Дар маркази ноҳияи Муъминобод, дар шафати собиқ комбинати хизмати маишӣ бозоре бунёд карданд ва мардум интизор доштанд, ки дигар ба бозори марказӣ нарафта, аз ҳамин ҷо ашёи ниёзи худро харидорӣ мекунанд. Аммо 20 сол аст, ки он холист. Сангдеворҳои гирду атрофи он рехта, ба ҷойи дӯстдоштаи сагҳо табдил ёфтааст. На онро обод мекунанд, на дар ҷойи он ягон иншооти хизматрасонӣ месозанд.
Аслан, дар маркази шаҳр ё шаҳрак сохтмони бозор хилофи қоидаҳои меъмории шаҳрсозӣ аст. Бояд зикр кард, ки агар бозор мавриди истифода қарор мегирифт ё дар ҷойи он ягон иншооти дигари хизматрасонӣ бунёд мекарданд, тӯли 20 сол аз ин ҳисоб ба буҷаи ноҳия маблағи зиёде ворид мегашту истифодаи мақсадноки замин, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бармеояд, риоя мегардид
Шояд баъд аз нашри матлаб масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сари ин масъала андеша кунанд…
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»