Агар ба таърихи кишварҳои мутараққӣ назар афканем мебинем, ки таҳкурсии пешрафти иқтисодиёти онҳо рушди соҳаи маориф мебошад. Яъне, рушди мактабу маориф боиси рушди иқтисодиёт мегардад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Германия, Япония, давлатҳои нимҷазираи Скандинавия маблағи дигар соҳаҳоро сарфа намуда, маорифро ривоҷу равнақ бахшиданд. Дар натиҷа, ба пешрафти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил гаштанд. Малайзияву Кореяи Ҷанубӣ низ ҳамин равишро пеш гирифта, ба «Бабрҳои Осиё» табдил ёфтанд.
Тибқи маълумоти омор, солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат зиёда аз 2500 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шудааст. Тавре аз маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бармеояд, тайи даҳ соли охир ба ҳисоби миёна ҳар сол аз 129 то 251 мактаби нав мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар бисёр муассисаҳои таълимӣ бинобар афзоиши аҳолӣ синфхонаҳо намерасанд. Яке аз ин муассисаҳои таълимӣ МТМУ №12-и шаҳри Ҳисор мебошад. Он соли оянда 80- сола мешавад. Иморати куҳнаи он то ҳол побарҷост. Таълимгоҳ аз аввалин мактабҳои дараи Алмосӣ буда, солҳои зиёд чун мактаби базавӣ фаъолият мекард. Яке аз аввалин ҳиндушиносони тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов, номзади илмҳои филологӣ Усмон Сулаймонӣ, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуров, нависанда Султонмурод Одинаев, Устоди варзиши СССР оид ба самбо шодравон Абдуманнон Зокиров ва бисёр шахсиятҳои маъруфи дигар дастпарварони ҳамин мактабанд. Иморати имрӯзаи мактаб соли 1989 бунёд ёфта, барои 640 нафар пешбинӣ шудааст. Директори он Маҳбуба Мирзоева зикр намуд, ки алҳол дар муассиса 804 нафар хонанда дар ду баст таълим мегиранд. Бинобар зиёд шудани теъдоди муҳассилин чанд сол боз синфхонаҳо тангӣ мекунанд.
Ҳарчанд мактаб дар деҳаи Меҳргон ҷой гирифта бошад ҳам, дар он хонандагони деҳаҳои Арбобӣ, Лабисой, Алибегӣ ва Латтахорак низ мехонанд.
- Мактаб бо омӯзгорон пурра таъмин аст, — мегӯяд Маҳбуба Мирзоева. – Аз 46 нафар омӯзгор 31 нафар бонувонанд. Зулфия Собирова, Саодат Раҷабова, Мунира Заргарова барин омӯзгорон бинобар меҳнати софдилона соҳиби ифтихорномаю медали «Хизмати шоиста» гардидаанд.
Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҷамолиддин Заргаров, ки қариб 65 сол дар ин боргоҳи таълимӣ омӯзгор аст, мегӯяд, ки дар гузашта Алмосӣ ноҳияи алоҳида ва Меҳргон маркази маъмурии он буд. Аз ин рӯ, соли 1939 дар он нахустин дабистонро бунёд карданд, ки омӯзгорон дар саводноккунии аҳолии деҳоти гирду атроф саҳми шоиста гузоштанд. То ба ҳол насли куҳансол омӯзгорони варзида — Қ. Дӯстов, М. Азизов, А. Маҳкамов, А. Репина, А. Резник, О. Ҷабборӣ, Л. Каримов, О. Гарипов ва дигаронро ба некӣ ёд мекунанд.
Ҳарчанд дастовардҳои мактаб зиёд бошанд ҳам, оянда норасоии синфхонаҳо ба сифати дарсҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Собиқадори меҳнат, сокини 86- солаи деҳаи Меҳргон Исмоил Саидов иброз дошт, ки мактаб ба бинои нави замонавӣ ниёз дорад. Дар давраи шӯравӣ дар дараи Алмосӣ 7 лагери пионерӣ амал мекард, ки дутои он («Юность» ва «Алмосӣ») дар наздикии деҳаи Меҳргон ҷойгир буданд. Агар бо мусоидати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар яке аз он лагерҳо мактаби ду ё сеошёнаи замонавӣ сохта мешуд, мушкили хонандагони 5 деҳаи ба ҳам наздик ҳал мегардид. Иморати кунунии мактабро бошад, бо андаке таъмир ба муассисаи томактабӣ табдил додан мумкин аст, зеро дар наздикии деҳаҳои зикршуда то ҳол муассисаи томактабӣ мавҷуд нест.
Умед аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар муҳлати наздиктарин баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда чораандешӣ мекунанд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»