле зебо сохта, намои берунии он бо сангҳои ватанӣ оро дода шудааст.

Баъди шиносои бо шароити қабули меҳмонони олиқадр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд.

Шоми 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтааст, иштирок намуданд.

Боғи мазкур, ки дар майдони қариб 3 гектар доман густурдааст, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеан ба як макони истироҳату фароғат табдил дода шудааст. Мақсад аз бунёди он фароҳам овардани шароити арзанда барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар боғ моҳи ноябри соли 2017 оғоз ва дар ҷараёни бунёди он то 300 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки тибқи лоиҳа, дар Боғи ба номи Аҳмади Дониш зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 12 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардонида шудааст.

Барои чароғонкунии боғ 225 адад сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди иншооти фарҳангӣ-фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.

Корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардидааст. Дар он бо ҳидояти Пешвои миллат наздик ба 1000 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудааст.

Ҳамчунин, дар боғ ҷойи бозии кӯдакону наврасон бунёд ёфтааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати умумии қитъа 1238 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.

Боғи нав бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Аҳмади Дониш, яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик гузошта шуд.

www.president.tj