Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва туризм дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Шумораи сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, сол аз сол рӯ ба афзоиш аст.
Баъди бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзеъҳои истироҳатии минтақаҳои гуногуни кишварамон меҳмонхонаҳои хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин тадбир ба ҷалби сайёҳон ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат карда истодааст.
Деҳаи Ёнахш, ки дар ҳалқаи кӯҳҳои осмонбӯси минтақаи Рашён, Марғзор, Шӯроб, Паскур, Кӯҳи Зангӣ ва Кӯли Акаҷонбой ҷойгир аст, дорои ҳавзҳо, рӯду наҳрҳо ва имкониятҳои мусоиди моҳипарварӣ мебошад.
Боду ҳавои мусоид ва шароити мувофиқи ҷуғрофии ин мавзеъ имкон медиҳад, ки дарахтони себ, нок, анор, ангур, шафтолу ва пиставу бодом хуб нашъунамо кунанд. Бино ба маълумоти кормандони хоҷагии ҷангал ва кишоварзони шаҳри Роғун, дар ин мавзеи кӯҳӣ метавон олами афсонавиро аз наздик бо чашми худ дид. Дар ин минтақа шумораи бузҳои кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, кабк, хирси малла, гург, шағол ва рӯбоҳ рӯ ба афзоиш дорад. Илова бар ин, сокинони деҳаи Ёнахш парвариши зоти аспи тоҷикӣ ва чорвои калони шохдорро низ хуб ба роҳ мондаанд.
Рустам Маликов — сокини деҳаи Ёнахши деҳоти «Қади Об»-и шаҳри Роғун дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат айни замон дар фарози кӯҳҳои осмонбӯси ин диёр меҳмонхонаи замонавии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳониро барои қабули меҳмонону сайёҳон бунёд намуда истодааст, ки дар арафаи анҷомёбист.
- Меҳмонхона дорои тамоми шароити пазироӣ аз сайёҳон хоҳад буд. Дар саҳни бино боғча ва майдончаи кишт мавҷуд аст, ки сайёҳону меҳмонон метавонанд аз он ҷо меваҳои шаҳдбору полезиҳои аз лиҳози экологӣ тозаю безарарро бо дасти худ чида, истеъмол намоянд, — мегӯяд Рустам Маликов.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо кумаки соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ин минтақа айни замон воқеан ҳам ба яке аз ҷойҳои диданибоби кишварамон табдил ёфтааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»