6 октябри соли 2018 таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласа баргузор ва дар он фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли ҷорӣ баррасӣ гардид.
Муовини раиси вилоят Умедхоҷа Зоирзода қайд кард, ки иҷрои нақшаи андозҳо 101,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 771,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 14,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, ба соҳаҳои иқтисодӣ 753 ,1 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ равона гардиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ ба 8 миллиарду 629 миллион сомонӣ расид ва 100,2 фоизи нақшаро ташкил дод.
То 4-уми октябри соли равон иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 144,5 дарсад таъмин гардид. Дар ин давра аз вилоят 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14,5 ҳазор тонна зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5 миллиарду 215,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Яъне, 808,4 миллион сомонӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли 2018 дар вилоят 56 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 874 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Инчунин, 160 иншоот ба маблағи 179,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 11 муассисаи таълимӣ бо 2604 ҷойи нишаст, 1 неругоҳи барқӣ обӣ, 77 маркази савдою дӯкони тиҷоратӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ ва зиёда аз 1280 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 142,2 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардид.
Ҳамчунин, дар баробари баррасии вазъи рушди соҳаҳои нақлиёт ва роҳ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ғайра раиси вилоят ба масъулини соҳаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба сари вақт иҷро намудани қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, сарчашмаҳои андозбандӣ, беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили дар саҳробудаи пахта, ба кор омода намудани корхонаҳои равғанбарорӣ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сулаймон СУЛТОНОВ,«Садои мардум»