Дар Хонаи кинои ба номи Б. Кимёгаров ба хотири гиромидошти ҳунарманди шуҳратёри кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марат Орифов маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Раиси Иттифоқи киносозони тоҷик гуфт, ки Марат Орифов дар кинои миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
- Албатта, актёру режиссёрҳои нав ва боистеъдод ба майдони кино меоянд, аммо Марат Орифов якто буд. Ҷойи ӯ дар дидаҳои мост, — гуфт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, ки шодравонро ҳанӯз аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта мешинохт.
Ҳунарпешаи маъруф Майрам Исоева илова кард, ки Маратро ҳанӯз аз даврони мактабхониаш мешиносад. Вай як бачаи хушсимо ва беҳад шӯх буд. Бо вуҷуди «ситора» будан ва соҳиби ҷоизаҳо шуданаш дигар нашуд ва як инсони якрӯ боқӣ монд.
Ҳамсари ҳунарпеша Геновайте Орифова ба иштирокчиёни маҳфили ёдбуд изҳори ташаккур намуда зикр кард, ки зиндагии беш аз 30 — солаамон бо Марат хеле ширин гузашт. Якдигарро бо як нигоҳ мефаҳмидем. Ман аз зиндагӣ бо ин марди бузург хотираҳои ширини зиёд дорам.
Ҳозирин аз он ёдовар шуданд, ки номбурда дар як қатор филмҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ образҳои мукаммалу асосиро бозидааст. Ибни Сино дар филми «Абӯалӣ ибни Сино», Рӯдакӣ дар филми «Қисмати шоир», Сайфӣ дар «Вақти зангирии писар расид», дузди бағдодӣ дар «Насриддин дар Хуҷанд», ширинкор дар «Коваи оҳангар» ва Аҳмад дар «Замони осоишта» аз ҷумлаи нақшҳое мебошанд, ки ӯро дар дилу хотири тамошобинон ҷо намудаанд. Илова бар ин, Марат Орифов филмҳои бадеӣ ва бадеӣ — телевизионии «Нисо», «Дили ман дар кӯҳсор», «Асрори қабила» ва «Муҳосира»-ро таҳия намудааст.
Пас аз офаридани нақш дар филми «Қисмати шоир», ки режиссёри шинохта Борис Кимёгаров дар асоси киноповести Сотим Улуғзода ба навор гирифта буд, Марат Орифов шӯҳрати беандозаро соҳиб гашт. Барои иҷрои нақш дар ин филм Марат Орифов бо дипломи Кинофестивали умумииттифоқӣ дар Минск (1960) ва Ҷоизаи асосии Кинофестивали байналмилалии Қоҳира «Уқоби тиллоӣ» (1960) сарфароз гардид.
Охирин нақши Марат Орифов дар кино филми бадеии «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов мебошад. Барои ин нақш ӯ дар Кинофестивали байналмилалии «Фаҷр» дар Эрон Ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб гардид.
Соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марат Орифов унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки номбурда 29 октябри соли равон дар синни 84 дунёро тарк кард. Дар охир барои иштирокчиён филми мустанади режиссиёри эронӣ «Қисмати шоир», ки ҳаёт ва фаъолияти Марат Орифовро дар бар мегирад, намоиш дода шуд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»