Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№131 (3925) 30.10.2018

31760272668_4e0a0c5ba0_oИмрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст «Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018» ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018-ро таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъмини сифатноки нақшаи иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2018, татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои давлатӣ барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содироти молу маҳсулот, роҳандозии фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ дода шуданд.

Сипас, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 — 2021, «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021 гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ бо мақсади татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ кардани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт, таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, дар маҷлис масъала «Дар бораи ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қарори дахлдор барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ворид кардани иншооти зарурӣ ба он баъди аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзур кардани таклифу пешниҳодот таҳия гардидааст.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода гузориш дод. Таъкид гардид, ки лоиҳаи он бо мақсади эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷоннок карда, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумиро таъсис диҳанд. Дастурҳои дигар барои эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дода шуданд.

Баъди муҳокима хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ», «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» ва «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2023» низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар анҷом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сӯхт ва озуқа, омодагии иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар фасли сармо, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj