Калонтарин корхонаи истеҳсоли трансформатор дар вилояти Хатлон — ҶСК «Трансформатор», ки солҳои охир ба мушкилот дучор шуда буд, дубора ба фаъолият шурӯъ ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 300 трансформатор истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд мебошад.
Бино ба қавли директори он Назаралӣ Давлатшоев, харидори асосии трансформаторҳои корхона ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад. Тибқи фармоиши ширкати мазкур то охири сол боз 180 трансформатор истеҳсол карда мешавад.
Корхона ашёи хомро 70 дарсад аз Федератсияи Россия ва боқимондаро аз давлатҳои Ӯзбекистону Хитой харидорӣ менамояд.
- Айни ҳол мо танҳо Тоҷикистонро бо трансформатор таъмин мекунем. Дар нақша аст, ки содироти онро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ба давлатҳои Ӯзбекистону Афғонистон, ба роҳ монем, — мегӯяд Назаралӣ Давлатшоев.
Ҳамчунин, корхона барои ворид намудани таҷҳизоти муосир бо ширкати «Лумин»-и Чин шартнома бастааст. Баъди ворид гаштану насби таҷҳизот роҳбарияти корхона ният доранд, ки истеҳсоли трансформаторҳои то 2,5 ҳазор киловат амперро ба роҳ монанд. Ҳоло дар ин ҷо трансформаторҳои иқтидораш то 1000 киловат ампер истеҳсол мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»