Тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

DSC_0363

3 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсонро, ки ҷиҳати баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур ба кишвари мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Ба ҳайат муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Х.А. Арутунян, узви Кумитаи Мажлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Р.К. Серпеков (муовини раис), котиби Кумитаи Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба рушди иҷтимоӣ-фарҳангӣ Х.Х. Валиев, узви Кумитаи Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба корҳои байналмилалӣ И.К. Қодиралиев, муовини Котиби генералии Шӯрои АБП-и давлатҳои иштирокчии ИДМ – намояндаи Парламенти Ҷумҳурии Молдова И.Н. Липчиу, узви Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба сиёсати иҷтимоӣ Т.В. Заболотная, раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба ҳифзи сиҳатӣ С.В. Калашников (муовини раис), муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон А. В. Кузмина, узви Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба ҳифзи сиҳатӣ Р.Х. Натхо, намояндаи иҷроияи Хазинаи СММ оид ба бахши аҳолидории Федератсияи Россия Л.И. Бардакова, директори барномаи Иттиҳоди байналмилалии «Муҳоҷирати меҳнатӣ» С.И. Болдирев ва дигар шахсони масъул шомил мебошанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳайати меҳмононро ба кишвар ва Маҷлиси намояндагон самимона хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни марбут ба фаъолияти Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон ҳамоҳангсозии фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ аз тариқи муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ суҳбат намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла чунин изҳор дошт: -Масъалаҳое, ки комиссияи шумо машғул мешавад, ҷиҳати бунёди муносибати дӯстона, ҳусни тафоҳум, эҳтироми тарафайн ва ҳамзистии халқҳо, ки дар замони Шӯравӣ дар кишвар ба вуҷуд омада буданд, асоси воқеӣ ба вуҷуд меоваранд.

Ассамблеяи байнипарламентӣ ҳамчун омили суръатбахши ҳамаи ин муносибатҳо зоҳир гардида, ба саъю талоши самимии шаҳрвандони мо ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои наздикшавӣ мусоидат менамояд.

Мехоҳам зикр намоям, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, хусусан дар бахши марбут ба бунёди асоси ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ хеле муҳим аст.

Риояи ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон кафолати фароҳамсозии шароити иҷтимоӣ аз тарафи давлат барои фаъолият ва зиндагии шаҳрвандон, ҳифзу таъминоти иҷтимоӣ, саломатӣ ва шуғл барои ҳар як шахс шарти зарурӣ мебошад. Қонунгузории намунавӣ дар бахши сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон шакли муассири системаи қонунгузории кишварҳои ИДМ буда, иштироки вакилони мо дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентӣ, таҳияи қонунҳои намунавӣ, табодули фаъолияти қонунгузорӣ ба манфиатҳои тарафайн ва эҷоди фазои ягонаи ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили дӯстӣ ва наздикшавии халқҳову кишварҳо хизмат менамояд.

Доираи фаъолияти Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳамаи шаҳрвандони ИДМ доираи ҳаётан муҳим маҳсуб мешавад. Хусусан мо ба такмили қонунгузорӣ роҷеъ ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, аз ҷумла касбомӯзиву забономӯзӣ, инчунин ҳифзи саломатӣ, шарту шароити ба нафақа баромадан ва бисёр дигар ҷиҳатҳои кору зиндагии онҳо бояд якҷоя фаъолият намоем.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи моҳияти бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои кишвар ва минтақа, мусоидати онҳо ҷиҳати беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумоти мухтасар ироа намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ба ҷаласаи Комиссияи доимии АБП ИДМ ва фаъолияти пурсамари ояндаи он барору комгорӣ хоста, ба меҳмонон аз сафари Тоҷикистон бардошти хотироти некро таманно намуд.

Меҳмонон аз мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин аз таҳияи шароити хуби корӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар мулоқот аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд

Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ