15 ноябр дар толори бинои «Душанбе — Плаза» дар робита ба ду рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгари давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари НБО-и «Роғун» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, академик Кароматулло Олимов , Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода доир ба мақом ва саҳми Пешвои миллат дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон қайд намуданд, ки Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун як шахсияти маъруфи арсаи сиёсат дар ҷаҳон обрӯ ва эътибори хоса доранд.
Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи об нуфузу эътибори Тоҷикистонро беш аз пеш боло бурданд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ дар кишвар бесобиқа аст.
Шоир Ворис чанд шеъри ба тозагӣ эҷодкардаи худро ба самъи ҳозирин расонда, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллӣ ва бунёди НБО-и «Роғун» андеша баён дошт ва ин иншооти асрро ба офтоби Шарқ ташбеҳ дод, ки аз дили кӯҳистони тоҷик нурафшонӣ менамояд.
А. Мирзозода, «Садои мардум»