Пешниҳод

Кинотеатри тобистонаи «Ташкент» эҳё мегардад?

№134 (3928) 08.11.2018

IMG_20181005_101425Ин манзара дар сарҳади ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ, минтақае аксбардорӣ шудааст, ки роҳи нақлиё­тии хиёбони Саъдии Шерозиро бо кӯчаи Айнӣ мепайвандад. Дар ин баландӣ, ки аз тарафи чапи роҳ ҷойгир аст, дар даврони шӯравӣ кинотеатри тобистонаи «Ташкент» мавҷуд буд.

Дар он айём театри тобистонаи назди чойхонаи машҳури «Роҳат», ки айни ҳол вуҷуд надорад ва кинотеатрҳои тобистонаи «Ватан», ба номи М. Горкий ва «Ташкент» ҷойҳои писандидатарини ҷавонони пойтахт ва меҳмонони он дар шомгоҳони фасли гармо маҳсуб меёфт. Дар рӯзҳои баргузории намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ дар театри тобистона бештари хоҳишмандон бо сабаби нарасидани ҷой дар кӯча мемонданд. Дар аксар маврид дар кинотеатрҳо чиптаҳо аз миқдори ҷойҳои нишаст бештар фурӯхта мешуд ва дар роҳравҳо курсиву харакҳои иловагӣ мегузоштанд. Болои дарахтони гирду атрофи кинотеатрҳои ба номи М.Горкий ва «Ташкент» аз тамошобинон пур мешуд. Оре, чунин буд он замон.

Кинотеатри тобистонаи «Ташкент»-ро, ки дар ҳамон айём низ рамзи дӯстиву бародарии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб меёфт, гулбоғи хеле зебо ва дарахтони осмонбӯс иҳота менамуданд ва он ба ҷойи дӯстдоштаи ошиқон табдил ёфта буд. Имрӯз ҳам ин мавзеъ ҷойи писандидаи ошиқон аст.

Вале, пас аз пошхӯрии давлати шӯравӣ, солиёни зиёд ин мавзеъ ҳолати ҳузнангез дошт. Бинои харобгаштаи кинотеатр табъи ҳар бинандаро хира менамуд. Дертар ин манзара роҳбарони вақти ноҳия ё шаҳрро низ хуш наомад, ки бинои кинотеатрро аз байн бардоштанд. Акнун дар ҷойи он теппаи ноҳамвору валангоре боқӣ мондааст.

Шояд роҳбарияти пойтахт дар мавриди ин мавзеъ нақшаҳои худро тарҳрезӣ карда бошад, вале мо пешниҳод менамоем, ки дар ин баландӣ на тарабхонаву меҳмонсаро, балки муассисаи фарҳангие мисли амфитеатр ё кохи кинову консерт бунёд шавад ва ҳамчун рамзи дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек онро мисли пешин «Ташкент» ё «Тошканд»  номгузорӣ намоянд.

Аз ҷониби дигар, яке аз бандҳои «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2020», ки чанде пеш тасдиқ шуда буд, иҷро мешавад. Бешубҳа, чунин иқдом ба таҳкими муносибатҳои дӯс­тонаи мо бо кишвари дӯст ва ҳамсояи Ӯзбекистон  мусоидат хоҳад намуд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»