Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ёдбуди фавтидагон дар натиҷаи садама дар роҳҳо 19 ноябри соли равон дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинӣ доир гардид.
Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати нақлиёт, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, табибон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва онҳое, ки дар садамаҳои нақлиётӣ зарари ҷисмонӣ дидаанд, иштирок карданд.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдувалӣ Раззоқов гуфт, ки тибқи барнома дар гӯшаҳои дурдасти кишвар ҳуҷраҳои нави осебшиносӣ кушода шудаанд, ки ин барои расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми осеб дидан ба аҳолӣ мусоидат мекунад. Бино ба гуфти номбурда, ҳар сол дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт то 180 ҳазор осебдида ба қайд гирифта мешавад.
Сармушовири сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ Абдусаттор Холов зикр кард, ки новобаста аз зиёд шудани теъдоди воситаҳои нақлиёт шумораи садамаҳо роҳҳо кам шуда истодааст. Барои мисол, дар 11 моҳи соли равон 1109 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 адад камтар мебошад.
- Пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт яке аз самтҳои асосии фаъолияти БДА ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» моро вазифадор кардааст, ки кӯдаконро дар боғчаву мактабҳо ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шинос намоем. Аз тарафи Раёсати БДА ва зерсохторҳои он дар шаҳру вилоятҳо пайваста бо кӯдакону наврасон вохӯриҳо гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, — гуфт номбурда.
Рӯзи байналмилалии ёдбуди фавтидагон дар натиҷаи садама дар роҳҳо аввалин маротиба соли 1993 дар Британияи Кабир аз тарафи як ташкилоти ғайридавлатӣ таҷлил шуда буд. Соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид ҳар якшанбеи сеюми моҳи ноябрро расман Рӯзи байналмилалии ёдбуди фавтидагон дар натиҷаи садама дар роҳҳо эълон кард.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ҷаҳон се ҳазор нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт ба ҳалокат мерасанд ва зиёда аз сад ҳазор ҷароҳат мебардоранд. Дар давоми сол зиёда аз яксаду ҳаштод ҳазор кӯдаку ноболиғ, дар маҷмӯъ, зиёда аз як миллиону дусад ҳазор нафар ҳалок шуда, тахминан аз бист то панҷоҳ миллион нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд.
Рӯзибойи Умар, «Садои мардум»