28 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентӣ тибқи даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Петр Рябухин ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия сафар менамояд.
Сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург то 1 декабри соли равон идома меёбад. Тибқи барнома, Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба «150-солагии Эъломияи Санкт — Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», инчунин, Конференсияи байналмилалии илмӣ — амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат меварзад.
Раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба «150 — солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» суханронӣ менамояд.
Дар ин конференсияи сатҳи баланд, ки дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин, олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма