Меҳрубонӣ кун ба ҷашни меҳргон

№126 (3920) 18.10.2018

123123Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адиб, муаллифи китоби «Идҳои ориёӣ» Султонмуроди Одина дар робита ба ҷашни Меҳргон андешаҳояшро ба хабарнигори мо чунин иброз дошт:

- Ниёкон ҷашни Меҳргонро баъди Сада ва Наврӯз дар фасли тирамоҳу оғози зимистон таҷлил мекарданд. Калимаи Меҳргон, ки аз решаи меҳр бо пасванди «ҷамъсоз» сохта шудааст, ишора ба маҳал, ашёи ҷамъ мекунад.

Дар даврони қадим ғолибони сол дар моҳи Боғиёдиш қадрдонӣ мешуданд. Боғиёдиш исми моҳ буда, маънояш иди бағ, иди Митро-худои офтоб аст. «Бағ» дар порсии қадим ба маънои худоён истифода мешуд, ки баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил ёфтааст. Дар суғдӣ моҳи иди «бағ» (ё ба суғдӣ «фағ») маънои меҳр-офтоб­ро дорад. Тибқи нишондодҳои таърихӣ, рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фаришта Фурӯғ будааст. Калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, офтоб, меҳрро дорад. Хулоса, Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми Меҳрмоҳ ҳамчун иди офтоб ҷашн гирифта мешудааст.

Калимаи Меҳргон, инчунин, маъноҳои дигарро, аз қабили меҳру муҳаббат, номи рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ, номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки офтоб дар бурҷи мизон қарор дорад ва ибтидои фасли хазон (тирамоҳ) аст, низ дорост. Аз ҳама муҳимтар, Меҳргон номи яке аз идҳои қадимтарини мардуми ориёинажод аст.

Аввалҳои пайдоиш ин ид шояд ҳамчун иди шукронаи офтоб, файзу баракати он қайд карда мешуд. Чунон ки маълум аст, форсизабонон дар қадим танҳо ду фасл — тобистон ва зимистон доштаанд. Онҳо ҷашни Наврӯзро оғози тобистон ва ҷашни Меҳргонро оғози зимистон меномидаанд. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ба моҳҳои муайян тақсим шуданд.

Меҳргон иди оғози фасли зимис­тон, ҷамъбасти тирамоҳу тобистон, ҷамъоварии ҳосил будааст.

Ҷашни Меҳргон ба давраи эътидоли тирамоҳ ё оғози тирамоҳ, яъне рӯзи шонздаҳуми моҳи ҳафтуми шамсӣ-меҳрмоҳ (аз 23 сентябр то 22 октябри солшумории мелодӣ) рост меояд. Суоле матраҳ аст, ки чаро давраи ҷашнгирии Меҳргонро як моҳ муайян кардаанд?

Ҳол он ки рӯзи меҳр ё шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқи солшумории шамсӣ (яздигурдӣ) ба 16 октябр рост меояд. Тавре аз «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» ва ҷадвали нуҷумшиносӣ маълум мегардад, дар иди Меҳргон офтоб дар бурҷи мизон қарор мегирад. Албатта, ба бурҷи мизон даромадан ва аз он баромадани офтоб як моҳро (аз 23 сентябр то 22 октябр) ташкил медиҳад. Дар гузашта дар пайравӣ ба санаи ҷашни Наврӯз, ки дар вақти эътидоли баҳории шабурӯз оғоз меёбад, оғози иди Меҳргонро низ замони баробар шудани рӯзу шаби тирамоҳӣ донис­таанд.

Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда, гуфта буд: «Ин ид барои умуми мардум аст».

Тибқи ишораҳои таърихӣ, рӯзи оғози ҷашни Меҳргонро «Меҳргони омма» меномидаанд ва шаш рӯз идома меёфтааст. Рӯзи охирини онро, ки Ромрӯз ном доштааст, «Меҳргони хоса» мегуфтаанд. Дар гузашта ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ доир мекардаанд. Ҳатто шоҳони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ мерақсидаанд. Дар ин рӯз ҳамагон — аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшиданд. Дар даврони Фаридун анъанае будааст, ки мардум ба миёни худ рӯймоли махсус баста, суруд замзама мекардаанду дар вақти тановули таом сухан намегуфтаанд. Замзама кардани суруд маънои зери лаб сароиданро доштааст.

Абӯрайҳони Берунӣ менависад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Мутобиқи он дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи офтоб бо овози баланд чунин мегуфтааст:

- Эй фариштагон, ба дунёи поин оед ва шаётину шаррҳоро бандубаст кунед ва онҳоро аз олам дафъ намоед!

Салмони форс мефармояд, ки Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷад­ро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ, ин ду айём бо фазл ҳамчун ёқуту забарҷад ҳастанд.

Дар миёни мардум то ҳол ривояте ҳаст, ки гурӯҳе Наврӯзро аз Меҳргон ё баҳорро аз тирамоҳ афзал мешумориданд ва бархе баръакс, Меҳргонро аз Наврӯз ва тирамоҳро аз баҳор. Ҳар ду ҳам далелҳои ­худро доранд, ки онҳо аз чашмаи саршори куҳани таърих об хӯрдаанд.

Як гурӯҳ аз даврони қадим Меҳргонро ба охири умр, хазони зиндагӣ, наздикшавии қиёмат нисбат медодаанд, зеро ҳама мавҷудоти сабзидаю сабзанда дар фасли тирамоҳ хазон мегардад. Дар айёми Наврӯз бошад, баръакс, замини хуфта бедор мешавад, сабза нумӯ мекунад, гул мерӯяд, хулоса зиндагӣ оғоз мегардад.

Ақидаи дигар он аст, ки дар Меҳргон замин, мавҷудот, наботот ҳосил медиҳанду инсон барои зиндагии ояндаи худ аз онҳо истифода мебарад. Аз ин рӯ, Меҳргон ё тирамоҳро аз Наврӯз беҳтар мешуморанд. Дар ин маврид нақле маъруф аст, ки рӯзе Искандар аз устодаш Арасту мепурсад:

- Тирамоҳ бартар аст ё баҳор?

Арасту мегӯяд:

- Подшоҳо, дар баҳор ҳашароту газанда зиндагӣ оғоз мекунанд ва нашъу­намо меёбанд. Тирамоҳ бошад, оғози аз байн рафтани онҳост. Пас тирамоҳ аз баҳор беҳтар аст.

Ин афзалшумориҳо табиӣ буда, аз афкори гуногуни аҳли ҷомеа, олимону мутафаккирон гувоҳӣ медиҳанд ва ҳақ доранд, ки чун афкори гуногунандешӣ дар ҳаёт ҷой дошта бошанд.

Дар рӯзи Меҳргон гузаштагонамон дастархоне мегустурдаанд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯида оро медодаанд. Аз ҳафт навъи зироат — гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепухтаанд. Гоҳо бо истифода аз найшакар (ё шакар), турунҷ, себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда) ангури сафед ва меваҳои гуногуни нав хушккардашуда навъи нонро ба 12 адад мерасондаанд. Инчунин, дар рӯи хон меваҳои тару тоза, шохаҳои гулу найшакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузош­таанд. Рамзи ин ороиш дар он будааст, ки ин маҳсулотро дорои фоли нек ва хосияти хуб медонистаанд.

Ҷашни Меҳргон бо гуногунрангии худ, ки дар даврони қадим ва махсусан, дар аҳди Сосониён, хеле тараққӣ карда буд, минбаъд бо тағйи­ри шакл дар аҳди хилофати араб, давлатҳои Тоҳириёну Саффориён дар байни халқ маъруфу машҳур гардид.

Аз ин ҷо ин идро низ чун Садаю Наврӯз ба ягон дин тааллуқ донис­тан раво нест. Рост, ки иди Меҳргон дар замони Зардуштиён тараққӣ ёфт, вале бо паҳншавии дини мубини ислом мазмуни нав пайдо кард. Дар давраи шӯравӣ шаклан тағйир ёфта бошад ҳам, мазмун, мундариҷа ва ғояашро нигоҳ дошт.

Дар ҷашни Меҳргон мардум ҳашарҳо ташкил мекарданд, хонаҳояшонро оро медоданд, либосҳои тоза ба бар карда, сайругашт менамуданд ва базмҳо меоростанд. Махсусан, дар аҳди Сомониён ин ҷашн бо тантанаи ба худ хос қайд карда мешуд. Гувоҳи ин ашъори аз устод Рӯдакӣ боқимонда мебошад, ки нисбат ба Меҳргон гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад…

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту ҷавон омад.

Масъуди Саъди Салмон бошад, калимаи меҳрро бо санъати таҷнис ба мафҳуми меҳрубонӣ кардан омехта, хеле дилнишин гуфтааст:

Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,

К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.

Ҳоқонӣ низ бо мақсади зебоии хандаи маъшуқаро тасвир намудан аз шаҳомати иди Меҳргон устодона истифода бурдааст:

Лаъли ӯ бозори ҷон хоҳад шикаст,

Хандаи ӯ Меҳргон хоҳад шикаст.

Маъруфии иди Меҳргонро боз дар он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи фарҳанги миллии аҷдодамон сурудҳои мавсимию маросимии «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд», «Меҳргонӣ» маълуму машҳур аст, ки оҳангҳои онро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, баъди асри XVI ду силсиласуруди нахустин аз байн рафт ва аз «Меҳргонӣ» чун як гӯшаи сози «Дувоздаҳмақом» танҳо ном мондааст.

Хулоса, ҷашни Меҳргон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо қонунан эҳё гардидааст, бояд бо тамоми шаҳомати таърихӣ вобаста ба шароиту имконият ҷашн гирифта шавад.

Солҳои охир, дар он моҳе, ки иди Меҳргон меояд, дар мамлакати мо ҷашнҳои гуногун бо номҳои «Иди асал», «Иди харбуза», «Иди ҳосилот» ва ғайраро баргузор менамоянд. Агар ин гуна идҳо, азназаргузаронию мусобиқаҳо зери парчами иди Меҳргон дар як рӯз, дар рӯзи аниқи ҷашн, яъне 16 октябр, бо истифодаи суннатҳои қадимаи он гузаронида шавад, ҳам ҳақиқати Меҳргон муайян мешуду ҳам таърихи аслии ин ҷашни миллӣ дубора эҳё мегардид.

Дар мамлакат бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот, баргузории озмунҳои гуногуни соҳавӣ, фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ҷашн гирифтани ин иди бузурги миллӣ мувофиқи матлаб аст. Агар дар ин раванд истифода аз суннатҳои иди Меҳргон, масалан, оростани хони идона, тоҷгузории рамзӣ, пӯшидани либосҳои арғувонӣ, додани либосҳои зимистонаю тирамоҳии низомӣ, бастани миёнбанди хоси иди Меҳргон, ниҳоят додани маълумоти муфассал доир ба таърихи иди Меҳргон ба роҳ монда шавад, ҳусни ин ҷашнро беш аз пеш меафзояд. Ин амалҳо боз аз он ҷиҳат муфиданд, ки пайванди наслҳоро таҷассум намуда, барои тарбияи меҳнаткашон, махсусан, ҷавонон, аҳамияти калони омӯзишӣ доранд.

Таснифи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»