ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» доир ба ҳалли масъалаи гузоштаи рӯзноманигор С. Наҷмиддинзода, таҳти сарлавҳаи «Донишҷӯён ба дарс дер намемонанд, агар…», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти № 113 (3907) 18 сентябри соли 2018 нашр гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки пештар ҳам ҶДММ «Терминали мусофирбар» -и шаҳри Ҳисор барои хизматрасонии шаҳрвандон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар хатсайри дар мақола зикргардида 4 адад нақлиёти мусофирбари хурд (микроавтобус) вобаста карда буд.
Аммо бо сабаби он ки нархномаи роҳкирои автобусҳои хурд ва таксиҳои хатсайргард он замон баробар, яъне 1 сомонӣ буд, мусофирон бештар нақлиёти сабукрави «таксӣ»-ро интихоб менамуданд. Аз ин лиҳоз, хизматрасонии нақлиётӣ ба воситаи микроавтобусҳо дар хатсайр зараровар ва хизматрасонӣ ба мусофирон дар он нолозим дониста шуд.
Алҳол масъалаи кушодани хатсайр, тақсимоти автомобилӣ ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёт тааллуқ дорад. Шаҳрвандон метавонанд оид ба ҳалли масъалаи мазкур ба он дархост пешниҳод намоянд.
С. ГУЛОВ, директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»