Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Аксарият ба ин назаранд, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар беш аз ҳама идоракунии давлатӣ мусоидат кард…
- Дар таҷрибаи низоми идоракунии давлат навъ ва намудҳои гуногун мавҷуданд. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, ки шакли идоракунии халқӣ мебошад, дар навбати худ аз чанд навъи дигар таркиб ёфтааст. Идоракунии халқӣ, яъне ҷумҳуриявӣ, метавонад идоракунии президентӣ, парлумонӣ ва навъҳои дигарро қабул кунад. Ба назари ман, барои Тоҷикистон ҳам аз нуқтаи назари анъанаи давлатдорӣ ва вазъияте, ки баъд аз касб кардани истиқлолияти давлатӣ дошт, эътироф кардани шакли идораи ҷумҳуриявии президентӣ мувофиқи мақсад буд. Чунки баъди ба давлати мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон дар парлумон андешаҳои вакилон гуногун буданд. Дар натиҷа, баҳсу мунозира зиёд шуд. Дахолати хориҷ низ беҳад афзуд ва Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Вақте ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд, ба намояндагони парлумон муроҷиат карда, изҳор доштанд: «Вақти он расидааст, ки муттаҳид шуда, аз як гиребон сар барорем ва халқи мотамзадаро аз вартаи нобудӣ халос кунем».
Он вақт низ вакилони дорои таҷрибаи зиёди корӣ буданд, вале аксар аз ба дӯш гирифтани масъулият меҳаросиданд. Роҳбари ҷавони бомасъулият аз рӯзҳои аввал масъалаеро, ки дар назди вакилони Шӯрои Олӣ гузоштанд, ин барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина Роҳбари давлат таҳияи Конститутсияро тадриҷан тарҳрезӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро бояд вобаста ба иродаи халқ қабул кунем ва халқи Тоҷикистон бояд роҳи давлатдориашро муайян намоянд.
Халқи Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро интихоб кард, зеро шакли идоракунии парламентӣ дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ натавонист мардумро муттаҳид ва манфиатҳои миллат ва давлатро ҳифз кунад.
- Вобаста ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон чӣ назар доред?
- Дар он давра шароит ва талабот бисёр ҷиддӣ буд ва будани як шахси муносибро дар вазифаи роҳбарӣ талаб мекард. Ин шахс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз байни халқ баромада, мушкилоти мардумро хуб медонистанд ва масъалаҳоеро, ки пешорӯи мардуми Тоҷикистон қарор доштанд, дуруст дарк мекарданд.
Вақте ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд, кишвар шакл ва рамзҳои давлатдорӣ надошт. Таъсисёбии давлат идома дошт, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда буд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти кишвар, ин шахсият давлатро сохтанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қонуну қарорҳое қабул кард, ки ба эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ рабт доштанд. Пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Замона, вазъият, муборизаҳо дар кураи низоми идоракунии президентӣ ин шахсиятро обутоб доданд.
Рамзҳои давлатдорӣ, умуман, рукнҳое, ки барои давлатдорӣ зарур буданд, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қабул шуданд.
Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мустақили тоҷиконро тарҳрезӣ карданд. Аз ин нуқтаи назар, Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлати муосири тоҷикон аст. Ҳамзамон, исбот карданд, ки тоҷикон ҷомеае мебошанд, ки шакли идораи президентӣ хоси онҳост.
- Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои бадбахтии солҳои навадуми асри гузашта набудани пешво буд...
- Бо дарки масъулият мегӯям, ки агар дар он давра роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмон мебуд, шояд ҷанг намешуд. Пеш аз он кас ҳам роҳбарон буданд, лекин натавонистанд ҷомеаро идора кунанд. Муваффақияти бузургтарини Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар он мебинам, ки шахсеро барои роҳбарӣ интихоб кард, ки тавонист рисолати давлатдориро бар дӯш гирифта, мардуми парокандаро муттаҳид кунад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад ва аркони фалаҷшударо аз нав бунёд намояд.
Мутмаинам, ки ояндагон пас аз садсолаҳо мисли кишварҳои пешрафтаи дунё аз он ифтихор мекунанд, ки давлати соҳибихтиёру обод доранд, ки дар саргаҳи бунёди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Ҳамон гунае, ки имрӯз Амрико бо гузашти зиёда аз 200 сол бо асосгузорони давлаташ ифтихор мекунад.
Омилҳои ба сифати Пешвои миллат муаррифӣ шудани Роҳбари давлат ҳам дар он аст, ки тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибдавлат шинос намуданд. Барои мо кифоя аст, ки хизматҳои ин шахсиятро бо чанд фарзанди сарсупурдаи миллат муқоиса кунем. Агар устод Рӯдакӣ пас аз истилои араб манзалати забони тоҷикиро боло бурда, Исмоили Сомонӣ давлатдории миллии тоҷиконро барқарор карда бошанд, устод Айнӣ адабиёти муосири тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ карда, Бобоҷон Ғафуров саҳифаҳои парокандаю ба яғмобурдаи таърихи миллатро ба низом дароварда бошанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи парокандаро муттаҳид, давлати азбайнрафтаистодаро аз нав эъмор намуданд.
Коре, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат карданд ва аз ҷониби халқи Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат эътироф шуданд, барои кишварҳои зиёд дар роҳи расидан ба сулҳу оштии миллӣ, таҳияи қонунҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ намунаи ибрат аст. Мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ибтикороти ислоҳотгароёнаи Пешвои миллат маҳсуб мешаванд. Вақте қонунҳо таҳия шуданд, ҳангоми баррасӣ ба бисёр масъалаҳо андешаҳои баҳснок доштем. Вале вақт дурустии ин иқдоми Пешвои миллатро исбот намуд. Эътироф бояд кард, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ ин падидаи нав буд. Пешвои миллат зимни таҳияи қонун тарзе масъалагузорӣ карданд, ки мақсад ва вазифаи аслиаш ҳимояи манфиати мардум ва ҳуқуқи инсон буд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки ислоҳотгарони бузурги таърихӣ, ки дар давраҳои гуногун ба манфиати халқу миллатҳо хизматҳои арзанда кардаанд, мисли Роҳбари мамлакат урфу анъанаҳои миллиро ба манфиати мардум ба танзим даровардаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин таҷриба аллакай дар ҷумҳуриҳои дигар истифода шуда истодааст.
Камназир будани таҷрибаи сулҳофарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бошад, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст ва онҳо чанд маротиба дар робита ба ин мавзӯъ конфронсу симпозиумҳо ташкил намуданд. Мо — намояндагони Тоҷикистон дар онҳо боифтихор иштирок менамоем.
Ҳамин тариқ, Пешвои миллат рамзи давлатдории миллӣ ҳастанд ва қонуни конститутсионӣ ҳам инро муқаррар кардааст.
- Гарчанде дар солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуда бошанд ҳам, мақоми НБО-и «Роғун» хоса аст…
- Дуруст. Пешвои миллат ба тақдири неки миллати мо бо истеъдоди нотакрор зуҳур карданд. Ин падидаест, ки кам андар кам дар масири таърих рух медиҳад. Ҳар кадом аз корҳои анҷомдодаи ин шахсият корнамоии хоса аст. Масалан, ташаббусҳое, ки Роҳбари давлат дар масъалаи об пеш гирифтанд ё се ҳадафи стратегӣ — баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, ки рушди муназзами Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Бегуфтугӯ, дар масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ НБО-и «Роғун» масъалаи фундаменталӣ аст. Бунёди он барои бисёриҳо афсона буд. Пешвои миллат бо бунёди он дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ, як ҳайати ҳирфавии мутахассисони соҳаи неругоҳсозиро ташаккул доданд.
Дар бораи корнамоиҳои Пешвои миллат ҳар қадар ҳарф занем, шояд як ҳиссаи онро дар умум ифода карда натавонем. Вале аз фурсат истифода бурда, таъкид менамоям, ки ҳар касе ба қадри заҳмату хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасад, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармард муттаҳид мешавад, меросбари воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, нисбат ба фардои фарзандон бетараф нест. Моро зарур аст, ки шукр аз ин Ватан, Пешво ва Ваҳдат намуда, барои ободии кишвар беш аз пеш фаъол бошем.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»