Шаби гузашта Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов имрӯз бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.
Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Корхонаи саноатии «Ноқилии Талко», обанбори Норак, Боғи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра дидан менамояд.
Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ