Сафари расмии Пешвои миллат ба Япония

№120 (3914) 04.10.2018

45019571932_eaf3293c7e_oДуюми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония сафари расмӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сеюми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар Боғи ёдбуди сулҳ дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар назди Боғи ёдбуди сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуи ва директори Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига пешвоз гирифтанд.

Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. Дар рӯзҳои охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (6 августи соли 1945), баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Дертар барои гиромидошти қурбониёни ин фоҷиаи пурдаҳшат дар он ҷо Боғи ёдбуди сулҳро бунёд намуданд. Дар як гӯшаи боғ харобаҳои «Гумбази Гэмбаку», ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, нигоҳ дошта мешавад. Атрофи муҷассама макони сайругашти сокинону меҳмонон мебошад. Соли 1996 «Гумбази Гэмбаку» ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Дар Боғи ёдбуди сулҳ, ҳамчунин, Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар он муҷассамаҳо ва дигар нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷиаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷиа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми шаҳри Хиросима ҳамроҳӣ намуданд.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи ёдгории сулҳ нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни силоҳи қатли ом мебошад.

Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Киото ва Токио идома меёбад.

www.president.tj