Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
26 сентябри соли 2013 дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва аҳли ҷамоатчии ноҳия бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ноҳияи Ҷиргатол намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Хоҷагиҳои инфиродии ноҳия дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ғалладонагиҳо, намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка ва гиёҳҳои шифобахшро ба намоиш гузоштанд. Тавре маълум гардид, кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро сол то сол васеъ намуда, аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меоранд. Ҳосилнокии майдони картошказор дар ноҳияи Ҷиргатол зиёда аз 300 сентнерро ташкил дода, деҳқонон аз кишти ғалладона дар заминҳои обӣ 50 сентнер ва лалмӣ 30 сентнер ҳосил рӯёнидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзонро ҳидоят намуд, ки барои гирифтани ҳосили барзиёд ба интихоби тухмӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва бо ин восита метавонанд аз кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳам бештар ҳосил гиранд.
Шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои парвариши картошка ва боғпарварию чорводорӣ мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия нақша доранд дар соли 2013-ум истеҳсоли картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Дар намоишгоҳ намунаи олии маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол, аз ҷумла навъҳои беҳтарини картошка, пиёз, полезиҳо, пешкаш гардида буд, ки ду дона картошка беш аз як килограмм вазн дошт.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсули меҳнати занбӯриасалпарварон, чорводорон ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол назаррас буд.
Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии картошка дар ноҳияи Ҷиргатол шинос шуд
26 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти Ҷиргатол ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка шинос шуд.
Дар ин минтақа майдони умумии картошка 210 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии картошка ба 300 сентнер мерасад.
Тавре зикр гардид, шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои рушди картошкапарварӣ мувофиқ буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷиргатол дар майдони 4 ҳазору 30 гектар навъҳои серҳосили «Кардинал», «Пикассо» ва ғайра кишт карда шудааст.
Дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти Ҷиргатол 287 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд.
Дар ин хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти Ҷиргатол ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Ҷиргатол дастуру ҳидоятҳо дод.
Ифтитоҳи табобатгоҳи замонавӣ ва маркази варзишию фароғатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
Рӯзи 26 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобатгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ба истифода дода шуд.
Табобатгоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Неъмон Абдусаломов бо харҷи 180 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Оби шифобахши табобатгоҳ аз дараи Тандиқул, ки дар масофаи 26 километр дур аз маркази ноҳия ҷойгир аст, оварда шуда, барои муолиҷаи бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои пӯст, системаи асаб, бемориҳои ишемиявии дил ва ғайра мусоидат мекунад.
Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити табобатгоҳ шинос шуда, зикр намуд, ки хизматрасониро ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то аз минтақаҳои гуногуни мамлакат беморону эҳтиёҷмандон тавонанд муолиҷа гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд.
Дар табобатгоҳ барои беморон тамоми шароит муҳайё карда шуда, меҳмонхона бо 25 ҷойи хоб низ омода гардидааст.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази варзишию фароғатӣ, ки дар шафати табобатгоҳ ҷойгир аст, оғози расмӣ бахшид.
Дар баробари ба истифода додани маркази варзишию фароғатӣ зиёда аз даҳ нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Маркази варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музафар Мирзошарифов дар муддати як сол бунёд гардидааст ва дар ин ҷо дар як вақт то 25 нафар метавонанд ба тамрин машғул шаванд.
Ба Президенти мамлакат маълумот дода шуд, ки дар назди маркази варзишию фароғатӣ ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад ва маркази мазкур метавонад дар оянда ба як маҷмааи калони варзишӣ табдил ёфта, ҷавонону наврасонро ба машқу тамрини бадан фаро гирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободонӣ ва ташкили нави ҷойҳои корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Шиносойӣ бо ҷараёни таълим дар Муассисаи таълимии давлатии литсейи ноҳияи Ҷиргатол
26 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти Муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқат шинос шуд.
Литсейи мазкур дорои шароити мусоиди таълимӣ буда, дар он хонандагон аз рӯйи фанҳои физика, химия, забонҳои русӣ, англисӣ ва техникаи компютерӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар литсей 175 нафар хонанда таҳсил намуда, дар он имкониятҳои донишомӯзӣ сол то сол васеъ мегардад.
Президенти мамлакат дар синфхонаи омӯзиши забони русӣ бо хонандагон мулоқот намуда, онҳоро барои омӯзиши ҳар чӣ бештари донишҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Тавре маълум гардид, сатҳи дониши хонандагони ин муассисаи таълимӣ хеле баланд буда, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини озмоишгоҳи Муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Ҷиргатол бо дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди таълимӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд.
Дар ноҳияи Ҷиргатол як қатор иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхона ва як тарабхона ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат лентаи рамзиро бурида, дар маросими хонадоршавии панҷ ҷуфти ҷавон иштирок намуд.
Президенти мамлакат оилаҳои ҷавонро бо рӯзи хурсандиашон табрик карда, ба онҳо телевизор, қолин ва дигар лавозимоти рӯзгор туҳфа намуд.
Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ ва ба шаш нафар ятими кул дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо пасандоз тақдим карда шуд.
Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷиргатол ҳамзамон ба фаъолияти маркази маъмурию тиҷоратии Ваҳдат-Плаза оғози расмӣ бахшид.
Маркази маъмурию тиҷоратӣ дорои сехи дӯзандагӣ барои 30 ҷойи корӣ ва мағозаи фурӯши матоъ мебошад.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳмиддин Асоев бунёд гардидааст.
Сарвари давлат нахуст ба сехи дӯзандагӣ ворид шуда, бо шароити кории занону духтарон шинос шуд.
Тавре маълум гардид, ин нахустин сехи дӯзандагӣ дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ба ҳисоб меравад. Як сехи дӯзандагии дигар дар деҳоти «Лахш»-и ноҳия фаъолият дорад, ки дар он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷиргатол омода карда мешавад.
Бо ҳидояти Президенти мамлакат соҳибкор уҳдадор шуд, ки боз дар ошёнаи дуюми бино як коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намуда, 100 ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Ҳамчунин маоши кормандонро аз 300 ба 500 сомонӣ мерасонад. Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ як духтари маъюби гурӯҳи як — сокини ноҳияи Ҷиргатол Гулнигор Исмоилова фаъолият дорад, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибмулк ба ӯ тӯли ҳар моҳ 1000 сомонӣ маош медиҳад.
Бо пешниҳод ва ҳидояти Сарвари давлат дар ҷойи мағозаи фурӯши матоъ барои 50 нафар коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода мешавад. Дар оянда кормандони сехи дӯзандагӣ нақша доранд, ки дӯхти либосҳои махсуси кориро низ ба роҳ монда, тамоми муассисаҳои миёнаи таълимиро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намоянд.
Иштирок дар маросими ба истифода додани боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол
26 сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ҷиргатол боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Боғи фарҳангӣ дар як муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба як маркази дилхушии кӯдакон табдил гардидааст.
Боғи мазкур аз маҷмааҳои дилхушӣ ва атраксионҳои гуногун иборат мебошад.
Президенти мамлакат ба шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар боғ шинос шуда, таъкид намуд, ки ба сокинон ва меҳмонон дар оянда хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо фаъолони ноҳия суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Аз ҷумла Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Ҷиргатол ободу зебо гардида, дар ин давра иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Ҷиргатол тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар 400 иншооти муҳим, аз ҷумла 39 пул, 21 мактаби нав ва 20 муассисаи табобатӣ сохта шуда, 52 адад трансформатору зеристгоҳҳои барқӣ харидорӣ ва васл карда шудаанд. Инчунин 76 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир карда шуда, ба 35 деҳаи ноҳия хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст.
Картошкапарварӣ ҳамчун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ сол то сол рушд карда, майдони кишти он бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда васеъ карда мешавад.
Ҳангоми суханронӣ Президенти мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба мамлакати содиркунандаи картошка табдил ёфтааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки истеҳсоли картошка имсол дар ҷумҳурӣ як миллион тоннаро ташкил дода, дар се соли оянда ба 1,5 миллион тонна расонида мешавад.
www.president.tj