Мусаллам аст, ки кишварҳои мутамаддини ҷаҳон дар марҳилаи воридшавӣ ба рушди сармоядорӣ ба хотири таҳким бахшидани истиқлолият аз андеша ва арзишҳои миллӣ истифода намудаанд, то тавонанд рушди бемайлони ҷомеаи хешро дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин намоянд. Онҳо, махсусан, бо роҳи такя намудан ба донишҳои собитшудаи илмиву хиради инсонӣ ва бартарият додан ба низоми дунявии сиёсӣ, дар заминаи татбиқи фанновариҳои навин тавонистанд, давлату миллати хешро ба қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Чунин равандро метавон дар ҳар кишвари пешрафтаи муосир ба осонӣ мушоҳида намуд. Мутаассифона, дар ибтидои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳизби вопасгаро ва ифротиву террористии наҳзатӣ аз роҳи дурӯғпароканиву ҳилаву найранг афроди пешқадами ҷомеаро таҳти таъсир дароварда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопок аз онҳо суиистифода намуд ва онҳоро фиреб дода, шармсор сохт. Аз пайдоиши ҳизб маълум буд, ки он ҳеҷ иртиботе ба миллат надорад, зеро асли идеологии онро бозӣ кардан ба бовару эътиқоди мардум ташкил медод. Фаҳмиши миллат дар космополитизми исломӣ аз фаҳмиши муосири миллат фарқ дорад. Дар ин фаҳмиш зери мафҳуми миллат нафароне фаҳмида мешаванд, ки аз ҳамин навъи боварӣ истифода менамоянд. Ҳамин аст, ки бартарият додан ба бовару эътиқод дар фаҳмиши динии миллат шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози Истиқлолият, замоне ки андешаи миллӣ шакл мегирифт, космополитизми наҳзатӣ бо ҳимояти манфиатҳои бегонагон онро аз реша осебпазир намуд.
ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллату халқ кӯшиш накард ва намекунад. Дар маҷмӯъ, ягон созмони динӣ ва мазҳабӣ, ки даъвии сиёсӣ менамояд, ба халқ ва мардум вафодор нест. Баръакс, созмонҳои динӣ ба хотири манфиатҳои сиёсию иҷтимоӣ халқ ва дини онро ҳамчун василаи расидан ба қудрат ҳамеша истифода кардаанд ва мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни характери муташаккилидошта, минҷумла, исломи сиёсӣ, ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, нозидани наҳзатиҳо аз як чунин созмони динӣ, ки ботинан бар мабнои қавонини шахшудаи исломӣ сохта шудааст, кори кӯдакона мебошад. Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадуми асри гузашта нақши ТТЭ ҲНИ ва саромадони он калидӣ аст. Маҳз он гурӯҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо суиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард. Бо мақсади «маорифпарварӣ» ва суиистифода аз зеҳниёти содаи ҷомеаи суннатӣ ходимони наҳзатӣ ба мардум таъсир расонда тавонистанд. Дар ибтидо «маорифпарварӣ»-и наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба вартаи даргирӣ тела дод ва боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардида, барои сад соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд. Мутаассифона, имрӯз низ иддае аз донишмандони дохилию хориҷии тоҷик огоҳу ноогоҳ аз сиёсатҳои ғаразноки наҳзатӣ пуштибонӣ мекунанд ва ҷомеаро ба инҳироф мебаранд.
ТТЭ ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафҳояш кӯшиш намудааст. Яке аз омилҳои асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар аз табааи кишвар гардид. Шӯрангезӣ ва ихтилофпардозии сарони ТТЭ ҲНИ дар оғози истиқлол муҷиби ба гурӯҳҳо тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан ба таҳқири омӯзгору аҳли илм пардохтани наҳзатиҳо мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил сабаб гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён оварданд.
Пас аз тасвиби Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷиноёти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми солҳои 1997-2015 18 сол, ки ин ҳизб дар дохили кишвар озодона фаъолият дошт, боз ҳам на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои палидонаи хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони беруни ВАО-и ба ном мустақили наҳзатимаоб таъсис ёфт, ки фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи ҳазорон нафарро масмум гардонид. Ҳизби мазкур тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро дар шакли пардапӯшонаи фалсафаи шаҳодат ва амсоли ин таблиғ менамуд. Бояд қайд кард, ки бошиддат мазҳабишавии ҷомеа ва гароиши мутааддиди ҷавонон ба созмонҳои террористӣ аз «баракати ҳамин мавъизаҳо дар ҷомаи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат»-и идеологҳои ТТЭ ҲНИ мебошад. Ҳамин гуна террори ақидатӣ сабаб гардид, ки ҳазорон нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд.
Аз тарафи дигар, ҳизби наҳзат тӯли ин солҳо барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ тавассути расонаҳо пахши усулу ақоид ва афкори тундгароёнаи мазҳабиро ба роҳ монда, сабаби ба шиддат косташавии зеҳнияти дунявии ҷомеа ва басуръат мазҳабишавии он шуд. Яъне, дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронида шуда буд. Нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва дунявӣ ва ба онҳо тарҷеҳ додани арзишҳои диниву мазҳабӣ сабаб гардид, ки нафарони ҳувиятбохта ба шакли қишри иҷтимоӣ дар ҷомеа ташаккул ёбанд. Агарчӣ муддати ин замон сарварону раҳбарони наҳзатӣ аслиҳаҳои хешро як сӯ гузошта, аз куштори ҷисмонии мухолифини хеш даст бардошта бошанд ҳам, онро дар шакли дигар — террори ақидатӣ идома доданд, ки зарари он ба миллат ва мардуми кишвар бамаротиб зиёд буд.
Дар мароҳили охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ моҳи сентябри ҳамон сол тавассути кудатои низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад. Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарастии молиявӣ ва сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик доданд. Ин кудатои нофарҷом боис гардид, ки фазои орому осоиштаи кишвар дубора халалдор шуда, даҳҳо нафар ҷони хешро аз даст диҳанд ва боз ашки модарони тоҷик бирезад
Хулоса, дар тамоми замони фаъолият ин ҳизб ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, вопасгароӣ, куштор, беҳувиятӣ, бадномӣ, сарафкандагӣ хубиеро барои ин миллат ба бор наовардааст. Ин ҳизб ҳамеша алайҳи андеша ва ормонҳои миллӣ амал намуда, бо идеологияи тафриқагарӣ афроди миллатро дар муқобили ҳам қарор додааст. Роҳбарияти ҳизб дар гӯиш худро фариштахӯ ва дифоъгари ормонҳои миллӣ ба намоиш мегузоранд, ки аз бозие беш нест. Барои наҳзатиҳо миллат, ормонҳои миллӣ ва андешаи миллӣ ҳеҷ арзишеву ҷойгоҳе надоранд.
Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгар