Роғуннома

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

28475302070_6636086873_oРоғун, ба дили санг шарор овардӣ,

Аз хок ба пӯлод мадор овардӣ.

Нурат ба дами поки Масеҳо монад,

Дар синаи сарди ман баҳор овардӣ.

                         ***

Роғун, садафию Вахш дарёи гуҳар

Як мушт зи хоки ту маро косаи зар.

Болои баланду рӯйи нуронии ту,

З-обу арақи ҷабини мардони ҳунар.

                         ***

Роғун, ба ҷамоли боғ монӣ ба масал,

Ё мазраи лолазор дар моҳи ҳамал.

Дар қитъаи ту талоши мардони асил,

Бошад ба назар ҷаҳони занбӯри асал.

                          ***

Роғун, ту ба парчами Ватан ҳамрангӣ,

Парвардаи ифтихору ному нангӣ.

Аз Шарқ зиёи НОБ-и ту ханда кунад,

Ҳаққо, ки ба хуршеди фалак ҳамсангӣ.

Имрӯз шараф ба родмарди Ватан аст,

Ин мулк ба дасти шермардон чаман аст.

Истораи осмони Роғун бинигар,

Пурнур зи барқи нигаҳи кӯҳкан аст.

                          ***

Боз аз шафати қулла ба парвоз шавад,

Аз субҳ дари ризқ ба кас боз шавад.

То ранг барад баҳор аз хандаи нур,

Наврӯзи Аҷам зи Роғун оғоз шавад.

                          ***

Дар синаи кӯҳ санг гавҳар гардад,

Хок аз қадами марди ҳунар зар гардад.

Аз хандаи барқи НОБ-и Роғун ватанам,

Нурбор шавад, ҷаҳон мунаввар гардад.

                       ***

Ҳошо, амали савоб дорӣ, Роғун,

Сарсабзии мавҷи об дорӣ, Роғун.

Нури ту ба оламе сафо мебахшад,

Хосияти офтоб дорӣ, Роғун.

Аламхон Кӯчаров, профессор