Барои ба ин муваффақият ноил гардидан футболбозони наврас (U-16) дар даври ниманиҳоии Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё — 2018 тими яккачини Кореяи Ҷанубиро мағлуб карданд
Бозӣ шаби 4 октябри соли равон дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор гардид. Ҳисобро дар дақиқаи дуюми дидор бозингари дастаи мунтахаби наврасони мамлакат Озодбек Панҷиев кушод. Ӯ тӯбро аз масофаи наздик ба тӯри дарвоза равон кард. Дар дақиқаи 39-ум бозингари тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ён Сук-Ҷу тӯби аз кунҷи майдонзадаи ҳамдастаашро аз масофаи наздик бо зарбаи сар вориди дарвоза кард.
Ҳамин тариқ, вақти асосии бозӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Зимни задани зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони навраси кишвар маҳорати баланд нишон дода, баъди зарбаи ҳафтуми бозингари кореягиҳо Сон Ҳонг Ҷуро гардонидани дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов, бо ҳисоби 7 бар 6 ғалаба намуданд.
Дар бозии чорякниҳоӣ низ, ки 30-юми сентябри соли равон доир шуд, наврасони мамлакат бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи задани зарбаҳои ёздаҳметра бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 1:1) пирӯзӣ ба даст оварданд. Инчунин, дастаи мунтахаби наврасони тоҷик соҳиби роҳхат ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид, ки соли оянда дар кишвари Перу доир хоҳад гашт.
Ба ин тартиб, дастаи наврасони кишвар барои ба даст овардани медалҳои тиллои Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё пагоҳ бо тими яккачини Ҷопон рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё (U-16) аз соли 1985 бори 18-ум аст, ки баргузор мешавад. Он, инчунин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17) ба ҳисоб меравад.
«Садои мардум»