6 — 10 октябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор мегарданд. Он бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида мешавад.
Тибқи Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати расмии кишварро муовини якуми вазири фарҳанг Ибодулло Машраб роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати эҷодӣ ҳунарпешаҳои шинохта Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин, Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода ва Ансамбли рақсии «Парасту»- и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев шомиланд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомон, манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон, китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия (шаҳри Москва) ва 8 октябр бо пешниҳоди консерти калони устодони санъати тоҷик дар толори Театри калони драмавии ба номи Г. Товстоногови шаҳри Санкт — Петербург доир мегардад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»