Чанд рӯз пас аввалин чархаи НБО-и «Роғун» ба кор медарояду ин рӯйдод дар таърихи мамлакат бо ҳарфҳои заррин нигошта мешавад. Дар бораи ин иншооти тақдирсоз вақтҳои охир зиёд мегӯянду менависанд, вале эътироф бояд кард, ки аксар матолиби доир ба ин масъалаи бениҳоят муҳим марбут аз шиорпароканӣ ва суханпардозие беш нестанд. Муаллифон зимни андешаронӣ оид ба моҳияти ин иншоот ва саҳми меъмори он ба таври бояду шояд комёб нашудаанд, ҳол он ки дар ин бора метавон садҳо достон иншо кард.
Бегуфтугӯ, бунёди НБО-и «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтанаш НБО-и «Роғун» метавонад то 3600 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар истеҳсол кунад. Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад, имкони беҳтарини таъмини рушди ҳама соҳаҳо мебошад. Аз ин хотир, коршиносони байналмилалӣ бо сароҳат иброз доштаанд, ки «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» сазовори «чароғи сабз», яъне, татбиқи муваффақона мебошад».
Яке аз шореҳони машҳури ИМА дар бахши иқтисод Хиллари Креймер бо нашри матлаби таҳлилие дар маҷаллаи бонуфузи «Forbes» татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷумлаи чораандешиҳои муҳим ва саривақтӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм номида буд. Ба қавли номбурда, ин лоиҳа «калиди пешрафти иқтисодӣ, сиёсии минтақа, рукни хеле муҳими таъмини манфиатҳои амнияти ИМА ва эътилофи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бахши мубориза бо терроризм маҳсуб меёбад». Ба андешаи Хиллари Креймер, «ин калид дар дасти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки айни замон баҳри раҳойии хеш аз буҳрони энергетикӣ талош дорад Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бунёд намояд». Хонум Креймер дурнамои вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро пас аз хурӯҷи неруҳои эътилофи Атлантикаи Шимолӣ осебпазир арзёбӣ намуда, ягона роҳи пешгирӣ аз бозгашти «Толибон» ба сари қудратро ба рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби сармоягузорию соҳибкорӣ дар ин кишвари ҷангзада марбут донистааст.
Ӯ, ҳамчунин, зикр кардааст, ки расидан ба ин ҳадафҳо бидуни манбаъҳои арзон ва безарари энергетикӣ ғайриимкон аст. Ба андешаи мавсуф: «аз хурдтарин тиҷорати оилавӣ то бузургтарин корпоратсияҳои байналмилалӣ ва кулли таҷҳизоту технологияи муосир бидуни истифодаи неруи барқ фаъолияти муназзаму самаранок карда наметавонанд». Ба ифодаи дигар, дар шароити кунунӣ неруи барқ дар пешрафти ҷомеа «шабеҳи хун дар бадани инсон аст». Номбурда саҳми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ба дил ташбеҳ дода, навиштааст, ки «бо мавриди истифода қарор гирифтанаш ин неругоҳ на танҳо Тоҷикистони ба неруи барқ сахт эҳтиёҷмандро, балки дигар кишварҳои минтақаро низ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе минтақаҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро, бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин менамояд».
Ба ақидаи Хиллари Креймер, роҳбарони давлатҳои минтақа, ки дар заминаи таҳлили амиқу доманадор моҳият ва манфиати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дарк намудаанд, ҷонибдориашонро аз бунёди ин иншоот бо шаклҳои гуногун изҳор доштаанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳанӯз дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Нуктаи хеле муҳим ва ҷолиб он аст, ки дар таҳияи ин лоиҳа пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми босазо доштанд. Агар тасмими Пешвои миллат оид ба бунёди ин иншооти барои кишвари мо тақдирсоз ва роҳи паймударо дар ин масир амиқ таҳлил намоем, муътақид хоҳем шуд, ки ин иқдом далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурустии бунёди неругоҳи фавқуззикр комилан дилпур мебошад. Дар ин раванд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки бо дарназардошти манфиатҳои умумиминтақавӣ, мо хоҳони роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн судманд бо ҳамсояҳои худ дар ин масъала ҳастем.
Дар робита ба масъалаи об Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир, борҳо, аз ҷумла, аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ изҳори ақида кардаанд. Инсондӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки панҷ сол пеш, зимни ирсоли Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт».
Корҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон амалигардида аз воқеияти суханони Пешвои миллат дарак медиҳанд. Шоҳиди бевоситаи он будем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз ҳафт сол пеш ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои минтақа муроҷиат ва ба таври расмӣ пешниҳод намуда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти мамлакатамон арзёбӣ кардаанд. Дар ҳоле ки баъзе кишварҳои минтақа ба шарофати оби аз рӯдхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришаванда иқтисодиёти худро таҳким бахшида истодаанд, аҳолии Тоҷикистон ҳар сол давоми шаш моҳ азияти бебарқӣ мекашад. Магар дар асри XXI мавҷудияти ин ҳолатро наметавон чун мушкилоти доғи рӯз арзёбӣ намуд? Дар заминаи талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро доир ба эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо дарназардошти масъалаҳои зерин қабул кардааст:
Бинобар зарурати ҳаётии ба таври муътадил таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар тӯли даҳсолаи охир ба камбуди шадиди он дучор мегардад ва аз ҳисоби воридот бартараф кардани он бо сабаби мунтазам эҷод шудани монеаҳои сунъӣ ғайриимкон гардидааст.
Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нефту газ, инчунин, имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди ин неругоҳ, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷуда маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин, ташхиси мустақил, қарор гирифтааст (ташхиси охирин аз ҷониби ширкати олмонии «Lahmeyer» дар соли 2006 бо фармоиши ҶСК «РусАл» гузаронда шудааст), ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намудаанд. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳайси пудратчӣ иштирок кардани ширкатҳои Федератсияи Россия ва бисёр ширкатҳои дигари хориҷӣ далели возеҳи вуҷуд надоштани ягон ташвиши ин кишварҳо нисбат ба лоиҳа мебошад.
Таҳқиқоти мазкур, ки аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуданд. Инро истифодаи қариб 45-солаи бомуваффақияти сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар масофаи на чандон дур аз Роғун ҷойгир аст, собит месозад. Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи Неругоҳи барқи обии «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор дониста буд. Навсозии иншооти мазкур, ки ҳоло идома дорад, имкон медиҳад, ки фаъолияти самарабахши он барои ояндаи дарозмуддат таъмин карда шавад. Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифодаи технологияҳои нав дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳали сохтмони неругоҳ заминларзаи зиёда аз 6 балл ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин, бояд ба инобат гирифт, ки дар васеъ гардидани майдонҳои кишт ва рушди пахтакорӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, обанборҳои Тоҷикистон, ки обро захира намуда, дар давраи обёрӣ ба таври муътадил расонидани онро таъмин месозанд, нақши ҳалкунанда бозиданд ва ҳанӯз ҳам мебозанд. Шоистаи зикр аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистон ду маротиба даҳрӯзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки мувофиқи хоҳиши ҳамсояи худ мо огоҳона бар зарари худ, яъне, аз баҳри фоида ва истеҳсоли қувваи барқ дар фасли зимистон гузашта, ба чунин иқдом даст задем.
Вобаста ба тавозуни об бояд зикр намуд, ки тибқи хулосаи асосноки мутахассисон, оби дарёи Вахш, ки неругоҳ дар он сохта мешавад, 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад ва пур кардани обанбори Роғун аз ҳисоби лимити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 сол сурат хоҳад гирифт. Идоракунии низоми маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, сохтмони иншоот ба низоми маҷрои об ягон хел таъсир нахоҳад расонид ва ҳаёти одамонро таҳти хатар қарор нахоҳад дод. Гузашта аз ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек, якчанд сол пеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии тамоми минтақа ва дар навбати аввал, ҳамсояи наздиктарини мо — Ӯзбекистон, бо оби тозатарини нӯшокӣ пешниҳод карда буданд. Овардани ин ҳама далелу арқом ба он хотир аст, ки ҳама масъалаҳои экологӣ, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ зимни бунёди иншооти барои давлати мо муҳиму сарнавиштсоз — Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра ба назар гирифта шудаанд.
Табиист, ки дар доираи як матлаб пурра баён намудани моҳият ва рисолати ин кохи нур аз имкон берун аст. Хулоса меъмори ин кохи бегазанди нур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки шоистаи ҳама гуна арҷгузориянд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»