Даҳаи якуми моҳи ноябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Халқии Луганск Фестивали байналмилалии коллективҳои сирки наврасон ва ҷавонон таҳти унвони «Ояндаи сирк» («Цирковое будущее») баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ аз ҷумҳурии мо директори генералии Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» Ашӯр Раҷабов ҳамчун аъзои жюрӣ, ҳунарпешаи сирк ва Шарифзода Муҳаммади Анвар эквилибр иштирок намуданд. Боиси сарфарозист, ки фиристодагони ҷумҳурии мо дар ин фестивали байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум, Дипломи дараҷаи як, «Ташаккурнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
- Ин на танҳо комёбии сирки тоҷик, балки тамоми Осиёи Марказӣ мебошад, зеро мо чун намояндагони ин минтақа муаррифӣ шудем. Боиси шодмонист, ки дастпарвари сирки тоҷик Шарифзода Муҳаммади Анвар сазовори ҷойи якум гардид. Ин аввалин комёбии сатҳи байналмилалии сирки тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар доираи фестивал Конференсияи байналмилалии илмӣ — таҷрибавӣ дар мавзӯи «Мавқеи санъати муосири сирк дар мустаҳкам кардани сулҳу дӯстӣ дар байни халқҳо» низ гузаронида шуд, ки банда дар он суханронӣ намудам.
Ман дар бораи вазъияти имрӯзаи на танҳо сирки тоҷик, балки Осиёи Марказӣ, ба ҳозирин маълумот пешниҳод кардам. Илова бар ин, ҳамчун аъзои жюрӣ ба ҳунарнамоии 80 ҳунарпешаи сирк, ки аз Федератсияи Россия, Америка, Англия, Швейтсария, Украина, Беларус ва дигар давлатҳо иштирок доштанд, баҳогузорӣ намудам, — гуфт директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов.
Мавсуф афзуд, ки дар ҷамъбасти фестивал ба ман «Сертификат»- и Академияи давлатии маданият ва санъати Луганск ба номи М. Матусовскийро тақдим карданд. Ба ғайр аз ин, барои касбияти баланд, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкориҳои эҷодӣ байни Сирки давлатии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, иштироки фаъолона дар конференсияи зикршуда бо «Ташаккурнома»- и кумитаи ташкилӣ ва вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Халқии Луганск Д. С. Сидоров сарфароз гардидам:
Шарифзода Муҳаммади Анвар яке аз шогирдони Ашӯр Раҷабов мебошад. Ӯ хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски санъати сирк, бахусус, ба намуди эквилибр (ҳаракат ва баробарвазнӣ бо даст) шавқи зиёд дошт, соли 2011 ӯро ба студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон қабул карданд. Муҳаммади наврас дар назди устодонаш Ашӯр Раҷабов, Артисткаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Олга Тураева ва Д. Орлов жонглёрӣ, акробатика, дорбозӣ, эквилибр, ҳунари пардоздиҳӣ (грим)-ро омӯхт.
Солҳои 2014 — 2018, Муҳаммад ҳамроҳи 12 нафар дастпарвари студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Омӯзишгоҳи давлатии санъати эстрада ва сирки ба номи М.Н. Румянсеви (Карандаш) шаҳри Москва таҳсил кард.
Вай бори нахуст дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кард. Каме хавотир буд. Метарсид, ки аз боварии роҳбарияти сирк ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебарояд. Вале, машқҳои тӯлонӣ, роҳнамоии устодон сабаб шуданд, ки монеаҳоро паси сар намояд.
Ҳангоми ҳунарнамоӣ Муҳаммад тамошобинон ва аъзои жюриро дар ҳайрат гузошт. Ҷавони нуздаҳсолаи тоҷик машқҳои акробатикӣ, дорбозӣ ва эквилибрро озода ва бехато иҷро кард.
Ба Муҳаммад туҳфаву ҷоизаҳои зиёде супориданд. Аммо барои ӯ аз ҳама азиз ҳайкалчаи «Ширинкор» ба ҳисоб меравад. Ӯ мехоҳад, ки мисли ин ҳайкалча ҳамеша дар лабони кӯдакону наврасон ва ҷавонон — тамошобинони сирки тоҷик табассуми ширин ҳувайдо бошад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ.