Сафари расмии Пешвои миллат ба Япония

№121 (3915) 06.10.2018

44388727734_b0eedb4a97_o(Идома аз шумораи гузашта)

 Сеюми октябри соли 2018 аз шаҳри Хиросимаи Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба музофоти Киото ташриф оварданд.

Дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ маросими пазироии расмии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава доир гардид.

Зимни сухани шодбошӣ Сарвари давлати мо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баъди истиқболи самимии намояндагони воломақоми ҳукумати музофот ва шаҳри Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Қалъаи Ниҷоҷо» оғоз шуд.

Дар он ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю соя­афкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Киотои қадим 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва «Қалъаи Ниҷоҷо» дар байни онҳо мақоми хоса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Асосгузори «Қалъаи Ниҷоҷо» Токугава Иэясу мебошад. Бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом расидааст.

Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.

«Қалъаи Ниҷоҷо» ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шудааст. Қасри император дар қисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.

Соли 1939 «Қалъаи Ниҷоҷо» ба макони сайру саёҳат табдил дода шуд. Дар ҳудуди он якчанд боғ, дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд аст.

 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Киото ба шаҳри Токио сафар карданд.

Дар шаҳри Токио Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи Сукуба ташриф оварда, бо роҳбари он Кёсуке Нагата ва ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.

Донишгоҳи Сукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар рӯйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон бошад, донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад.

Донишгоҳи Сукуба дорои 9 факултети риштаи бакалавр, 10 факултети риштаи магистратура, инчунин, 7 барномаи докторантура аст.

Айни замон дар донишгоҳ наздик ба 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 2 ҳазору 500 нафарро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар мебошад.

Донишгоҳи Сукуба дар 12 кишвари дунё намояндагӣ дорад, ки онҳо барои барқарор кардан ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф нақши арзанда доранд.

Донишгоҳ бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон низ робитаи хубу босамар барқарор кардааст, Аз ҷумла, байни Донишгоҳи Сукуба ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо  созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Сукуба, инчунин, бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи дӯстона дорад.

Зимнан, бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Доктори фахрии Донишгоҳи Сукуба» сарфароз гардонда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо барномаи таълиму тадриси донишгоҳ дар назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯён баромад карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои олимони донишгоҳ  барои қадршиносӣ ва ба унвони «Доктори фахрӣ» сарфароз гардиданашон, самимона изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Сукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсус таъкид намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи санаҳои асосии таърихи нав­тарини Тоҷикистони соҳибис­тиқлол, аз ҷумла, таҷрибаи нодири сулҳофаринии он, масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ибрози андеша карданд.

Нимаи дуюми 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Япония бо роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока мулоқот карданд, ки дар он масъалаи дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

- Япония яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ бо он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) — ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид намуданд.

Сипас, ҷонибҳо оид ба амалисозии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус, се самти асосӣ — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, табодули андеша карданд.

Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои хусусӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Япония ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муҳим арзёбӣ гардид.

5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо императори Япония Акихито мулоқот карданд, ки зимни он бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикис­тон ва Япония, дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеа қарор дорад ва то кунун байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардидааст.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз робитаҳои таърихию қадимии ду давлат аз сатҳу сифати имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳимияти рушду густариши ҳамкориро дар ин соҳаҳо таъкид доштанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тат­биқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барои  дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Япония дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамчунин, доир ба муҳимияти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими тадбирҳои идоракунии сарҳади давлатӣ, бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ҳам дар доираи дуҷониба ва ҳам дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония», табодули афкори судманд сурат гирифт.

5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима мулоқот ва дар он масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро баррасӣ карданд.

Аз 25 — умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, рушди босуботи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, алоқаи пурсамари мақомоти қонунбарори кишварҳо, татбиқи босамари беш аз 50 санади меъёрии ҳуқуқии ба имзорасида изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Пешниҳод гардид, ки барои ба таври матлуб густариш додани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ Гуруҳи муштараки корӣ оид ба таҳлили заминаи қарордодию ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, имконоти васеи робитаҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла, ҳамкории техникӣ — гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи самараноки неруи инсонӣ баррасӣ ва пешниҳод гардид, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Япония дар Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Ворид кардани сармояи японӣ ва ҳамкории техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ — гуманитарӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди бахши хусусӣ, робитаҳои фарҳангӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Раиси палатаи поёнии Парлумони Японияро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsubishi), Сумитомо (Sumitomo), Соҷитс (Sojitz), МУФГ Банк (MUFG Bank), Кавасаки Ҳеви Индастриес (Kawasaki Heavy Industries LTD.)  мулоқот карданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазои амну суботи кишвар, имконоти васеи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, маълумот доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалби технологияи муосир, сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, зарурати ба роҳ мондани муносиботи зичу пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузории Япония изҳори андеша карданд.

Имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар самти иштироки ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии японӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, алалхусус дар соҳаи тиҷорат, сохтмон, нақлиёту алоқа, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, хӯрока, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва дигар соҳаҳои барои тарафҳо манфиатбахш, муаррифӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, коркарди алюминий, боғдорӣ, заминдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолу коркарди пахта ва бо истифодаи захираи бузурги растаниҳои табиии шифобахш густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ муҳим арзёбӣ гардид. Дар соҳаи фармасевтӣ фаъолияти Корхонаи муштараки «Аввалин» оид ба коркарди растаниҳо ва истифодаи маҳсулот аз онҳо, намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба маънидод шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст ҳамкориро бо Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония оғоз намуда, робитаҳоро таҳким бахшад.

- Тоҷикистон барои ба роҳ мондани тиҷорат ва маблағгузорӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба, имкониятҳои фарох дорад ва мо омодаем, дилхоҳ пешниҳодро барои рушду густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ баррасӣ намоем, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон доираҳои соҳибкории Японияро даъват намуданд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 5 октябр дар шаҳри Токиои Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми назарраси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония дар рушду густариши муносибатҳои байни мақомоти қонунбарор ва таҳкими дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо аз вазъи тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, муколамаи сиёсии байни давлатҳо, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳо сатҳу сифати нав­ро касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб зимни баррасии дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, бо итминон иброз доштанд, ки Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо ва таъмиқи ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои барои кишварҳо судовар саҳми арзанда мегузоранд.

5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио Боғи миллии Шинҷукуро тамошо карданд.

Шинҷуку бо якчанд боғи дигар дар шаҳрҳои Шинҷуку, Сибуя ва Токио ҷойгир аст. Он соли 1906 дар ҷойи бӯстонсаройи Даимё-Наито, ки асрҳои пеш барои истифодаи шахсии император бунёд шуда буд, таъсис ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 58,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар он беш аз 100 ҳазор дарахт, аз ҷумла 1300 навъи сакура парвариш меёбад. Дар мавсими шукуфтани дарахтон боғи Шинҷуку макони дӯстдош­таи сайру саёҳати сокинону сайёҳон мегардад.

Боғ ба се қисм — японии анъа­навӣ, франсузӣ ва англисӣ тақсим шудааст. Дар боғи ботаникӣ ­навъҳои гуногуни растаниҳои тропикӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дар он ­навъҳои нодири платан ва дарахтони лола парвариш меёбад.

Дар фасли баҳор олу, магнолияи сафед ва сакураҳо, дар тирамоҳ савсанҳои нилӣ ва дарахтони зайтун гул мекунанд.

Боғи миллии Шинҷукуро, ки яке аз боғҳои машҳури Токио ба шумор меравад, нигини санъати боғпарварии давраи Мейдзӣ меноманд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамошои боғ таассуроти нек бардошта, ба фаъолияти коргарону масъулони он дар парвариши ниҳолҳои нодиру зебо баҳои баланд доданд.

5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд.

Ба хотири истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Сипас, сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба Парчами давлатии кишвари мизбон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Баъдан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония шинос шуданд.

5 октябри соли 2018 баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамсон ва наздик будани мавқеи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии Япония аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон, қабули Изҳороти якҷоя оид ба дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва дигар омилҳо ба рушду густариши муносибатҳои кишварҳо саҳм гузоштанд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид, ки бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.

Таҷдиди роҳи мошингарди «Дӯстӣ-Панҷи Поён» ва «Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ» намунаи олии ҳамкории ду давлат ва ҷавобгӯйи яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аст.

Ҳамчунин, саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ва Муколамаи «Япония Осиёи Марказӣ» барои таҳкими ҳамкорӣ махсус қайд гардид.

Таъкид шуд, ки аз рӯйи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари америкоиро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд мебошад.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, техникӣ-гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи японӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ низ табодули андеша карданд.

Рушди соҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, истеҳсоли неруи барқ ва дигар манбаъҳо, тарҳрезии барномаи муштараки дарозмуҳлат оид ба азхудкунии иқтидори азими гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ, интиқоли неруи тозаи барқ ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, ба Афғонистону Покистон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарматсевтика аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.

Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ — тиҷоратӣ ҳавасмандии ҳамкории доираҳои соҳибкории Япония барои ҷорӣ кардани тиҷорат дар Тоҷикистон маънидод гардид. Намунаи олии ин ҳамкорӣ фаъолияти пурсамари Корхонаи муштараки «Аввалин» оид ба коркарди растаниҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ аз онҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконоти фарохро муҳайё кардаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори фарҳангӣ — гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Япония ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои вобаста ба таъмини амниятӣ аз саҳми назарраси ҷониби Япония барои таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифт ва 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ имзо карданд.

Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ҳар ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расиданд:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019-2021;

- Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (лоиҳаи JDS);

- Созишномаи грантии лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)»;

- Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии «Токио-2020» миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония, Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикис­тон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳии олии дуҷонибаро натиҷагирӣ карданд.

www.president.tj