ҒОНЧӣ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Таҳмина» ( сарвараш Дилбар Сатторова) толори нави фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни ҷамъомади ифтитоҳи толор раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов зикр намуд, ки ташкилоти мазкур баҳри ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ тайи чанд сол аст, ки фаъолият мебарад.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон