Проблема ва мулоҳиза

Шамъро монему аз офтоб истифода намоем

№140 (3934) 20.11.2018

1021342194Чанде пеш дар ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи танқидие зери унвони «Ба мо барқ диҳед» ба табъ расид. Дар он омадааст, ки аҳолии 100 деҳа дар 5 ноҳияи минтақаи Кӯлоб аз истифодаи неруи барқ пурра маҳруманд. Баъзе аз он деҳаҳо навбунёд буда, шумораи хоҷагиҳо беш аз 700 ададро ташкил медиҳад. Сокинони деҳаҳо аз тамошои телевизион маҳруманд ва ба ҷойи чароғи барқӣ аз шамъ истифода мебаранд.

Сабаби асосии имконнопазир будани истифодаи неруи барқ дурдастии деҳаҳо, гаронии арзиши кашидани хати барқ (симчӯб, кабел) ва трансформатор мебошад. Мардуми тоҷик мақоле дорад: «як дари баста, сад дари кушода».

Дар сурати набудани маблағ барои харидани симчӯбу трансформатор метавон аз неруи офтоб ва шамол истифода бурд. Ҳанӯз 23 декабри соли 2009 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуд. Агар то ин муддат роҳбарони ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон тибқи талаботи қонуни мазкур дар миёни мардум барои харидану насб кардани таҷҳизоти офтобӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебурданд, мушкил кайҳо ҳал мешуду хароҷоти таҷҳизот пурра мебаромад ва сокинони деҳоти дурдаст аз барқи бепулу беминнат истифода мекарданд.

Дар моддаи 20 — и қонуни зикршуда таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар воситаҳои ахбори омма таъкид шудааст. Чанд сол боз дар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар рӯзномаи «Садои мардум», дар ин хусус мақолаҳо ба табъ мерасад, вале масъулони ноҳияҳои зикршуда ба гумон аст, ки онро мутолиа карда бошанд.

Аз неруи офтоб, ки манбаи беминнати рӯшноию гармӣ мебошад, оқилона истифода бурдан манфиати зиёд хоҳад овард. Агар энергияи яксолаи ба замин фирис­тодаи офтобро ҳисоб кунем, он ба истифодаи 90000 миллиард тонна ангиштсанг баробар аст. Танҳо дар зарфи 15 дақиқа офтоб ба мо он қадар энергия мефирис­тад, ки ба инсоният тӯли як сол кифоя мекунад.

Соли гузашта дар ИМА саноати таҷҳизоти офтобӣ нисбат ба соҳаи газу нефт бештар ҷойи корӣ фароҳам овард. Дар баъзе кишварҳо дорандагони таҷҳизоти офтобӣ дар кооперативҳо муттаҳид шудаанд. Масалан, дар Германия алҳол зиёда аз 1000 кооперативи истифодабарандагони неруи офтоб амал мекунад.

Дар Ҳиндустон, дар баробари бо таҷҳизоти офтобӣ таъмин кардани сокинони деҳоти дурдаст, дар қатораҳо низ панелҳои офтобӣ насб менамоянд. Панелҳои офтобӣ вагонҳоро бо рӯшноӣ таъмин намуда, ба кондисионеру мониторҳо неруи барқ медиҳанд. Ширкати давлатии «Роҳи оҳани Ҳиндустон» ҳисоб кардааст, ки як қатораи дорои 6 вагони «офтобӣ» соле 21 тонна сӯзишвории дизелиро сарфа менамояд. Ҳар рӯз дар Ҳиндустон тавассути 12617 қатора 23 миллион нафар мусофир кашонда мешавад ва ҳар сол ин қатораҳо дар маҷмӯъ 2,6 миллиард литр солярка истифода мебаранд. Агар дар нисфи онҳо панели офтобӣ насб шавад, соле 120 миллион литр сӯзишвории дизелӣ сарфа мешавад.

Истифода аз неруи офтоб дар Хитой, Германия, Мексика, Чили, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб хуб ба роҳ монда шудааст. То соли 2022 суръати афзоиши истеҳсоли энергияи офтобӣ нисбат ба соҳаҳои газ ва ангиштсанг ду маротиба бештар хоҳад шуд.

Чанде пеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон миёни ҷамъияти «Узбекэнерго» ва ширкати «Sky Power Global» дар хусуси бунёди силсилаи неругоҳҳои офтобӣ созишнома имзо шуд. Сармоягузорони хориҷӣ ба ин лоиҳа 1,3 миллиард доллар маблағгузорӣ хоҳанд кард. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Навоӣ, Ҷиззах, Сурхондарё ва Қашқадарё замин ҷудо карда мешавад. ­Тавоноии умумии неругоҳҳои офтобӣ 1000 мегаваттро ташкил медиҳад. Ширкати зикр­шуда аз андози фоида, андоз аз арзиши иловагӣ, пардохти ҳатмӣ аз фоидаҳои ғайрибуҷавӣ, андози замин, андоз аз амволу таҷҳизот ва ғайра озод аст. Ҳамчунин, ширкати номбурда аз супурдани боҷҳои гумрукӣ зимни воридсозии техникаю таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ озод гардидааст. Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар Ӯзбекистон соли 2014 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 130 киловатт дар ноҳияи Попи вилояти Намангон ба истифода дода шуд.

Соли ҷорӣ дар вилояти Мангистави Қазоқистон низ неругоҳи офтобӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидораш 2 мегаватт аст. Дар 36,05 гектар 8000 панели офтобиро дар 39 қатор насб карданд. Ин неругоҳ 300 хонаводаро бо барқи доимӣ таъмин менамояд. Панелҳои офтобии неругоҳ истеҳсоли Қазоқис­тон буда, арзишашон нисбатан арзон аст.

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд истеҳсоли панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд, вале бо сабаби камхаридор буданаш корхона аз истеҳсоли он худдорӣ карда истодааст. Ҳамчунин, дар ҶСК «Систем­автоматика»-и шаҳри Душанбе мутахассисон намунаҳои озмоишии обгарм­кунаки офтобиро истеҳсол карда буданд. Вале бо сабаби надоштани харидор истеҳсоли пурраи он роҳандозӣ нагардид. Агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 5 ноҳияи дар боло зикршуда бо корхонаҳои мазкур хариду насби таҷҳизоти офтобиро дар деҳаҳои бебарқ ба роҳ мемонданд, ҳам хонаи деҳотиён равшан мешуду ҳам корхонаҳо истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро зиёд мекарданд. Дар ин бобат беҳтарин усул ба тариқи лизинг насб кардани таҷҳизоти мазкур аст. Яъне, сокинон як қисми маблағро зимни насби таҷҳизот ва боқимондаро ҳар моҳ кам-кам месупоранд. Дар ин сурат корхонаҳои зикршуда низ бекор намемонанд.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Гардуллозода соли сипаришуда дар ин мавзӯъ гуфта буд: — Тайи чанд соли охир аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ, хусусан соҳибкорони хитойӣ ба масъалаи ташкили компоненти асосии панелҳои офтобӣ — «кремний» таваҷҷуҳ зоҳир гардида истодааст, вале бо омӯзиши вазъи бозор ва дигар имкониятҳои мавҷуда ба сармоягузорӣ дар ташкили истеҳсолоти муосир аз тарафи онҳо иқдоме амалӣ намешавад. Агар истеҳсоли «кремний» дар ҷумҳурӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ роҳандозӣ гардад, имкони ташкили истеҳсолоти панелҳои офтобӣ муҳайё ва маҳсулоти ватанӣ аз лиҳози нарх дар бозор рақобатпазир мешавад. Доир ба ин масъала ба таври пайваста мутахассисони вазорат бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид мекунанд, вале барои амалӣ намудани пешниҳодҳо маблағи муайян зарур аст.

Дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» омадааст, ки «Дастгирии давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз ҳавасамандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, ташкили шароити мусоид барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва таъсис додани фонди дастгирии ин соҳа» иборат аст.

Тибқи моддаи 16-уми қонуни мазкур барномаю лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Тавре мебинем, заминаи ҳуқуқии истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Фақат мақомоти марбутаро зарур аст, ки ба амалишавии он иқдом намоянд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»