Агар ба бозорҳои ноҳияи Лахш ворид шавед, мебинед, ки қариб ҳама маҳсулоти ғизоиро аз дигар манотиқи кишвар ворид намудаанд. Ҳол он ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарварии раиси он Файзулло Баротзода соҳибкоронро дастгирӣ мекунаду барои рушди соҳа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тааҷҷуб аз он аст, ки ҳатто дар фаслҳои баҳор ва тобистону тирамоҳ аз дигар манотиқи кишвар ба Лахш сабзию пиёз, қаланфури булғориву помидор, бодиринг ва ҳатто кабудӣ меоранд. Чаро?!
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ҳар сол афзоиш ёфта, дар давоми ду соли охир (2016 — 2017) аз 253 млн. 145 ҳазор сомонӣ ба 276 миллиону 650 ҳазор сомонӣ расидааст. Мутаассифона, ноҳия бо ин пешравиҳои тадриҷӣ худкифо нест. Ин масъала боиси ташвиши роҳбарият аст ва пайи ислоҳи он пайваста дар талошанд.
Солҳои охир дар ноҳия чанд корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, аммо то ҳол кишоварзӣ соҳаи калидӣ маҳсуб меёбад ва картошкапарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ дар ҳоли рушданд.
Соли 2017 зиёда аз 87 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардид. Имсол майдони кишти картошка аз 2 ҳазор ба 3 ҳазор гектар расонида шуд.
Чорводорӣ низ соҳаи асосӣ ба шумор меравад ва аз қадимулайём сокинони минтақа ба он машғуланд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ саршумори моли майда хеле афзоиш ёфта, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 134 ҳазор сар ва чорвои калон ба 27973 сар расидааст. Ноҳия дорои 100 ҳазор гектар чарогоҳи сералаф аст ва барои рушди минбаъдаи соҳа заминаҳои зарурӣ низ мавҷуд аст.
Табиат ва иқлими Лахш барои парвариши дарахтони мевадор, хусусан, себу нок ва чормағз мувофиқ мебошад. Соли 2017 дар ноҳия 3142 тонна мева истеҳсол гардид. Ҳар сол майдони боғҳо васеъ ва бовар дорем, ки баъди чор — панҷ сол масоҳати онҳо ду баробар зиёд мешавад. Зарур аст, ки боғпарварон соҳибмаърифат бошанду ба ғизодиҳии даврагӣ ва пайванди навъҳои беҳтарини себу нок ва сари вақт истифода бурдани заҳрхимикатҳо эътибор диҳанд. Эътироф бояд кард, ки на ҳамаи боғпарварон ба маслиҳати мутахассисон гӯш медиҳанд.
Бешубҳа, рушди иқтисодиёт ба соҳаҳои номбурда рабт дошта, боиси зиёд гардидани маҳсулоти гуногун ҳамчун ашёи хом ва таъсис ёфтани корхонаҳои саноатӣ, фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар хонавода мегардад.
Барои соҳибкорони муваффақу кордон замони омӯхтани таҷрибаи кории мутахассисони шаҳру ноҳияҳои пешрафтаи саноатии ҷумҳурӣ фаро расидааст.
Бозоршиносӣ (маркетинг) дар дунё ба илми зарурӣ табдил ёфтааст ва пеш аз ба бозор баровардани молу маҳсулот омӯхтани вазъу талаботи он шарт ва зарур мебошад. Мунтазир нишастан, ки тоҷирон аз дигар ҷойҳо омада, маҳсулоти бо заҳмати зиёд истеҳсолгардидаро бо қимати ночиз гирифта мебаранд, соҳибкорӣ нест. Бояд онҳое, ки бо заҳмати ҳалол маҳсулоти зиёд аз замин истеҳсол менамоянд, пайи фурӯши онҳо талош кунанд. Даромади хуб муҳаббати кишоварзро ба касб зиёд гардонда, имкон медиҳад, ки боқии маблағро барои рушди соҳа ва васеъ намудани фаъолият сарф кунад.
Инчунин, бамаврид медонем, ки назарамонро дар бобати ғаллакорӣ, занбӯриасалпарварӣ, мурғпарварӣ ва сабзавоткорӣ иброз намоем.
Ба ғаллакорӣ асосан қисми муайяни аҳолии деҳоти «Сурхоб», «Сартало», «Қашот», «Лахш», «Муксу» ва «Алғаб» машғул мебошанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ҳатто барои таъмини солонаи рӯзгорашон басанда нест.
Парвариши мурғ шуғли қадимаи мардуми Лахш аст. Сокинони деҳаҳо на бо мақсади ба бозор баровардани гӯшти мурғ ва тухм, балки барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор машғули ин кор мегарданд, вале аксарият ҳатто худро бо гӯшту тухм таъмин карда наметавонанд. Хуллас, мурғпарварӣ дар сатҳи оилавӣ низ ба таври назаррас рушд накардааст.
Кишти сабзавот барои сокинон он қадар писанд нест. Агар равшантар гӯем, онҳо барои ривоҷи соҳа ҳаракат намекунанд. Ҳол он ки ба хотири ҷоннок намудани кор дар ин самт ҳар сол аз ҷониби мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ суҳбату машваратҳо баргузор мегарданд. Бояд қайд кард, ки пиёз, помидору бодиринг, сирпиёз (чеснок), булғорӣ, нахӯд, боимҷон, карам, шалғам, сабзӣ, кашниз, каду, харбузаю тарбузи пешпазак дар ноҳия хеле хуб парвариш меёбанд. Шумораи ниҳоят ками аҳолии деҳот худро бо сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, лӯбиё, каду, қаланфур таъмин месозанду халос.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки усули парвариши зироатҳои ғаллагию полезӣ дар ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат, водии Ҳисор, як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Хуб мебуд, ки таҷрибаи онҳо мавриди омӯзиши кишоварзони Лахш қарор бигирад.
Баҳонаи аввал ин аст, ки дар қисмати зиёди заминҳои корами обӣ картошка кишт карда мешаваду имкони парвариши дигар зироатҳо боқӣ намемонад. Ҳол он ки хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони аз 0,50 га ва қисми кам дар 2-3 га картошка кишт менамоянд, ки он на зиёда аз 40 -70 фоизи замини мавҷударо дар бар мегирад. Пӯшида нест, ки дар қисмати зиёди заминҳои корами аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ алафҳои бисёрсола — эспарсет, юнучқа, гандум, ҷав, кишт мешавад.
Дар ноҳия шумораи умумии оилаҳои занбӯри асал ба 5 ҳазор расида, истеҳсоли он ҳар сол қариб 100 тоннаро ташкил медиҳад. Аз далелҳои мавҷуда маълум мегардад, ки ин соҳа низ фоидаовар нест.
Моҳипарварӣ ҳам рушд накардааст, аҳён — аҳён дар мағозаҳо моҳӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки он ҳам воридотӣ аст.
Метавон гуфт, ки дар сурати рушд ёфтани соҳаҳои мурғпарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, сабзавоткорӣ (обчакорӣ), зироатҳои лӯбиёгӣ талаботи истеъмолии аҳолӣ қонеъ гардонида мешавад ва иқтидори иқтисодии ноҳия пеш меравад.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати панҷсола (2016 — 2020)» дар қатори дигар ҳадафҳо масъалаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ ва саноатикунонии иқтисодиёт пеш гузошта шудааст.
Биноан, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахшро мебояд дар ин ҷода беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд.
Акбар РИЗВОН, рӯзноманигор, Диловари МИРЗО, «Садои мардум»