Имсол барои мардуми тоҷик ҳамчун соли рӯйдодҳои муҳим арзёбӣ мешавад. Ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз ҷумлаи онҳо мебошад, ба ҷашни муқаддас — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 амал мекунад.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, мебошад. Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол таҷлил мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне, 16 ноябри соли 1994, Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Худи ҳамон сол дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идораи давлатӣ дар Тоҷикистон ба президентӣ табдил дода шуд. Гузаштан ба низоми президентӣ, на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва ғайра гардид.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 64) «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Бинобар ин, бузургдошти «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии он баромад мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хеш тарзи идоракунии давлатиро такмил дод ва дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷикон ба вуҷуд омад, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои хоси худ эътирофи ҷомеаи байналмилалиро касб намудааст.
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро заҳматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлату миллат беандоза аст. Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардум қарор гирифтаанд.
Бояд зикр намуд, ки дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд, беқиёсанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон институти нави муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маҳсуб ёфта, ҳуҷҷати сиёсӣ — барномавиест, ки на танҳо ҳолати феълӣ, балки роҳҳо ва стратегияҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, аз ҷумла, ҳамкории байналмилалии мамлакатро аз нуқтаи назари Сарвари давлат муайян менамояд. Ҳадафҳое, ки аз Паём бармеоянд, тавассути таҳияву татбиқи чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷомаи амал мепӯшанд, ки дар онҳо масъулияти аввалро мақомоти давлатӣ — аз маҳал то марказ бар дӯш доранд. Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони Дастгоҳи он дар вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии кишвар, баробар бо тарғиби нуқтаҳои асосии Паём, мазмуну моҳият ва муҳтавои он, оид ба қонунҳои қабулшуда, зарурати қабули қонунҳои нав, гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ сухан ронда, тавассути баргузории саволу ҷавобҳо аз ҳолати риоя ва татбиқи якхелаи қонунҳо бохабар мешаванд ва тибқи хулосаҳои бадастомада барои такмили қонунгузории амалкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон қайд намуданд, ки «Қонун бояд дар навбати аввал, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд».
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2000 то инҷониб аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1723 қонун баррасӣ, 1699 қонун ҷонибдорӣ гардида, 24 қонун, бо дарназардошти як қатор камбудӣ баргардонида шудааст. Аз ин ҳисоб 176 қонун бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ асосан ба таъмини сулҳу осоиштагӣ, пешрафти шароити иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудааст. Дар ин замина, метавон баъзе қонунҳоеро, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ёдовар шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 қабул шудааст, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳангӣ ва миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ба қонуни мазкур то инҷониб чор маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки ҳадаф аз онҳо таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, мусоидат намудан ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад. Ғайр аз ин, қонун танзими анъана ва ҷашну маросимро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ дар бар мегирад ва амали он ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, дахл дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бошад, 25 июли соли 2005 таҳти №100 қабул гардидааст ва аз 5 боб ва 18 модда иборат аст. То ба имрӯз ба он панҷ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Тағйироти воридгардида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чӣ аз тарафи онҳо ва чӣ аз ҷониби ашхоси дигар, қабул шудааст. Вазифаҳои он аз танзими тартиб, шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ иборат мебошад.
Ба ҳамин монанд, ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Сарвари давлат тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Комёбиҳои халқу кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими қонунгузории кишвар, балки дар ҳама соҳаҳои ҷомеа зиёданд. Танҳо дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳала кофист донем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари арзандаи он чӣ роҳи бузургеро тай намуда, дастовардҳои азимеро ноил шудаанд, ки барои мардуми шарафманди Тоҷикистон таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошанд.
Шарифзода Шарифбек Мурод, корманди Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон