Тибқи эъломияи Ассамблеяи генералии СММ аз 15 июни соли 2007 ҳар сол 2 октябр (рӯзи таваллуди сарвари ҳаракати озодихоҳии Ҳиндустон, асосгузори принсипи бидуни зӯроварӣ- Маҳатма Ганди) Рӯзи байналмилалии адами хушунат таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, дар аксар кишварҳо семинару конфронсҳо баргузор шуда, ба аҳли ҷомеа расонида мешавад, ки мисли Маҳатма Ганди бидуни зӯроварӣ ҳам ба мақсадҳои бузург метавон ноил гардид.
Вазири давлатӣ оид ба масоили байналмилалии Ҳиндустон Ананд Шарма зимни пешниҳоди таҷлили санаи мазкур ба Ассамблеяи генералӣ дар бораи аҳамияти тарғиби фалсафаи бидуни зӯроварӣ сухан карда, гуфтаҳои зерини Маҳатма Гандиро иқтибос меорад: «Адами хушунат (зӯроварӣ накардан) бузургтарин силоҳ дар дасти башарият аст. Вай аз пуриқтидортарин силоҳи харобиовар, ки инсон ихтироъ кардааст, пуриқтидортар мебошад».
Моҳандас Карамчанд Ганди (Маҳатма Ганди) 2 октябри соли 1869 дар шаҳри Порбандари Ҳиндустон таваллуд шудааст. Соли 1891 коллеҷи донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар шаҳри Лондон хатм карда, ба Ҳиндустон бармегардад. Аз соли 1893 то соли 1914 Ганди (21 сол) дар Африқои Ҷанубӣ фаъолият намуд. Ӯ корро дар ширкати «Муҳаммад Қосим Қамаруддин» оғоз карда, дар баробари ба ҳуқуқшиносӣ машғул шудан ақидаҳои сиёсӣ, одобу таҷрибаи пешвоияшро такмил дод. Ганди дар Африқои Ҷанубӣ шоҳиди муносибати бади мустамликадорон бо мардуми ғайрисафедпӯст шуда, аз вазъи тоқатфарсои зиндагии муҳоҷирони ҳиндустонӣ ғам мехӯрд. Боре ҳангоми сафар аз шаҳри Дурбан ба Йоҳаннесбург дар шаҳри Мартизбург (ҳарчанд ки ба вагони класси якум чипта дошт), ба ӯ гуфтанд, ки купеашро иваз намояд. Ганди барои ҳимояи ҳуқуқ истодагарӣ кард, вале корманди пулис зӯран ӯро бо ҷомадонаш дар истгоҳи навбатӣ аз вагон берун сохт. Бори дигар, ҳангоми дар нақлиёт сайр кардан, Гандиро барои ба мусофири аврупоӣ ҷой надодан латукӯб намуданд. Дар меҳмонхонаи «Гранд Нейшнл»-и Йоҳаннесбург бошад, ба Гандии гандумгун бо вуҷуди мавҷуд будани ҳуҷраи холӣ, ҷойи хоб надоданд. Дар толори Суди шаҳри Дурбан ба Гандии ҳуқуқшинос амр карданд, ки саллаи ҳиндиро аз сараш гирад, вале ӯ аз иҷрои ин амр сарпечӣ намуд.
Ин гуна рафтори мустамликадорон дар замири Ганди ақидаи мубориза бурдан бар зидди ноадолатиҳои иҷтимоиро бедор кард. Агарчӣ ӯ барои як сол ба Африқои Ҷанубӣ омада бошад ҳам, мазлумияти халқҳои ғайрисафедпӯстро дида, қарор дод, ки барои бедории фикрии онҳо дар мулки ғарбӣ чанд соли дигар боқӣ монад. Соли 1894 бо мусоидати Ганди дар шаҳри Натал Конгресси Ҳиндустон таъсис ёфт. Ин ташкилоти сиёсӣ тавонист ҷамоати ҳиндустониёни Африқои Ҷанубиро ҳамчун як неруи сиёсии ягона муттаҳид созад.
Соли 1915 Ганди ба Ҳиндустон омад. Бо ёрии сиёсатмадори варзидаи ҳиндӣ Гопал Кришна Гокҳал ӯ тамоми минтақаҳои Ҳиндустонро гашта, бо ҳаёти ашхоси дорои дину забони гуногун ошно шуд. Дар бораи ислом ва «Қуръон» китобҳо мутолиа кард. Алалхусус, китоби «Худованд дар ботини мо»-и Лев Толстой ба фаъолияти минбаъдаи сиёсии Ганди таъсири бузург гузошт. Вай чанд муддат бо Толстой мукотиба намуд. Ӯ ба хулосае омад, ки бидуни зӯроварӣ ҳам метавон ба хостаҳои хеш ноил шуд. Бо ин мақсад, Ганди фалсафаи «сатяграҳ»- ро пешниҳод карда, усули мубориза бидуни зӯровариро тарғиб намуд. Ӯ соли 1920 дар мубориза бар зидди мустамликадорони Британияи Кабир принсипи мазкурро бо роҳи даст кашидан аз ҳамкорӣ бо мусткамликадорон, худдорӣ аз усули зӯроварӣ ва муборизаи сулҳҷӯёна бар муқобили ишғолгарон интихоб кард.
Моҳи марти соли 1930 ба нишони эътироз барои андоз аз намак Ганди ҷонибдоронашро ба «Марши намакин» даъват намуд, ки аз Аҳмадобод то Данди давом ёфт. Мустамликадорони англис ҷавобан ба ин маъракаи сиёсӣ 60000 нафарро ба ҳабс гирифтанд, вале эътироз қатъ нашуд. Ҳукумати Ҳиндустони бритонӣ бо роҳбарии Лорд Ирвин маҷбур шуд, ки бо Ганди гуфтушунид ва баъзе гузаштҳои сиёсӣ кунад. Ба ивази қатъи эътироз зиндониёни сиёсӣ озод шуданд.
Ҳаракати бидуни зӯроварӣ, ки Маҳатма Ганди оғоз намуд, билохира Ҳукумати Британияро маҷбур кард, ки ба Ҳиндустон озодӣ диҳад. Аммо британиҳо ба осонӣ Ҳиндустонро тарк накарданд, балки барои заиф сохтани ҳаракати озодихоҳӣ миёни ҳиндуву мусулмон ва сикхҳо тухми нифоқ коштанд. Дар натиҷа, солҳои чилум миёни пайравони ин динҳо, ки асрҳо дар як маҳаллаву деҳа дӯстона мезистанд, низои мазҳабӣ авҷ гирифт. Дар авҷи чунин низоъҳо дар иёлати Биҳор Ганди ба ҳайси «Падари Ҳиндустон» чунин изҳорот дод: «Агар бетартибиҳо дар Биҳор идома ёбанд, ҷаҳон Ҳиндустонро маҳкум хоҳад кард. То он даме ки гурезагони мусулмон ба манзил барнагарданд, шумо ором буда наметавонед».
Бо мақсади оштӣ даровардани ҳиндувону мусулмонон Ганди аз шаҳри Чандпур марши таърихии бо пойи луч гаштанро оғоз намуд. Ӯ аз як деҳа ба деҳаи дигар рафта, бо мардуми ҳинду мусулмон самимона гуфтугӯ карда, онҳоро ба сулҳу оштӣ даъват менамуд ва мисраъҳои зерини Муҳаммад Иқболро мисол меовард:
Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,
Кофару муъмин ҳама халқи Худост.
Марши навбатии ӯ 28 рӯз идома ва билохира ба сулҳу оштии ҷонибҳо анҷом ёфт. Ӯ аз миёни пешвоёни мусулмон бо шахсиятҳои варзидае, амсоли Мавлоно Абдулкалом Озод, Зокир Ҳусейн, Шамсиддин Соҳиб, Абдулғаффор Хон дӯстӣ дошт. Ганди чун мубаллиғи зиндагии осоиштаи пайравони адён гуфта буд: «Ман сидқан хоҳони дӯстии самимии ҳиндувону сикҳҳо ва мусулмонон ҳастам».
Соати 17- и 30 январи соли 1948, ҳангоми ба маърӯзаи навбатӣ рафтан, миллатгарои ҳинду Натурал Годс бо се тири таппонча риштаи умри Маҳатма Гандиро барканд. Ҳарчанд аз марги Ганди 70 сол гузашта бошад ҳам, принсипи ғайризӯроварии пешниҳодкардааш дар ҳама давру замон ва барои кишварҳо қобили қабул аст.
Аз ҷумла, имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии адами хушунат дар Маркази фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони ДМТ ва рӯзноманигорон маҳфил доир гардид, ки дар он аз ҳаёту фаъолияти Ганди филми мустанад намоиш дода шуд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»