Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» аз 18 августи соли 2018, №101 (3895), ки ба қалами кормандони ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» — С. Гулов, И. Қараев, М. Хоҷаев ва Т. Тошов тааллуқ дорад, чунин иттилоъ медиҳад:
1. Вобаста ба масъалаи додани ваколатҳои бебаркаши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ».
Мутобиқи банди 6 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05 соли 2011, №250 тасдиқ гардидааст, вазорат ҳуқуқ дорад иҷрои баъзе аз масъалаҳои низомномаи мазкурро ба зиммаи ташкилоту муассисаҳои нақлиётии зертобеъ диҳад. Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт дар замимаи 4-и қарори зикршуда муайян шудааст.
2. Вобаста ба ҳалномаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар асоси хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби №4-4-26 аз 11.01.2018) ҳалнома ба Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мансуб буда, ба Оинномаи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ягон алоқамандӣ надорад. Зеро, корхонаи мазкур бо роҳи азнавташкилдиҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017, №335 ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» табдил дода шудааст ва Оинномаи он дар таҳрири нав бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»-ро зарур аст, ки мафҳуми корхонаи воҳиди давлатиро аз муассисаи давлатӣ фарқ намоянд.
3. Дар бораи «Дастурамал оиди тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхат».
«Дастурамал оиди тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхат», ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши №75, аз 12.06.2011. тасдиқ гардидааст, бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Он ҳамчун ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2011, №18 ба қайд гирифта шуда, иҷрои он барои муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ (корхона, ҷамъият ва ташкилоти нақлиётӣ), новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ, ҳатмӣ мебошад.
Тибқи моддаи 89-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади номбаршуда аз қайди давлатӣ гузашта, баъди интишори расмӣ барои истифодабарандагони варақаи роҳхат хусусияти умумиҳатмӣ пайдо намудааст.
Мутобиқи банди 2.2. Оинномаи Муассисаи давлатиии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №172 тасдиқ гардидааст, таъмини корхонаю ташкилот ва ҷамъияту муассисаҳои наклиёти автомобилиро, новобаста аз шакли моликият, бо варақаҳои роҳхату борхат ба ваколати муассисаи мазкур вогузор кардааст.
4. Вобаста ба «Қоидаҳои гузаронидани озмуни (тендер) кушод барои пайдо кардани ҳуқуқи мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои доимоамалкунанда».
«Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон», ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши №214 аз 25.11.2011. қабул гардидааст, дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2012, №681 ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармоишҳои номбурда, ки бо тартиби муқарраргардида қабул шудаанд, айни замон мавриди амал қарор дошта, ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва иҷрои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
Мутобиқи муқаррароти қоидаҳои мазкур, ташкилкунанда ва раисикунанда дар баргузории озмун бо мақсади пайдо намудани ҳуқуқ барои хизматрасонӣ дар хатсайрҳои доимоамалкунандаи байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии ҳамлу нақли автомобилии мусофирон ва тақсимоти ҷадвали ҳаракат дар байни онҳо, намояндаи мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Мутобиқи банди 3.1. Оинномаи Муассисаи давлатиии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №172 тасдиқ гардидааст, барои хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мусофирбарӣ байни интиқолдиҳандагон гузаронидани озмун (тендер) ба ваколати муассисаи мазкур вогузор аст.
5. Дар хусуси эътирози Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №7-нд-2011/13 аз 21.11.2011.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати нақлиёт бо мактубҳои №1(5.1)-170 аз 09.02.2012. ва 1(5.1)-446 аз 11.04.2012. ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътироз ҷавоб ирсол намудааст. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдорро аз 11.08.2014, №7-нд-2014/19 оид ба сари вақт иҷро гардидани талаботи эътирозҳо фиристодааст.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ягон амру пешниҳод ва эътирозҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти назоратӣ беътиноӣ ва ё бепарвоӣ зоҳир накардааст.
6. Вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №32 «Дар бораи Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ».
Талабот ва муҳтавои банди 3-и қарори болозикр ба эҳтиёҷоти варақаҳои баҳисобгирии ҳисоботи қатъии соҳаҳои мухталиф алоқаманд аст.
Вобаста ба иҷрои он қаблан Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдорро аз 07.11.2017, №1-04/2775 бо дарназардошти эҳтиёҷоти солонаи соҳа, инчунин, бақайдгирии намунаи роҳхату борхатҳо, ирсол намудааст. Дар ин асос, аз ҷониби Вазорати фарҳанг варақаҳои роҳхат мутаносибан аз рӯи шакл таҳти рамзҳои 99/1, 99/2, 99/3, 99/4, 99/5 аз 04.10.2017. ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ медиҳем, ки дар асоси мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2017, №1-4/2775 мутобиқи банди 2 «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхатҳо» (дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рамзи №625 аз 28.09.2011. ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва хусусияти умумиҳатмӣ дорад), варақаҳои роҳхат дар КВД КТН «Шарқи озод» ва ё дар ҶДММ «Ганҷ-нашриёт», дар асоси дархости мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бояд чоп карда шаванд.
Ба дархости такрории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №32 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ пешниҳод намуд, ки: «Дар ҳақиқат, аз ҷониби Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъии истеҳсолшуда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда (роҳхатҳо ва борхатҳо) дархост пешниҳод гардид, вале аз ҷониби Ассотсиатсия намуди ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъии истеҳсолшуда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда (роҳхатҳо ва борхатҳо) пешниҳод ва ба қайд гирифта нашудааст».
7. Оид ба масъалаи нархномаи хизматрасониҳои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ».
Хизматрасонии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Нархномаи хизматрасониҳои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ба роҳ монда шудаанд, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
8. Масъалаи ба талаботи қонунгузорӣ мухолифат намудани ҳуқуқҳои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷиҳати ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул будани корхона.
Тибқи қисми 1 моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ташкилоте, ки молик барои амалӣ гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ё вазифаҳои дигари дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса номида мешавад».
Аммо дар сархати дуюми ҳамин модда ишора ба моддаи 313 ва 315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шудааст, ки аз ҷониби муаллифон ба назар гирифта нашудааст. Тибқи банди 2 моддаи 315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Агар мутобиқи санади таъсисотӣ ба муассиса иҷозат дода шуда бошад, ки ба фаъолияти даромаднок машғул шавад, дар он сурат даромад ва амволи аз ин даромад бадастовардашуда пурра ба ихтиёри муассиса гузашта, дар суратҳисоби алоҳида гирифта мешавад», ҳамзамон муқаррароти банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2017. «Дар бораи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки «Фаъолияти Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»- ро аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа амалӣ намояд.
9. Вобаста ба тавозуни МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ».
Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар тавозун ба маблағи 345831 сомонӣ воситаҳои асосӣ, аз ҷумла иншооти зеринро доро мебошад:
«Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиётии Хуҷанд»;
Ошёнаи 6-7 бинои КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ».
Бо дарназардоши далелҳои боло қайд менамоем, ки амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд.
Хуб мебуд, агар масъулини ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» низ ба ҷойи эътироз дар қатори дигар соҳибкорону ширкатҳои хусусӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз қабили терминал, корхонаву муассиса ва ё воридсозии нақлиёти муосири замонавӣ дар рушди соҳа саҳм мегузоштанд.
Х. Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон