Дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Оид ба вазъи экологии Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ва «Омӯзиши корҳои барқарорсозӣ ва ҳифзу ҳимояи ҷангалзор аз буриши ғайриқонунӣ ва сӯхтор» баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории нишасти имрӯза баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки мардум дар ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ҷиҳати ба таври самаранок истифода бурдани арзишҳои муҳити зист мебошад. «Бешаи палангон» 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст ва дар ҳудуди он 480 намуди растаниҳо, намудҳои ҳайвонот ва 214 намуди паррандаҳои нодир зиндагӣ менамоянд.
Сипас, аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома вакили Маҷлиси намояндагон Бадриддин Садриддинов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки масоили экологӣ имрӯз яке аз муҳимтарин афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Мо хуб огоҳ ҳастем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ҳифзи муҳити зист ва пешгирии офатҳои экологӣ аз масъалаҳои муҳимтарини имрӯзаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019 қабул шудааст, ки он ҳуҷҷати асосии давлат- муайянкунандаи самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, таъмини мувозинати захираҳои солими ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин роҳҳои барқарорсозии фазои экологии вайроншуда ба шумор меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои номбурдаро ба нақша гирифт, ки дар ҷаласаи сайёри имрӯз баррасӣ гардида истодаанд.
Афзалияти фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро нисбати манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ ба инобат гирифта, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» қабул шуда буд. Бо дарназардошти тағйиротҳои баъдӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкур дар таҳрири нав аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор пешниҳод ва қабул гардид.
Яке аз вазифаҳои асосии мамнуъгоҳҳо тибқи қонуни мазкур ин ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқарорсозии олами набототу ҳайвоноти нодир, пешбурди мониторинги биологӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ мебошад.
Вобаста аз муҳимияти масъала аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-2015» қабул шудааст. Дар асоси ин барнома нақшаи чорабиниҳои илман асоснок таҳия ва қабул гардидаанд.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнуъгоҳи минтақаи табиии биёбону туғайзори Тоҷикистон мебошад.
Мамнуъгоҳи мазкур ба мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти гуногун, ки зери хатари нестшавӣ қарор доштанд, дар масоҳати 49786 гектар таъсис дода шудааст.
Дар экосистемаи табиии мамнуъгоҳи мазкур ҷамъ 19 намуди ҳайвоноти нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил мебошанд, ҳифз ва нигоҳ дошта мешаванд.
Мо дар ҷаласаи имрӯза мехоҳем, ки аз мақомоти дахлдор оид ба иҷрои нақша- чорабиниҳое, ки дар асоси барномаи давлатӣ қабул гаштаанд, оид ба ҳифзу нигаҳдории олами набототу ҳайвоноти мамнуъгоҳ, амалисозии корҳои мақсадноки илмӣ-таҳқиқотӣ, корҳои таблиғоти экологӣ, ҷудо намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи муҳофизатӣ (буферний зона), корҳои амалисозии самарабахши биотехникӣ ва бақайдгирӣ иттилооти зарурӣ пайдо кунем.
Ҳамчунин мехостем, дар бораи сарфи маблағҳои буҷетӣ, кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва истифодабарии онҳо маълумот дода шавад.
Дар робита ба ин аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба пешравӣ ва мушкилот дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» гузориши муфассал ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст.
Мо боварӣ дорем, ки мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар раванди ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвонот тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати амалӣ гаштани мақсаду вазифаҳои дар наздашон гузошташуда корҳои мушаххасро анҷом додаанд.
Ҳамчунин аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов, Махфират Хидирова, Амир Қарақулов, Акрамшо Фелалиев, Лутфулло Саидмуродов, Олимҷон Сафаров, Нодира Турдиматова, мушовири калони Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Холов, сардори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Нуралӣ Саидов, директори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Нуриддин Сайфуллоев ва дигар ширкаткунандагони ҷаласа баромад намуда, пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.
Зикр шуд, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиаш вобаста ба масъалаҳои экологии минтақа ва иншооти гуногуни хоҷагии халқи кишвар бо иштироки масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, мутахассисон ва коршиносони соҳаи мазкур нишастҳо баргузор намудааст, ки ҳамаи ин чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва бартараф кардани мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда бахшида шудаанд.
Муҳамадато Султонов